https://sputnik.tj/20220802/amaliyot-nato-serbiston-sentyabr-mavquf-1050435092.html
Амалиёти махсуси НАТО дар Сербистон то сентябр мавқуф гузошта шуд
Амалиёти махсуси НАТО дар Сербистон то сентябр мавқуф гузошта шуд
Sputnik Тоҷикистон
Буҳрони сунъӣ дар Балкан танҳо барои амрикоиҳо фоидаовар аст, ки акнун онҳо бояд мақоми "гегемони ҷаҳон"-ро тасдиқ кунанд
2022-08-02T15:45+0500
2022-08-02T15:45+0500
2022-08-02T15:45+0500
аврупо
ғарб
сербистон
дар русия
амрико
низоъ
артиш
косово
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/04/1c/1048029748_0:160:3073:1888_1920x0_80_0_0_d52807b87f5ff9538036fb6cf03d6ce4.jpg
Пас аз як силсила нокомиҳои геополитикӣ дар Афғонистон, Украина ва ҷазираи Тайвани Чин Амрикоро лозим аст, ки мақоми худро ҳамчун “гегемони ҷаҳон” таъйид кунад, агар танҳо аз таҳқири Сербистон, ки атлантикҳо онро “аспи троянӣ”-и Русия дар Аврупо медонанд.Аммо муттаҳидони НАТО ба такрори бомбгузориҳои соли 1999 дар Белград омода нестанд, онҳо намехоҳанд барои “озодӣ ва истиқлол”-и Косовои эътирофнашуда дар зери ҳамлаҳои ҳавопаймоҳо ва тӯпхонаҳои Сербистон бимиранд.Сербистон ва ҷумҳурии эътирофнашудаи Косово шаби 31 июл ба 1 август дар остонаи даргирии мусаллаҳона бо ширкати нирӯҳои KFOR (миссияи байналмилалӣ таҳти сарпарастии НАТО) қарор гирифтанд.Мақомоти Приштина аз лағви аснод ва рақамҳои мошинҳои Сербистон аз 1 август дар минтақа хабар доданд. Пулиси албании Косово ду посгоҳро дар ҷоддаҳое, ки ба қисмати марказии Сербистон мебаранд, бастанд.Ин боиси хашму ғазаби сербҳои сокини шимоли Косово гардид, сохтмони мавонеъ худ аз худ оғоз ёфт. Приштина тақрибан 1000 нерӯи вижаи албаниро ба хатти маъмурӣ бо Сербистон дар Митровитса интиқол дод. Намояндагии НАТО (KFOR) омодагии худро барои дахолат ба низоъ эълом кард.Белград воҳидҳои артишро ба Косово нафиристод, аммо ҷангандаҳои “МиГ-29” ва чархболҳои “Ми-35”-и Сербистон чанд соат дар фазо, дар наздикии марзи маъмурии ин минтақа омодагӣ ба зарба задан медиданд.Ҳамкориҳои низомиву фаннӣ бо Русия ба Сербистон имкон дод, ки тайи солҳои ахир тавоноии дифоии худро ба таври қобили мулоҳиза тақвият бахшад.Белград аз Маскав шаш ҷангандаи “МиГ-29” ва даҳ зиреҳпӯши БРДМ-2МС гирифт, инчунин ҳафт чархболи “Ми-17” ва “Ми-35”, 30 танки муосири Т-72МС, 30 мошини зиреҳпӯши БРДМ-2, шаш маҷмуаи мушакии "Pantsir-S1" дарёфт кард.Тирамоҳи соли 2020 созишнома дар бораи ифтитоҳи намояндагии Вазорати дифои Русия дар Сербистон ба имзо расид, ки "ба хотири дастгирӣ ва ҳалли фаврии масъалаҳои кумаки низомӣ-техникӣ ва ҳамкориҳои низомӣ" гуфта мешавад. Русия робита ба масъалаи Косовои эътирофнашуда аз Сербистон пуштибонӣ мекунад. Маскав таъкид мекунад, ки талабҳои мақомоти минтақа аз сербҳои муқими он ҷо беасосанд.Он чизе, ки дар Косово рух медиҳад, ба поккории қавмӣ дар шакли "нарм" шабоҳат дорад, зеро кӯшиш мешавад, сербҳоро аз қаламрави минтақа, ки онро дили кишвари худ медонанд, берун кунанд.Нақши харобиовари KFORНерӯҳои мусаллаҳи Сербистон дар Балкан як "чормағзи сахт" маҳсуб мешаванд, ки дар радабандии ҷаҳонии қудрати низомии “Global Firepower”, таҳлилгарони ғарбӣ онро дар ҷои 61-ум гузоштаанд. Он чанд зина болотар аз қувваҳои мусаллаҳи Озарбойҷону Қазоқистон қарор гирифтааст.Ҳайати низомии артиши Сербистон беш аз 25 ҳазор низомӣ, 117 ҳавопаймо ва чархбол, 323 танк, 1133 мошини дигари зиреҳпӯш, 406 мушакандоз (MLRS), тақрибан 497 тӯпхонаро шомил мешавад.Сербия роҳи баромад ба баҳр надорад, аммо дар Дунай як флоти дарёӣ амал мекунад, ки аз шаш киштии посбонӣ, чаҳор киштии минагузор ва ду баталони шиновар иборат аст.Белград барои барқарор кардани тартибот дар саросари кишвар ва ба таври қобили мулоҳиза кам кардани шумораи ҷангҷӯёни Косово қудрати кофии низомӣ дорад. Аммо Ғарб дар паҳлуи Приштина қарор дорад.Миссияи байналмилалии KFOR таҳти роҳбарии НАТО (дар асоси қатъномаи 1244-и Шӯрои амнияти СММ аз 1999) чандон муваффақ набуд.KFOR-ро имрӯз 3775 нафар низомии 28 кишвари узви НАТО ва шарикони онҳо, аз ҷумла Арманистон ва Украина – 40 нафар, Молдова – 41, Руминия – 62, Латвия – 136, Лаҳистон – 247, Маҷористон – 469 нафар намояндагӣ мекунанд.Қувваҳо каманд, аммо қувваҳои сулҳпарвари НАТО дар таърих сарфи назар аз шумораи қӯшунҳо ягон миссияи осоиштаро ичро накардаанд.Муовини дабири кулли НАТО Мирча Ҷоана ва Шӯрои Атлантикаи Шимолӣ рӯзи 7 июл аз маъмурияти KFOR, Гурӯҳи машваратии НАТО ва Гурӯҳи робита дар Косово дидан кард, то ба сербҳо Консепсияи нави стратегии блоки ҳарбӣ ва аҳамияти стратегии минтақаи Балкани Ғарбиро хотиррасон кунанд.Фишори дастаҷамъии Ғарб ба Сербистон бо истифода аз иғвоҳои Косово як кӯшиши "қудрати нарм" аст, то Белградро маҷбур кунад, ки аз радди таҳримҳои Иттиҳодияи Аврупо алайҳи Русия даст кашад. Қаблан Олаф Шолс, садри аъзами Олмон дар ҷараёни сафараш ба Приштина аз Сербистон даъват кард, ки дар раванди ба расмият шинохти Косово амалгаро бошад, зеро бидуни ин кишвар наметавонад ба Иттиҳодияи Аврупо бипайвандад.Аз тарафи дигар таҳдидҳои хомушонаи НАТО ба Белград бо услуби солҳои 90-ум барои тамоми Аврупо, ки онро мураккабтарин проблемаҳои ҳарбию сиёсӣ, нооромиҳои "лоиҳаи Украина"-и ИМА фаро гирифтааст, ниҳоят хавфнок аст. Кишварҳои НАТО дар Аврупо ба амалиёти низомӣ дар Балкан омода нестанд.Маскав татбиқи "қоида"-ҳои табъизи беасос дар мавриди иҷборӣ иваз кардани асноди шахсӣ ва рақамҳои сабти номи сербҳои маҳаллиро кӯчонидани ниҳодҳои давлатӣ медонад, ки ҳифзи ҳуқуқи сокинони Сербистонро аз худсарии радикалҳо таъмин мекунанд.Дастгирии Русия ва як қатор кишварҳои дигар, ҳамчунин "вокуниши дуруст"-и Иттиҳодияи Аврупо имкон дод, ки буҳрони сунъии Косово барои муддате мавқуф гузошта шавад.Бо вуҷуди ин дорандагони ҳуҷҷатҳои сербӣ, ки дар ҷумҳурии эътирофнашудаи Косово зиндагӣ мекунанд, бояд аз 1 сентябр барои вуруд ва хуруҷ иҷозаи махсус гиранд.Ҳузури нирӯҳои НАТО (KFOR) дар қаламрави Косовои эътирофнашуда воқеан, “бозгашт”-и низои низомиро кафолат медиҳад.Ба канали коршиноси низомӣ Александр Хроленко дар "Telegram" пайвандед.
https://sputnik.tj/20220728/avrupo-rusiya-supersiloh-dod-1050338310.html
https://sputnik.tj/20220714/adam-raqib-gharb-mushkil-putin-1049997606.html
https://sputnik.tj/20220726/gharb-jahon-gurusnagi-gandum-ukraina-1050286893.html
аврупо
сербистон
амрико
косово
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Александр Хроленко
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102355/97/1023559789_227:0:893:666_100x100_80_0_0_f7d72bc13e9e7ca3f77570f3a97739ff.jpg
Александр Хроленко
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102355/97/1023559789_227:0:893:666_100x100_80_0_0_f7d72bc13e9e7ca3f77570f3a97739ff.jpg
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/04/1c/1048029748_170:0:2901:2048_1920x0_80_0_0_d089f1bd3f1327706522e5e4c935d45d.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Александр Хроленко
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102355/97/1023559789_227:0:893:666_100x100_80_0_0_f7d72bc13e9e7ca3f77570f3a97739ff.jpg
русия, сербистон, амрико, нато, аврупо, ғарб, косово, низоъ, таҳрим
русия, сербистон, амрико, нато, аврупо, ғарб, косово, низоъ, таҳрим
Амалиёти махсуси НАТО дар Сербистон то сентябр мавқуф гузошта шуд
Александр Хроленко
шореҳи низомӣ
Буҳрони сунъӣ дар Балкан танҳо барои амрикоиҳо фоидаовар аст, ки акнун онҳо бояд мақоми "гегемони ҷаҳон"-ро тасдиқ кунанд
Пас аз як силсила нокомиҳои геополитикӣ дар Афғонистон, Украина ва ҷазираи Тайвани Чин Амрикоро лозим аст, ки мақоми худро ҳамчун “гегемони ҷаҳон” таъйид кунад, агар танҳо аз таҳқири Сербистон, ки атлантикҳо онро “аспи троянӣ”-и Русия дар Аврупо медонанд.
Аммо муттаҳидони НАТО ба такрори бомбгузориҳои соли 1999 дар Белград омода нестанд, онҳо намехоҳанд барои “озодӣ ва истиқлол”-и Косовои эътирофнашуда дар зери ҳамлаҳои ҳавопаймоҳо ва тӯпхонаҳои Сербистон бимиранд.
Сербистон ва ҷумҳурии эътирофнашудаи Косово шаби 31 июл ба 1 август дар остонаи даргирии мусаллаҳона бо ширкати нирӯҳои KFOR (миссияи байналмилалӣ таҳти сарпарастии НАТО) қарор гирифтанд.
Мақомоти Приштина аз лағви аснод ва рақамҳои мошинҳои Сербистон аз 1 август дар минтақа хабар доданд. Пулиси албании Косово ду посгоҳро дар ҷоддаҳое, ки ба қисмати марказии Сербистон мебаранд, бастанд.
Ин боиси хашму ғазаби сербҳои сокини шимоли Косово гардид, сохтмони мавонеъ худ аз худ оғоз ёфт. Приштина тақрибан 1000 нерӯи вижаи албаниро ба хатти маъмурӣ бо Сербистон дар Митровитса интиқол дод. Намояндагии НАТО (KFOR) омодагии худро барои дахолат ба низоъ эълом кард.
Белград воҳидҳои артишро ба Косово нафиристод, аммо ҷангандаҳои “МиГ-29” ва чархболҳои “Ми-35”-и Сербистон чанд соат дар фазо, дар наздикии марзи маъмурии ин минтақа омодагӣ ба зарба задан медиданд.
Ҳамкориҳои низомиву фаннӣ бо Русия ба Сербистон имкон дод, ки тайи солҳои ахир тавоноии дифоии худро ба таври қобили мулоҳиза тақвият бахшад.
Белград аз Маскав шаш ҷангандаи “МиГ-29” ва даҳ зиреҳпӯши БРДМ-2МС гирифт, инчунин ҳафт чархболи “Ми-17” ва “Ми-35”, 30 танки муосири Т-72МС, 30 мошини зиреҳпӯши БРДМ-2, шаш маҷмуаи мушакии "Pantsir-S1" дарёфт кард.
Тирамоҳи соли 2020 созишнома дар бораи ифтитоҳи намояндагии Вазорати дифои Русия дар Сербистон ба имзо расид, ки "ба хотири дастгирӣ ва ҳалли фаврии масъалаҳои кумаки низомӣ-техникӣ ва ҳамкориҳои низомӣ" гуфта мешавад. Русия робита ба масъалаи Косовои эътирофнашуда аз Сербистон пуштибонӣ мекунад. Маскав таъкид мекунад, ки талабҳои мақомоти минтақа аз сербҳои муқими он ҷо беасосанд.
Он чизе, ки дар Косово рух медиҳад, ба поккории қавмӣ дар шакли "нарм" шабоҳат дорад, зеро кӯшиш мешавад, сербҳоро аз қаламрави минтақа, ки онро дили кишвари худ медонанд, берун кунанд.
Нерӯҳои мусаллаҳи Сербистон дар Балкан як "чормағзи сахт" маҳсуб мешаванд, ки дар радабандии ҷаҳонии қудрати низомии “Global Firepower”, таҳлилгарони ғарбӣ онро дар ҷои 61-ум гузоштаанд. Он чанд зина болотар аз қувваҳои мусаллаҳи Озарбойҷону Қазоқистон қарор гирифтааст.
Ҳайати низомии артиши Сербистон беш аз 25 ҳазор низомӣ, 117 ҳавопаймо ва чархбол, 323 танк, 1133 мошини дигари зиреҳпӯш, 406 мушакандоз (MLRS), тақрибан 497 тӯпхонаро шомил мешавад.
Сербия роҳи баромад ба баҳр надорад, аммо дар Дунай як флоти дарёӣ амал мекунад, ки аз шаш киштии посбонӣ, чаҳор киштии минагузор ва ду баталони шиновар иборат аст.
Белград барои барқарор кардани тартибот дар саросари кишвар ва ба таври қобили мулоҳиза кам кардани шумораи ҷангҷӯёни Косово қудрати кофии низомӣ дорад. Аммо Ғарб дар паҳлуи Приштина қарор дорад.
Миссияи байналмилалии KFOR таҳти роҳбарии НАТО (дар асоси қатъномаи 1244-и Шӯрои амнияти СММ аз 1999) чандон муваффақ набуд.
KFOR-ро имрӯз 3775 нафар низомии 28 кишвари узви НАТО ва шарикони онҳо, аз ҷумла Арманистон ва Украина – 40 нафар, Молдова – 41, Руминия – 62, Латвия – 136, Лаҳистон – 247, Маҷористон – 469 нафар намояндагӣ мекунанд.
Қувваҳо каманд, аммо қувваҳои сулҳпарвари НАТО дар таърих сарфи назар аз шумораи қӯшунҳо ягон миссияи осоиштаро ичро накардаанд.
Муовини дабири кулли НАТО Мирча Ҷоана ва Шӯрои Атлантикаи Шимолӣ рӯзи 7 июл аз маъмурияти KFOR, Гурӯҳи машваратии НАТО ва Гурӯҳи робита дар Косово дидан кард, то ба сербҳо Консепсияи нави стратегии блоки ҳарбӣ ва аҳамияти стратегии минтақаи Балкани Ғарбиро хотиррасон кунанд.
Фишори дастаҷамъии Ғарб ба Сербистон бо истифода аз иғвоҳои Косово як кӯшиши "қудрати нарм" аст, то Белградро маҷбур кунад, ки аз радди таҳримҳои Иттиҳодияи Аврупо алайҳи Русия даст кашад. Қаблан Олаф Шолс, садри аъзами Олмон дар ҷараёни сафараш ба Приштина аз Сербистон даъват кард, ки дар раванди ба расмият шинохти Косово амалгаро бошад, зеро бидуни ин кишвар наметавонад ба Иттиҳодияи Аврупо бипайвандад.
Аз тарафи дигар таҳдидҳои хомушонаи НАТО ба Белград бо услуби солҳои 90-ум барои тамоми Аврупо, ки онро мураккабтарин проблемаҳои ҳарбию сиёсӣ, нооромиҳои "лоиҳаи Украина"-и ИМА фаро гирифтааст, ниҳоят хавфнок аст. Кишварҳои НАТО дар Аврупо ба амалиёти низомӣ дар Балкан омода нестанд.
Маскав татбиқи "қоида"-ҳои табъизи беасос дар мавриди иҷборӣ иваз кардани асноди шахсӣ ва рақамҳои сабти номи сербҳои маҳаллиро кӯчонидани ниҳодҳои давлатӣ медонад, ки ҳифзи ҳуқуқи сокинони Сербистонро аз худсарии радикалҳо таъмин мекунанд.
Дастгирии Русия ва як қатор кишварҳои дигар, ҳамчунин "вокуниши дуруст"-и Иттиҳодияи Аврупо имкон дод, ки буҳрони сунъии Косово барои муддате мавқуф гузошта шавад.
Бо вуҷуди ин дорандагони ҳуҷҷатҳои сербӣ, ки дар ҷумҳурии эътирофнашудаи Косово зиндагӣ мекунанд, бояд аз 1 сентябр барои вуруд ва хуруҷ иҷозаи махсус гиранд.
Ҳузури нирӯҳои НАТО (KFOR) дар қаламрави Косовои эътирофнашуда воқеан, “бозгашт”-и низои низомиро кафолат медиҳад.
Ба канали коршиноси низомӣ Александр Хроленко дар "Telegram" пайвандед.