Ғарб ҷаҳонро ба гуруснагии бидуни гандуми Украина омода мекунад

© Sputnik / Виталий Тимкив / Гузариш ба медиабонкПшеница, собранная на полях, архивное фото
Пшеница, собранная на полях, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.07.2022
Обуна шудан
Яке аз мавзуъҳои муҳими расонаҳои ҷаҳонӣ буҳрони ғизоист, ки гӯё Русия бо амалҳояш дар Украина онро “доман зада”, як бахши ҷаҳонро ба гуруснагӣ тела медиҳад
ДУШАНБЕ, 26 июл — Sputnik, Вадим Павлов. Ҳеҷ кас дар зимни изҳори ин нукта хиҷолат намекашад: на дипломатҳои ғарбӣ ва на расонаҳои ғарбгаро. "Русия ғизоро ба аслиҳа табдил медиҳад ва ҷаҳонро бо гуруснагӣ таҳдид мекунад, то ба лағви таҳримҳо ноил шавад", - чунин тезисҳо дар ду моҳи охир аз ҳар як расона шунида мешавад.
Ғарб чӣ гуна фикр мекунад, ки Русия ин корро мекунад? Он содироти ғаллаи Украинаро бозмедорад, монеи хуруҷи киштиҳо аз бандарҳои баҳри Сиёҳ мешавад ва инчунин онро медуздад (барои фурӯши минбаъда), месӯзонад (шояд “барои он ки душман онро нагирад”), элеваторҳоро тарконд, захираҳоро нобуд месозад ва сохтори ҳамлу нақлро вайрон мекунад.
Пачки с банкнотами номиналом одна тысяча рублей - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.07.2022
Русия ғалла, хӯроки чорво ва рӯғани офтобпарастро бо рубл мефурӯшад
Ҳамаи ин, чунон ки матбуот ва сиёсатмадорони Ғарб такрор мекунанд, оқибатҳои фалокатовар барои аҳолии кӯраи Замин дошта, амнияти озуқавории ҷаҳонро дар хатар мегузорад.
Дар назари аввал ин мантиқӣ ба назар мерасад, аммо Украина танҳо яке аз бузургтарин таъминкунандагони ғалла дар ҷаҳон аст. Қариб дар ҳар як мақолае, ки дар расонаҳои ғарбӣ воҳимаро мекунанд, метавон чунин ибораҳоро мушоҳида кард: "Русия ва Украина муштаракан тақрибан 30 дарсади гандуми бозори ҷаҳониро таъмин мекунанд."
Албатта ин дуруст аст. Аммо Русияро аз ин ҷумла бардоред ва маълум мешавад, ки таъминоти Украина ҳарчанд дар миқёси ҷаҳонӣ муҳим боқӣ монад ҳам, аммо ҳаётӣ нест.
Русия бузургтарин содиркунандаи ин маҳсулот аст, албатта, бидуни он ки дар баробари Украина аз он ном бурда шавад. Шумо метавонед бо дидани иттилооти Созмони ғизо ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (ФАО) итминон пайдо кунед.
Зироатҳои ғалладона хеле зиёданд, аммо азбаски аксарияти Ғарб ҳамроҳ бо Украина дар бораи гандум бо таассуф дод мезананд, пас, биёед, онро ба унвони мисол интихоб намоем.
Русия дар ҷаҳон сеюмин кишвари истеҳсолкунанда ва бузургтарин содиркунанда мебошад (зеро Чин ва Ҳиндустон, ки аз рӯи истеҳсолот пешсафанд, тамоми гандуми худро ба бозори дохилӣ мефиристанд).
Скачко: Зеленский оплачивает западное оружие зерном, обрекая украинцев на голод 
 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.05.2022
Скачко: Зеленский силоҳи Ғарбро бо ғалла пардохт кардаву Украинаро ба гуруснагӣ мекашад
Тибқи маълумоти СҒК-и СММ, дар соли 2020 Федератсияи Русия 37,3 миллион тонна гандум содир кардааст ва саҳми Русия дар ҷаҳон 20,4 фоизро ташкил медиҳад. Ҳиссаи Украина дар айни замон камтар аз даҳ фоиз (18 миллион тонна) аст.
Аз ин рӯ дар якҷоягӣ бо Русия саҳми Украина воқеан, назаррас аст (то 30 фоизи таъминоти ҷаҳонӣ), аммо бидуни ин пайванд саҳми Украина таъсирбахш нест.
Президенти Ассотсиатсияи ғаллаи Украина (УГА) Николай Горбачёв дар конфронси моҳи июни Шӯрои Байналмилалии Ғалла гуфта буд, ки тақрибан 30 миллион тонна дар қаламравҳои таҳти назорати Украина ҷойгир аст.
Оё чунин аст? Биёед, инро фаҳмем.
Тибқи маълумоти агентии бонуфузи иттилоотӣ ва таҳлилии Украина “APK-Информ”, Украина дар соли 2021 83,7 миллион тонна ғалла ҷамъоварӣ кардааст.
Дар нимсолаи аввали соли кишоварзии гузашта (07.01.2021 то 31.12.2021) Украина 32,2 миллион тонна содир кардааст. То оғози амалиёти махсус - аз 01/01/2022 то 24/02/2022 11,1 миллион тоннаи дигар ба хориҷа фурӯхта шуд.
Дар маҷмуъ, ба истиснои ғаллаи содиротӣ ба Украина дар замони оғози амалиёти вижаи низомӣ бояд 40,4 миллион тонна боқӣ мемонд.
Ғайр аз ин мо аз ин ҳаҷми масрафи дохилӣ - он чизеро, ки Украина худаш "мехӯрад", хориҷ мекунем.
Шӯрои Байналмилалии Ғалла дар мавсими гузашта ҳосили ғаллаи Украинаро 27,8 миллион тонна, ва USDA (Департаменти кишоварзии ИМА) онро 28,5 миллион тонна гуфта буд. Агар дар як сол то 28 миллион тонна истеъмоли дохилиро ба назар гирем ва сарф дар як моҳро тақрибӣ ҳисоб кунем, маълум мешавад, ки Украина ҳар моҳ қариб 2,3 миллион тонна ғалларо "мехӯрад". Дар маҷмуъ аз аввали моҳи июли соли гузашта то охири моҳи феврали соли ҷорӣ 18,7 миллион тонна сарф шудааст.
Пшеница, собранная на полях, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.06.2022
Путин тасдиқ кард: Русия дар сурати зарурат ба Афғонистон ғалла мефиристад
Мо тарҳ мекунем ва мефаҳмем, ки то оғози амалиёти махсус бояд дар Украина 21,7 миллион тонна ғалла мемонд.
Такрор мекунем, дар моҳи июни соли ҷорӣ ҷаноби Зеленский ҳаҷми ғаллаи содироти “қуфлшуда”-и Украинаро дар ҳаҷми 25 миллион тонна ва раиси АҒУ ҳаҷми ғалларо тақрибан 30 миллион тонна гуфта буд.
Аз оғози амалиёти махсус то ба охир расидани соли кишоварзӣ чор моҳ гузашт. Ҳатто агар фарз кунем, ки дар пасманзари амалиёти ҷангӣ истеъмол (аз ҳисоби хориҷ шудани аҳолӣ, кам шудани саршумори чорво ва ғайра) ду баробар кам шудааст, пас дар моҳҳои март-июн Украина камаш 4,6 млн тонна масраф доштааст.
Илова бар ин, гарчанде содирот дар моҳҳои март-июн кам шуда бошад ҳам, он то ҳол қатъ нашудааст. Дар ин давра, мувофиқи маълумоти бози идораҳои дахлдори Украина, аз ин мамлакат 3,05 миллион тонна ғалла бароварда шудааст.
Мо боз кам мекунем — дар охири соли хоҷагии қишлоқ дар Украина қариб 14 миллион тонна ғалла боқӣ монд.
Аз ин ҳисоби сода ба хулосае расидан мумкин аст, ки ин рақам тақрибан ба маълумоти додаи USDA мувофиқат мекунад. Мувофиқи он, Украина соли кишоварзиро бо 13,4 миллион тонна ғалла ҷамъбаст кард.
Ман ҳайронам, ки президенти ИМА Ҷо Байден дар моҳи июни соли ҷорӣ дар бораи зарурати содироти тақрибан 20 миллион тонна ғаллаи дар Украина бандшуда ба кадом маълумот такя кард?
Зимнан як саволи ҷолиби дигар: чаро Вазорати кишоварзии ИМА, ки ин гуна маълумотро ҷамъоварӣ мекунад ва дар ихтиёри ҷомеа мегузорад, то ҳол хомӯш аст? Онхо ҳақиқатро медонанд: худи онҳо ҳисоб карда баромадаанд.
Бо вуҷуди ин ба таври шартӣ метавон гуфт, 13-14 миллион тонна ғалла дар Украина боқӣ монда. Ба онҳо бовар кардан мумкин буд, ки агар Украина кишваре аз фасод комилан озод мебуд.
Мутаассифона, ин тавр нест ва хабарҳои ҷолибе дар бораи анборҳои Украина мунтазам шунида мешуданд.
Масалан, дар моҳи июни соли 2020 аудити захираи давлатӣ дар Украина гузаронида шуд. Аз рӯи натиҷаҳои он маълум гардид, ки 97 фоизи захира тамом шудааст. Маълум шуд, ки мушҳо захираи стратегӣ — қариб 2,7 ҳазор вагон ғалларо хӯрдаанд.
Се фоизи боқимондаи ғалла дар захираи давлатӣ пӯсида, барои истеъмол номувофиқ баромад.
Встреча президента России Владимира Путина с великим аятоллой Али Хаменеи и с президентом Ирана Эбрахимом Раиси в Тегеране  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.07.2022
Тавсифи Теҳрон аз сиёсати Путин: Хирадмандтар аз Ғарб аст
Бинобар ин бовар кардан душвор аст, ки дар моҳҳои ахир дар Украина ягон грамм ғалла дуздида нашудааст ва то охири соли кишоварзӣ, дар ҳақиқат, 13-14 миллион тонна ғалла боқӣ мондааст.
Мехостам боз як суоли риторикӣ бидиҳам: 25-30 миллион тоннаеро, ки мақомоти Украина, кишварҳои ғарбӣ ва расонаҳои ғарбгаро эълон кардаанд, дар куҷо ҳисоб кардаанд?
Дар худи ҳамин сол, тибқи пешгӯии муовини аввали вазири сиёсати аграрӣ ва озуқавории Украина Тарас Висотский, ҳосил тақрибан 50 миллион тоннаро ташкил медиҳад.
Дар Русия, дар омади гап, дар мавсими имсола ҳосили фаровон дар назар аст - тақрибан 130 миллион тонна (рекорд дар соли 2017 сабт шуда буд - 135,5 миллион тонна). Барои гандум ҳанӯз имсол рекорд пешбинӣ шудааст - 87 миллион тонна ва бештар аз он.
Раисҷумҳури Русия Владимир Путин гуфт, ин кишвар омодааст, ба бозорҳои ҷаҳонӣ беш аз 50 миллион тонна ғалла (ҳудуди 37 миллион тонна аз ҳосили мавсими гузашта ба хориҷа содир карда шуд) содир кунад.
Ҳамин тариқ, аз ҷиҳати назариявӣ, Федератсияи Русия метавонад ҳаҷми зиёди ғаллаи Украинаро, ки дар бозори ҷаҳонӣ афтода буд, иваз кунад, яъне мо метавонем ба масъалаи аҳамияти содироти маҳсулоти Украина хотима гузорем.
Вақти он расидааст, Ғарб дар бораи он фикр кунад, ки ба инкишофи кризиси озуқа, дар ҳақиқат, чӣ таъсир мерасонад.
Лентаи хабарҳо
0