Рубл дар Тоҷикистон коҳиш ёфт: қурби асъор

© ShutterstockДеньги в руках
Деньги в руках - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.07.2022
Обуна шудан
Қурби рубл коҳишёбиро аз поёни ҳафтаи қаблӣ оғоз карда, онро идома медиҳад. Ин асъор тайи рӯзҳои истироҳатӣ беш аз ду сомонӣ коҳиш ёфтааст
ДУШАНБЕ, 22 июн — Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъор эълон кард.
Тибқи нишондоди Бонки миллии Тоҷикистон, арзиши пули русӣ дар бозори арзи кишвар каме коҳиш ёфта, ҳоло 1000 рубл 170,5 сомонӣ арзиш дорад.
Ин дар ҳолест, ки қабл аз рӯзҳои истироҳатӣ дар кишвар 1000 рубл 172,8 сомонӣ арзиш дошт.
Дар ҳамин ҳол вазъи пули амрикоӣ боз ҳам харобтар шудавубоз коҳиш ёфтааст. Агар ду рӯз қабл як доллар дар сатҳи 10.2710 сомонӣ муаян шуда буд, ҳоло бошад дар сатҳи 10.2690 муқаррар шудааст.
Аммо асъори аврупоӣ ҳафтаро бо каме болоравӣ оғоз кард. Тибқи иттилои Бонки миллӣ дар бозори арз барои як евро 10.4631 сомонӣ медиҳанд. Ин дар ҳолест, ки ҳанӯз як рӯз пеш қурби евро 10.4528 сомонӣ муқаррар шуда буд.
 Сироджиддин Икроми глава Аманатбонка Таджикистана  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.07.2022
Шарҳи бонкдор дар бораи сарусадоҳо атрофи доллар ва тавсия ба сокинон
Бонкҳои тиҷории кишвар бошанд, арзиши рублро дар баробари БМТ каме поинтар нигоҳ доштаанд. Аз ҷумла дар "Ориёнбонк" барои ҳазор рубл зимни харид 165 сомонӣ ва зимни фурӯш 175 сомонӣ нарх муқаррар шудааст.
Бонки "Эсхата" қурби ҳазор рублро зимни харид 170,5 ва дар фурӯш 173 сомонӣ муайян намудааст. "Алифбонк" ҳазор рублро феълан бо нархи 170,5 сомонӣ мехараду ба ивази 174,5 сомонӣ мефурӯшад.
Дар "Спитаменбонк" бошад, 1000 рубл зимни харид 170,5 ва ҳангоми фурӯш 173 сомонӣ қимат дорад.
Дар ҳамин ҳол, Бонки миллӣ ҳушдор медиҳад, ки муомилоти асъории берун аз филиалҳо, марказҳои хидматрасонии бонкӣ, инчунин банкоматҳо ва терминалҳо мамнуъ мебошад.
Риоя накардани ин талабот дар Тоҷикистон ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.
Лентаи хабарҳо
0