Кашфу мусодираи беш аз 600 ҳазор кило маҳсулоти пастсифат дар Тоҷикистон

© Sputnik / Максим Богодвид / Гузариш ба медиабонкТележка с продуктами в магазине
Тележка с продуктами в магазине - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.07.2022
Обуна шудан
“Тоҷикстандарт” дар соли гузашта беш аз 619 ҳазор кило маҳсулоти пастсифат ва муҳлати истифодаашон гузаштаро кашфу мусодира кардааст
ДУШАНБЕ, 21 июл — Sputnik. Темурҷон Абдулвоҳидзода, раиси оҷонсии “Тоҷикстандарт” дар нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон гуфт, дар шаш моҳи соли равон агентӣ 619 ҳазору 385 кило маводи ғизоии ғайристандартӣ дарёфт намудааст.
“590 ҳазору 973 кило маҳсулоти мазкур ба қоидаҳои бехатарӣ мувофиқ набуда, 28 ҳазору 413 кг тамғагузорӣ карда нашудаанд”, - зикр кард Темурҷон Абдуллозода.
Ба гуфтаи вай, беш аз 4,6 ҳазор кило маҳсулоти гӯштии пастсифат, 5,6 ҳазор кг равғани растанӣ, беш аз 3 ҳазор литр нӯшокиҳои спиртӣ ва 793 литр маҳсулоти ғайриспиртӣ.
Покупатели на рынке Мехргон в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.06.2022
Ҳушдори мақомоти Хуҷанд: Аз истеъмоли маҳсулоти пастсифат худдорӣ намоед
Ҳамчунин беш аз 1,3 ҳазор кило маҳсулоти қаннодӣ, 303 кило маҳсулоти ширӣ, наздик ба 701 ҳазор қанду асал, наздик ба 12 ҳазор кило намак, 500,8 ҳазор кило ғаладонагӣ ва 14,3 ҳазор дона тухм ва дигар маҳсулоти ғизоӣ аз санҷиши озмоишгоҳи “Тоҷикстандарт” пастсифат нагузашт.
“Тибқи тартиби мавҷуда, як қисми ин маҳсулот барои коркард фиристода шуда, як қисми он нобуд карда шуд. Нафароне, ки қавонинро нақз карданд, ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуданд”, - гуфт сардори агентии “Тоҷикстандарт”.
Лентаи хабарҳо
0