https://sputnik.tj/20220620/hushdori-maqomot-khujand-istemol-mahsuloti-pastsifat-1049363696.html
Ҳушдори мақомоти Хуҷанд: Аз истеъмоли маҳсулоти пастсифат худдорӣ намоед
Ҳушдори мақомоти Хуҷанд: Аз истеъмоли маҳсулоти пастсифат худдорӣ намоед
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти Хуҷанд барои пешгирӣ намудани сироятёбӣ аз бемориҳои мавсимӣ аз сокинону меҳмонон хоҳиш кардааст, аз истеъмоли маҳсулоти пастсифат худдорӣ намоянд
2022-06-20T20:20+0500
2022-06-20T20:20+0500
2022-06-20T20:36+0500
дар тоҷикистон
хуҷанд
мақомот
бемор
маҳсулот
маҳсулоти пастсифат
пастсифат
тандурустӣ
иҷтимоъ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/1d/1039139189_0:156:3000:1844_1920x0_80_0_0_b27ab83171fea626d5a5a79ca71e46fc.jpg
ДУШАНБЕ, 20 июн — Sputnik. Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд ҳушдор додааст, ки гармшавии ҳаво ва зери офтобу ҷойҳои номувофиқ гузоштани маҳсулот ба вайроншавии онҳо оварда мерасонад ва ба саломатии инсон хатар дорад.“Табибон зиёд шудани бемории дарунравиро пеш аз ҳама ба риоя нагардидани қоидаҳои беҳдоштӣ ва истеъмоли маҳсулоти кишоварзии вайроншуда рабт медиҳанд. Беморхонаи сироятии шаҳри Хуҷанд бо реҷаи муқаррарӣ фаъолият дошта, ҳамасола дар фасли гармо муроҷиати сокинон роҷеъ ба сироятёбии мавсимӣ бештар мегардад”, - таъкид доштааст манбаъ.Мақомоти Хуҷанд зикр намудааст, ки ҳамарӯза дар бозору марказҳои савдои шаҳр даҳҳо тонна маҳсулоти ширию гӯштӣ ва меваю сабзавот ба фурӯш бароварда мешавад.Дар ҳамин ҳол, мақомот мегӯяд бархе аз соҳибкорон бо истифода аз имконот ва имтиёзот истифода намуда, молҳои пастсифатро ба фурӯш мегузоранд, ки боиси нигаронии мақомот шудааст.Ҳамзамон ин ниҳоди давлатӣ аз сокинон ва меҳмонони шаҳри Хуҷанд хоҳиш ва даъват кардааст, ки дар сурати ба чашм расидани маҳсулоти пастсифат ва баъди истеъмоли он гирифтор шудан ба бемориҳои гуногуни сироятӣ ба телефони боварӣ муроҷиат намоянд.Ин манбаъ ҳамчунин ёдрас шудааст, ки бо фарорасии фасли тобистон авҷи бемориҳои сироятӣ ба мисли бемориҳои домана, исҳоли хунин, вағайраҳо низ ба чашм мерасад. Ба гуфтаи ҳамин манбаъ, сабаби хуруҷи бемориҳои дарунравӣ он аст, ки бактерияҳои чӯбчамикробҳои зараровар, стафилакокҳо, стрептококҳо, диплакокҳои дар гирду атроф буда, ба организми одамон ворид шуда, зарари худро мерасонанд ва ба бемориҳои шадиди меъдаю рӯда шахсро мубтало мекунанд.
https://sputnik.tj/20220618/sughd-2022-khujand-namoish-1049321479.html
хуҷанд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/1d/1039139189_167:0:2834:2000_1920x0_80_0_0_0c5e082b2f17ce7a8f58c5f6017c5a36.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, хуҷанд, истеъмол, маҳсулот, пастсифат, худдорӣ, пешгирӣ, бемориҳо
тоҷикистон, хуҷанд, истеъмол, маҳсулот, пастсифат, худдорӣ, пешгирӣ, бемориҳо
Ҳушдори мақомоти Хуҷанд: Аз истеъмоли маҳсулоти пастсифат худдорӣ намоед
20:20 20.06.2022 (Навсозишуда: 20:36 20.06.2022) Мақомоти Хуҷанд барои пешгирӣ намудани сироят ба бемориҳои мавсимӣ аз сокинону меҳмонон хоҳиш кардаанд, аз истеъмоли маҳсулоти пастсифат худдорӣ намоянд
ДУШАНБЕ, 20 июн — Sputnik. Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд ҳушдор додааст, ки гармшавии ҳаво ва зери офтобу ҷойҳои номувофиқ гузоштани маҳсулот ба вайроншавии онҳо оварда мерасонад ва ба саломатии инсон хатар дорад.
“Табибон зиёд шудани бемории дарунравиро пеш аз ҳама ба риоя нагардидани қоидаҳои беҳдоштӣ ва истеъмоли маҳсулоти кишоварзии вайроншуда рабт медиҳанд. Беморхонаи сироятии шаҳри Хуҷанд бо реҷаи муқаррарӣ фаъолият дошта, ҳамасола дар фасли гармо муроҷиати сокинон роҷеъ ба сироятёбии мавсимӣ бештар мегардад”, - таъкид доштааст манбаъ.
Мақомоти Хуҷанд зикр намудааст, ки ҳамарӯза дар бозору марказҳои савдои шаҳр даҳҳо тонна маҳсулоти ширию гӯштӣ ва меваю сабзавот ба фурӯш бароварда мешавад.
Дар ҳамин ҳол, мақомот мегӯяд бархе аз соҳибкорон бо истифода аз имконот ва имтиёзот истифода намуда, молҳои пастсифатро ба фурӯш мегузоранд, ки боиси нигаронии мақомот шудааст.
“Масъулин бояд ҳамарӯза дар бозору марказҳои савдо бо баргузор намудани чорабиниҳои назоратӣ ба сифати маҳсулоти маводи хӯрока эътибори ҷиддӣ диҳанд”, - таъкид Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд.
Ҳамзамон ин ниҳоди давлатӣ аз сокинон ва меҳмонони шаҳри Хуҷанд хоҳиш ва даъват кардааст, ки дар сурати ба чашм расидани маҳсулоти пастсифат ва баъди истеъмоли он гирифтор шудан ба бемориҳои гуногуни сироятӣ ба телефони боварӣ муроҷиат намоянд.
Ин манбаъ ҳамчунин ёдрас шудааст, ки бо фарорасии фасли тобистон авҷи бемориҳои сироятӣ ба мисли бемориҳои домана, исҳоли хунин, вағайраҳо низ ба чашм мерасад. Ба гуфтаи ҳамин манбаъ, сабаби хуруҷи бемориҳои дарунравӣ он аст, ки бактерияҳои чӯбчамикробҳои зараровар, стафилакокҳо, стрептококҳо, диплакокҳои дар гирду атроф буда, ба организми одамон ворид шуда, зарари худро мерасонанд ва ба бемориҳои шадиди меъдаю рӯда шахсро мубтало мекунанд.