https://sputnik.tj/20220720/tasdiq-naqsha-maktabsozi-tojikiston-1050129723.html
Тасдиқи нақшаи мактабсозӣ дар шароити афзоиши аҳолии Тоҷикистон
Тасдиқи нақшаи мактабсозӣ дар шароити афзоиши аҳолии Тоҷикистон
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти Тоҷикистон азм доранд, бо пули давлат ва ҷалби сармояи бахши хусусию шарикони рушд давоми 4 соли оянда садҳо мактаб бунёд кунанд
2022-07-20T20:00+0500
2022-07-20T20:00+0500
2022-07-20T20:00+0500
дар тоҷикистон
маориф
таълим
мактаб
сохтмон
бунёд
муассиса
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102082/86/1020828650_0:160:3077:1890_1920x0_80_0_0_397d731f38b29e3dc0388e1a7559e528.jpg
ДУШАНБЕ, 20 июл — Sputnik. То соли 2026-ум дар Тоҷикистон бунёди 1 ҳазор муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ба истифода дода хоҳанд шуд, хабар дод Вазорати маорифи Тоҷикистон. Ба иттилои манбаъ, бунёди ин миқдор мактаб бахшида ба 35-умин солгарди Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар назар аст. "Соли 2022 дар кишвар 302 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ навсозӣ мешаванд. Дар 6 моҳи соли равон 30 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ба истифода дода шуданд", - овардааст "Ховар" аз қавли Вазорат.Дар шаҳри Душанбе то оғози соли нави таҳсил ифтитоҳи 11 муассисаи нав дар нақша аст.Ба иттилои расмӣ, феълан дар Тоҷикистон 3940 муассисаи таҳсилоти умумӣ фаъолият менамоянд, ки дар онҳо 128,8 ҳазор омӯзгор фаъолият доранд.Ин дар ҳолест, ки қаблан масъулини Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон яке аз мушкилотро дар ин соҳа норасоии ҷойи нишаст дар муассисаҳои таълимӣ дар пасманзари афзоиши аҳолӣ арзёбӣ кардаанд. Аз ҷумла далел оварда мешавад, ки агар дар як сол 100-120 ҳазор нафар муассисаҳои таълимиро хатм кунанд, пас то 250 ҳазор нафар ба муассисаҳои таълимӣ дохил мешаванд.Ҳамчунин масъулини бахши маорифи Тоҷикистон мегӯянд, муассисаҳои таълимие вуҷуд доранд, ки ҳанӯз солҳои 20-30-и асри гузашта сохта шуда, феълан дар ҳолати садамавиянд. Дар баробари ин дар ҷумҳурӣ маҳаллаҳои зиёди навбунёде ташкил шудаанд, ки ниёз ба сохтмони мактаб доранд.Дар ҳамин ҳол ҳукумати Тоҷикистон бо имконоти буҷа ва ҷалби шарикони рушду бахши хусусӣ талош дорад, макотибро бунёд кунад.
https://sputnik.tj/20220719/prezident-dars-sulh-imsol-kujo-1050096308.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102082/86/1020828650_172:0:2903:2048_1920x0_80_0_0_64003f04dc3a875abe4cca7de3cd74a4.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
азм, вусъат, мактабсозӣ, тоҷикистон
азм, вусъат, мактабсозӣ, тоҷикистон
Тасдиқи нақшаи мактабсозӣ дар шароити афзоиши аҳолии Тоҷикистон
Мақомоти Тоҷикистон азм доранд, бо пули давлат ва ҷалби сармояи бахши хусусию шарикони рушд давоми 4 соли оянда садҳо мактаб бунёд кунанд
ДУШАНБЕ, 20 июл — Sputnik. То соли 2026-ум дар Тоҷикистон бунёди 1 ҳазор муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ба истифода дода хоҳанд шуд, хабар дод Вазорати маорифи Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, бунёди ин миқдор мактаб бахшида ба 35-умин солгарди Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар назар аст.
"Соли 2022 дар кишвар 302 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ навсозӣ мешаванд. Дар 6 моҳи соли равон 30 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ба истифода дода шуданд", - овардааст "Ховар" аз қавли Вазорат.
Дар шаҳри Душанбе то оғози соли нави таҳсил ифтитоҳи 11 муассисаи нав дар нақша аст.
Ба иттилои расмӣ, феълан дар Тоҷикистон 3940 муассисаи таҳсилоти умумӣ фаъолият менамоянд, ки дар онҳо 128,8 ҳазор омӯзгор фаъолият доранд.
Ин дар ҳолест, ки қаблан масъулини Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон яке аз мушкилотро дар ин соҳа норасоии ҷойи нишаст дар муассисаҳои таълимӣ дар пасманзари афзоиши аҳолӣ арзёбӣ кардаанд.
Аз ҷумла далел оварда мешавад, ки агар дар як сол 100-120 ҳазор нафар муассисаҳои таълимиро хатм кунанд, пас то 250 ҳазор нафар ба муассисаҳои таълимӣ дохил мешаванд.
Ҳамчунин масъулини бахши маорифи Тоҷикистон мегӯянд, муассисаҳои таълимие вуҷуд доранд, ки ҳанӯз солҳои 20-30-и асри гузашта сохта шуда, феълан дар ҳолати садамавиянд. Дар баробари ин дар ҷумҳурӣ маҳаллаҳои зиёди навбунёде ташкил шудаанд, ки ниёз ба сохтмони мактаб доранд.
Дар ҳамин ҳол ҳукумати Тоҷикистон бо имконоти буҷа ва ҷалби шарикони рушду бахши хусусӣ талош дорад, макотибро бунёд кунад.