https://sputnik.tj/20220719/prezident-dars-sulh-imsol-kujo-1050096308.html
Президент дарси сулҳро имсол дар куҷо мегузаронад?
Президент дарси сулҳро имсол дар куҷо мегузаронад?
Sputnik Тоҷикистон
Дарси сулҳ, ки тибқи анъана аз ҷониби раисҷумҳури Тоҷикистон гузаронда мешавад, соли равон дар Донишгоҳи давлатии тиббӣ ба номи Абӯалӣ Сино дар назар аст
2022-07-19T13:30+0500
2022-07-19T13:30+0500
2022-07-19T13:30+0500
дар тоҷикистон
маориф
тандурустӣ
таълим
тарбия
эмомалӣ раҳмон
сентябр
рӯзи дониш
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102939/41/1029394173_0:0:2047:1151_1920x0_80_0_0_dd2cecedcd6859aaf35e6090d1b4a642.jpg
ДУШАНБЕ, 19 июл — Sputnik. Рӯзи дониш дар Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон бо ҳузури раисҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмон баргузор мешавад. Дар ин бора вазири маориф ва илми Тоҷикистон, Раҳим Саидзода зимни нишасти хабарӣ иттилоъ дод. Вай афзуд, ки интизор меравад, 1 сентябр Эмомалӣ Раҳмон бинои навбунёди Донишгоҳи тиббии Тоҷикистонро ифтитоҳ кунад ва дар он бо муҳассилину масъулин мулоқот баргузор намояд. Маврид ба зикр аст, ки маҳз 1 сентябри соли 1939 Донишкадаи давлатии тиббии Тоҷикистон, ки ҳоло Донишгоҳи давлатии тиббӣ ба номи Абӯалӣ ибни Сино мебошад, ифтитоҳ гардида буд. Мулоқот дар Донишгоҳи тиббӣ дар ҳоле дар назар аст, ки ахиран президент дар паёмаш ба парлумон аз сифати таълим ва сатҳи хизматрасонии тандурустӣ низ интиқод карда буд. Ӯ гуфт, ҳамагирии коронавирус нишон дод, ки доштани мутахассисони касбӣ то чӣ андоза муҳим аст. Президент таъкид кард, ки аксари мансабдорон ҳатто барои табобати дарди сару дандон ба кишварҳои хориҷ мераванд."Махсусан хизматчиёни давлатӣ ва аъзои ҳукумат, сараш дард кунад медавад хориҷа. Ҷаноби олӣ ҷавоб диҳед, ки хориҷа меравам", - гуфт Раҳмон ва афзуд, ки ба табибони худ эътиқод надорем.Президент таъкид кард, ки дар асри нав бояд ба тарбияи мухатассисони баландихтисос диққат дод. Ӯ гуфт, агар давлат олимони босавод, иқтисоддонони боқувват надошта бошад, танҳо ба фоидаи давлатҳои хориҷӣ кор мекунад.
https://sputnik.tj/20220719/maktab-tojikiston-rusiya-khonandagon-oghoz-1050095083.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102939/41/1029394173_163:0:1983:1365_1920x0_80_0_0_bb7433f5fb0ad0be840365bb0faff071.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
рӯзи дониш, президент, макон, донишгоҳи тиббӣ
рӯзи дониш, президент, макон, донишгоҳи тиббӣ
Президент дарси сулҳро имсол дар куҷо мегузаронад?
Дарси сулҳ, ки тибқи анъана аз ҷониби раисҷумҳури Тоҷикистон гузаронда мешавад, соли равон дар Донишгоҳи давлатии тиббӣ ба номи Абӯалӣ Сино дар назар аст
ДУШАНБЕ, 19 июл — Sputnik. Рӯзи дониш дар Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон бо ҳузури раисҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмон баргузор мешавад.
Дар ин бора вазири маориф ва илми Тоҷикистон, Раҳим Саидзода зимни нишасти хабарӣ иттилоъ дод.
Вай афзуд, ки интизор меравад, 1 сентябр Эмомалӣ Раҳмон бинои навбунёди Донишгоҳи тиббии Тоҷикистонро ифтитоҳ кунад ва дар он бо муҳассилину масъулин мулоқот баргузор намояд.
Маврид ба зикр аст, ки маҳз 1 сентябри соли 1939 Донишкадаи давлатии тиббии Тоҷикистон, ки ҳоло Донишгоҳи давлатии тиббӣ ба номи Абӯалӣ ибни Сино мебошад, ифтитоҳ гардида буд.
Мулоқот дар Донишгоҳи тиббӣ дар ҳоле дар назар аст, ки ахиран президент дар паёмаш ба парлумон аз сифати таълим ва сатҳи хизматрасонии тандурустӣ низ интиқод карда буд.
Ӯ гуфт, ҳамагирии коронавирус нишон дод, ки доштани мутахассисони касбӣ то чӣ андоза муҳим аст. Президент таъкид кард, ки аксари мансабдорон ҳатто барои табобати дарди сару дандон ба кишварҳои хориҷ мераванд.
"Махсусан хизматчиёни давлатӣ ва аъзои ҳукумат, сараш дард кунад медавад хориҷа. Ҷаноби олӣ ҷавоб диҳед, ки хориҷа меравам", - гуфт Раҳмон ва афзуд, ки ба табибони худ эътиқод надорем.
Президент таъкид кард, ки дар асри нав бояд ба тарбияи мухатассисони баландихтисос диққат дод. Ӯ гуфт, агар давлат олимони босавод, иқтисоддонони боқувват надошта бошад, танҳо ба фоидаи давлатҳои хориҷӣ кор мекунад.