https://sputnik.tj/20220720/bovari-bimai-hayot-shud-bmt-ba-tashkiloti-sughurtavi-to-soli-2025-ijozatnoma-dod---1050125795.html
“Боварӣ” “Бима ҳаёт” шуд: БМТ ба ташкилоти суғуртавӣ то соли 2025 иҷозатнома дод
“Боварӣ” “Бима ҳаёт” шуд: БМТ ба ташкилоти суғуртавӣ то соли 2025 иҷозатнома дод
Sputnik Тоҷикистон
Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон бинобар тағйир ёфтани номи ташкилоти суғуртавӣ аз “Боварӣ” ба “Бима Ҳаёт” ба ин ширкати бима иҷозатномаи нави фаъолият дод
2022-07-20T13:55+0500
2022-07-20T13:55+0500
2022-07-20T14:41+0500
дар тоҷикистон
бонки миллӣ
суғурта
ташкилот
иҷозатнома
раёсат
қарор
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/09/01/1031826263_0:156:3001:1844_1920x0_80_0_0_df2a1dae6fcfcf523709aafe73523c6a.jpg
ДУШАНБЕ, 20 июл — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуотии Бонки миллии Тоҷикистон, қарор дар бораи додани иҷозатнома ба ин ширкати суғуртавӣ санаи 15 июли соли равон аз сӯйи Раёсати Бонк ба имзо расидааст.“Ба ҶДММ “Ташкилоти суғуртавии Бима ҳаёт” барои амалӣ намудани фаъолияти суғуртавӣ аз рӯи намудҳои суғуртаи ихтиёрӣ, тавассути аз нав ба расмият даровардан ба муҳлати то 10 январи соли 2025 иҷозатнома дода шуд”, - таъкид кардааст манбаъ.Бонки миллӣ қайд кардааст, ки иҷозатномаи мазкур бинобар сабаби тағйир ёфтани номи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Ташкилоти суғуртавии Боварӣ” ба Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Ташкилоти суғуртавии Бима ҳаёт” ва маҳалли ҷойгиршавии он, мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият”ва Низомнома дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият дода шудаст.Ҳамзамон қайд карда шудааст, ки иҷозатномаи ҶДММ “Ташкилоти суғуртавии Боварӣ”, ки бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2020 барои амалисозии фаъолияти суғуртавӣ дода шуда буд, аз эътибор соқит дониста шуд.Раёсати Бонки миллӣ Идораи назорати суғуртавиро уҳдадор кардааст, ки дар Феҳристи ягонаи давлатии иштирокчиёни касбии бозори суғурта сабти дахлдорро ворид намояд.
https://sputnik.tj/20220306/unistrim-faoliyat-tojikiston-ijozatnoma-1046587363.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/09/01/1031826263_166:0:2833:2000_1920x0_80_0_0_1ca53e0c2ff464e6bde609375f319528.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, бмт, иҷозатнома, ташкилоти суғуртавӣ, бима, раёсат, қарор
тоҷикистон, бмт, иҷозатнома, ташкилоти суғуртавӣ, бима, раёсат, қарор
“Боварӣ” “Бима ҳаёт” шуд: БМТ ба ташкилоти суғуртавӣ то соли 2025 иҷозатнома дод
13:55 20.07.2022 (Навсозишуда: 14:41 20.07.2022) Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон бинобар тағйир ёфтани номи ташкилоти суғуртавӣ аз “Боварӣ” ба “Бима ҳаёт” ба ин ширкати бима иҷозатномаи нави фаъолият дод
ДУШАНБЕ, 20 июл — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуотии Бонки миллии Тоҷикистон, қарор дар бораи додани иҷозатнома ба ин ширкати суғуртавӣ санаи 15 июли соли равон аз сӯйи Раёсати Бонк ба имзо расидааст.
“Ба ҶДММ “Ташкилоти суғуртавии Бима ҳаёт” барои амалӣ намудани фаъолияти суғуртавӣ аз рӯи намудҳои суғуртаи ихтиёрӣ, тавассути аз нав ба расмият даровардан ба муҳлати то 10 январи соли 2025 иҷозатнома дода шуд”, - таъкид кардааст манбаъ.
Бонки миллӣ қайд кардааст, ки иҷозатномаи мазкур бинобар сабаби тағйир ёфтани номи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Ташкилоти суғуртавии Боварӣ” ба Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Ташкилоти суғуртавии Бима ҳаёт” ва маҳалли ҷойгиршавии он, мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият”ва Низомнома дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият дода шудаст.
Ҳамзамон қайд карда шудааст, ки иҷозатномаи ҶДММ “Ташкилоти суғуртавии Боварӣ”, ки бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2020 барои амалисозии фаъолияти суғуртавӣ дода шуда буд, аз эътибор соқит дониста шуд.
Раёсати Бонки миллӣ Идораи назорати суғуртавиро уҳдадор кардааст, ки дар Феҳристи ягонаи давлатии иштирокчиёни касбии бозори суғурта сабти дахлдорро ворид намояд.