https://sputnik.tj/20220306/unistrim-faoliyat-tojikiston-ijozatnoma-1046587363.html
"Юнистрим" барои фаъолияти тӯлонӣ дар Тоҷикистон иҷозатнома гирифт
"Юнистрим" барои фаъолияти тӯлонӣ дар Тоҷикистон иҷозатнома гирифт
Sputnik Тоҷикистон
Низоми пардохти Юнистрим барои фаъолияти минбаъдааш дар Тоҷикистон иҷозатнома гирифт
2022-03-06T16:00+0500
2022-03-06T16:00+0500
2022-03-09T19:41+0500
бонки миллӣ
дар тоҷикистон
иқтисод
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102897/65/1028976533_0:50:3407:1966_1920x0_80_0_0_c7f5a770fe859747118438d1ed2f1281.jpg
ДУШАНБЕ, 6 мар — Sputnik. Бонки русии "Юнистрим" муҷаввиз аз Бонки миллии Тоҷикистонро дарёфт кард, хабар медиҳад дафтари матбуотии ин ниҳод.Ба иттилои манбаъ, шартнома барои 5 сол пешбинӣ шуда, ҷиҳати амалӣ намудани фаъолиятҳо дар доираи низоми пардохти "Юнистрим" равона шудааст. Гуфта мешавад, ин тасмим тибқи қонунҳои ҷумҳурӣ "Дар бораи хидматрасониҳои пардохтӣ ва низоми пардохт", "Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият" ва "Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон" гирифта шудааст. Ҳамзамон идораи низоми пардохт вазифадор аст, ки дар Феҳристи операторони низоми пардохтӣ сабти дахлдор ворид намояд."Юнистрим" як бонки Русия аст, ки ҳам дар дохили Федератсияи Русия, ҳам дар кишварҳои ИДМ ва ҳам дар ҷаҳон ба интиқоли пул машғул аст. Ташкилот дар саросари ҷаҳон зиёда аз 150 ҳазор нуқта дорад. Қаблан, дар пасманзари изҳороти системаҳои байналмилалии пардохтии "Visa" ва "Mastercard" дар бораи боздоштани ҳама гуна муомилот дар дохили Русия Бонки марказии Русия эълон кард, ки кортҳои системаҳои дар боло зикршуда ба кори худ идома медиҳанд. Ин ба шарофати Системаи миллии кортҳои пардохт имконпазир аст, аммо пардохтҳои фаромарзӣ дар мағозаҳои интернетии хориҷӣ дастрас нестанд. Бонки марказӣ гуфт, шаҳрвандон ҳангоми сафар ба хориҷа бо худ гирифтани пули нақдро фаромӯш накунанд ва аз корти "Мир" дар кишварҳоеро, ки он дастрас аст, истифода намоянд
https://sputnik.tj/20220306/shahrvandoni-rusiya-khorij-korti-mir-unionpay-istifoda-1046584952.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102897/65/1028976533_360:0:3048:2016_1920x0_80_0_0_63730bae064ef7e02dc03d816b4fa7a6.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
юнистрим фаъолияти тоҷикистон иҷозатнома
юнистрим фаъолияти тоҷикистон иҷозатнома
"Юнистрим" барои фаъолияти тӯлонӣ дар Тоҷикистон иҷозатнома гирифт
16:00 06.03.2022 (Навсозишуда: 19:41 09.03.2022) Низоми пардохти "Юнистрим" барои фаъолияти минбаъдааш дар Тоҷикистон иҷозатнома гирифт
ДУШАНБЕ, 6 мар — Sputnik. Бонки русии "Юнистрим" муҷаввиз аз Бонки миллии Тоҷикистонро дарёфт кард, хабар медиҳад дафтари матбуотии ин ниҳод.
Ба иттилои манбаъ, шартнома барои 5 сол пешбинӣ шуда, ҷиҳати амалӣ намудани фаъолиятҳо дар доираи низоми пардохти "Юнистрим" равона шудааст.
Гуфта мешавад, ин тасмим тибқи қонунҳои ҷумҳурӣ "Дар бораи хидматрасониҳои пардохтӣ ва низоми пардохт", "Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият" ва "Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон" гирифта шудааст.
Ҳамзамон идораи низоми пардохт вазифадор аст, ки дар Феҳристи операторони низоми пардохтӣ сабти дахлдор ворид намояд.
"Юнистрим" як бонки Русия аст, ки ҳам дар дохили Федератсияи Русия, ҳам дар кишварҳои ИДМ ва ҳам дар ҷаҳон ба интиқоли пул машғул аст.
Ташкилот дар саросари ҷаҳон зиёда аз 150 ҳазор нуқта дорад.
Қаблан, дар пасманзари изҳороти системаҳои байналмилалии пардохтии "Visa" ва "Mastercard" дар бораи боздоштани ҳама гуна муомилот дар дохили Русия Бонки марказии Русия эълон кард, ки кортҳои системаҳои дар боло зикршуда ба кори худ идома медиҳанд.
Ин ба шарофати Системаи миллии кортҳои пардохт имконпазир аст, аммо пардохтҳои фаромарзӣ дар мағозаҳои интернетии хориҷӣ дастрас нестанд.
Бонки марказӣ гуфт, шаҳрвандон ҳангоми сафар ба хориҷа бо худ гирифтани пули нақдро фаромӯш накунанд ва аз корти "Мир" дар кишварҳоеро, ки он дастрас аст, истифода намоянд