Путин дар Эрон бо оятуллоҳ Хоманаӣ мулоқот мекунад

© Sputnik / Сергей Гунеев / Гузариш ба медиабонкДуховный лидер Ирана аятолла Сейед Али Хаменеи. Архивное фото.
Духовный лидер Ирана аятолла Сейед Али Хаменеи. Архивное фото. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.07.2022
Обуна шудан
Сафири Русия дар Теҳрон хабар дод, ки кишвардори Русия зимни сафари худ бо Эрон бо роҳбари аъзами ин кишвар мулоқот хоҳад кард
ДУШАНБЕ, 13 июл — Sputnik. Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин дар ҷараёни сафараш ба Эрон ният дорад бо раҳбари аъзами ин кишвар оятуллоҳ Хоманаӣ мулоқот кунад.
Дар ин бора сафири Русия дар Теҳрон Леван Ҷагарян хабар дод.
"Мо интизорем дорем, ки ин навбат низ президент бо роҳбари аъзами Эрон ва ҳамчунин бо раисҷумҳури ин кишвар Иброҳим Раисӣ мулоқот кунад. Аз ин сафар интизориҳои зиёд дорем", - таъкид намуд Ҷагарян дар мусоҳиба бо шабакаи "Россия 24".
Қаблан, хабар дода шуда буд, ки Владимир Путин кишвардори Русия ҳафтаи оянда ба Эрон сафар мекунад.
Сухангӯи Кремл, Дмитрий Песков низ сафари Владимир Путин ба Эронро тасдиқ намуда, гуфт, ин сафар рӯзи 19 июл сурат мегирад.
Ба таъкиди Песков, Владимир Путин дар Теҳрон бо раисҷумҳурони Эрону Туркия, Иброҳим Раисӣ ва Раҷаб Тайиб Эрдуғон мулоқот мекунад.
Маврид ба зикр аст, ки охири моҳи июн Владимир Путин дар нишасти сарони кишварҳои ҳошияи Хазар дар Туркманистон бо раисиҷумҳури Эрон Иброҳим Раисӣ шахсан мулоқот кард.
Президент РФ В. Путин  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.07.2022
Владимир Путин ба Эрон меравад
Ёдовар мешавем, моҳи гузашта Владимир Путин бо сафари расмӣ вориди Душанбе шуд. Дар фурудгоҳи байналмилалии пойтахт кишвардори Русияро Эмомалӣ Раҳмон роҳбари давлат шахсан пешвоз гирифт ва дар Қасри миллат мулоқоту суҳбатҳо баргузор шуданд.
Пасон, Владимир Путин аз Душанбе ба Ишқобод парвоз кард ва дар ҷаласаи сарони кишварҳои соҳили Хазар, ки роҳбарони Озарбойҷон, Қазоқистон, Эрон ва Туркманистонро низ дар бар мегирад, иштирок кард.
Бояд гуфт, сафар ба Эрон, саввумин сафари хориҷии президенти Русия баъди оғози амалиёти низомӣ дар Украина арзёбӣ мешавад.
Лентаи хабарҳо
0