https://sputnik.tj/20220715/baho-etimod-rusiyagi-putin-1050014581.html
Баҳою эътимоди русиягиҳо ба Путин маълум шуд
Баҳою эътимоди русиягиҳо ба Путин маълум шуд
Sputnik Тоҷикистон
Боварии сокинони Русия ба раисиҷумҳурашон дар моҳи июл омӯхта шуда, пажуҳишгарон ҳамчунин аз баҳои шаҳрвандон ба кори роҳбари давлат пурсидаанд
2022-07-15T13:50+0500
2022-07-15T13:50+0500
2022-07-15T14:03+0500
дар русия
сиёсат
эътимод
назарпурсӣ
омӯзиш
афкор
владимир путин
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/06/1e/1049623582_0:0:3061:1722_1920x0_80_0_0_30767740d644dc3852eba0f3e9888d8e.jpg
ДУШАНБЕ, 15 июл — Sputnik. Ба раисҷумҳури Русия Владимир Путин наздики 80%-и сокинони кишвари таҳти идорааш бовар доранд, бармеояд аз натиҷаҳои назарпурсие, ки бунёди "Афкори омма" гузарондааст. Бар асоси ин пажуҳиш, 79%-и пурсидашуда қотеона таъкид кардаанд, ки ба президенти Русия бовар доранд. Ҳудуди 13% изҳор доштаанд, ки бештар ба посухи "бовар надоранд" моиланд. Боқимонда дар додани посух ба ин суол дучори мушкил шудаанд.Дар мавриди баҳои сокинон ба кори Владимир Путин, таъкид шудаст, ки 81%-и пурсидашудаҳо изҳор доштаанд, ки ӯ дар мақоми роҳбари давлат "хуб кор мекунад". Аз кори Путин дар ин симмат 10% розӣ нестанд ва баҳояшонро ба фаъолияти ӯ манфӣ арзёбӣ кардаанд. Ҳудуди 9%-и дигар дар баҳогузории кори раисҷумҳури Русия дучори мушкил шудаанд.Тавзеҳ дода шудааст, ки назарпурсиии бунёди "Афкори умум" 10 июл гузаронда шуда, хулосаҳои мазкур бар асоси назари беш аз 1,5 ҳазор нафари аз 18-сола боло дар 104 маҳали аҳолинишин дар 53 минтақаи Русия ҳосил шудааст.Қаблан устоди Пажуҳишгоҳи менеҷменти коммуникатсионӣ Марат Баширов далели афзоиши ҷонибдорӣ аз Путинро тавзеҳ дода буд. Ӯ гуфт, русиягиҳо ҳадафи амалиёти низомиро дарк мекунанд ва ҳар қадаре иттилоъ дар бораи амали воҳидҳои миллатгарои украинӣ бештар нашр шавад, ҳамон қадар ҷонибдорӣ аз Путин афзоиш меёбад.Русия амалиёти низомӣ дар Украинаро субҳи барвақти 24 феврал шуруъ кард. Раисҷумҳури Русия Владимир Путин ҳадаф аз онро “ҳимояти мардуме, ки тӯли ҳашт сол аз тарафи режими Киев мавриди тамасхур ва наслкушӣ қарор доштанд”, унвон кард.
https://sputnik.tj/20220714/vuchich-gharb-shart-putin-jahannam-intizor-1049993990.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/06/1e/1049623582_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_8dd17987aca698ac9b9bb4825150b440.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
шаҳрвандон, русия, владимир путин, баҳо
шаҳрвандон, русия, владимир путин, баҳо
Баҳою эътимоди русиягиҳо ба Путин маълум шуд
13:50 15.07.2022 (Навсозишуда: 14:03 15.07.2022) Бовари сокинони Русия ба раисҷумҳурашон дар моҳи июл омӯхта шуда, пажуҳишгарон ҳамчунин аз баҳои шаҳрвандон ба кори роҳбари давлат пурсидаанд
ДУШАНБЕ, 15 июл — Sputnik. Ба раисҷумҳури Русия Владимир Путин наздики 80%-и сокинони кишвари таҳти идорааш бовар доранд, бармеояд аз натиҷаҳои назарпурсие, ки бунёди "Афкори омма" гузарондааст.
Бар асоси ин пажуҳиш, 79%-и пурсидашуда қотеона таъкид кардаанд, ки ба президенти Русия бовар доранд. Ҳудуди 13% изҳор доштаанд, ки бештар ба посухи "бовар надоранд" моиланд. Боқимонда дар додани посух ба ин суол дучори мушкил шудаанд.
Дар мавриди баҳои сокинон ба кори Владимир Путин, таъкид шудаст, ки 81%-и пурсидашудаҳо изҳор доштаанд, ки ӯ дар мақоми роҳбари давлат "хуб кор мекунад".
Аз кори Путин дар ин симмат 10% розӣ нестанд ва баҳояшонро ба фаъолияти ӯ манфӣ арзёбӣ кардаанд. Ҳудуди 9%-и дигар дар баҳогузории кори раисҷумҳури Русия дучори мушкил шудаанд.
Тавзеҳ дода шудааст, ки назарпурсиии бунёди "Афкори умум" 10 июл гузаронда шуда, хулосаҳои мазкур бар асоси назари беш аз 1,5 ҳазор нафари аз 18-сола боло дар 104 маҳали аҳолинишин дар 53 минтақаи Русия ҳосил шудааст.
Қаблан устоди Пажуҳишгоҳи менеҷменти коммуникатсионӣ Марат Баширов далели афзоиши ҷонибдорӣ аз Путинро тавзеҳ дода буд. Ӯ гуфт, русиягиҳо ҳадафи амалиёти низомиро дарк мекунанд ва ҳар қадаре иттилоъ дар бораи амали воҳидҳои миллатгарои украинӣ бештар нашр шавад, ҳамон қадар ҷонибдорӣ аз Путин афзоиш меёбад.
Русия амалиёти низомӣ дар Украинаро субҳи барвақти 24 феврал шуруъ кард. Раисҷумҳури Русия Владимир Путин ҳадаф аз онро “ҳимояти мардуме, ки тӯли ҳашт сол аз тарафи режими Киев мавриди тамасхур ва наслкушӣ қарор доштанд”, унвон кард.