Ошуфтагии бозори доллару евро дар Тоҷикистон: сомонӣ тақвият меёбад

© PixabayДоллар и евро
Доллар и евро - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.07.2022
Обуна шудан
Дар бозори арзи Тоҷикистон мавқеи пули миллӣ устувортар мегардад. Суръати коҳиши арзиши пулҳои амрикоӣ ва аврупоӣ бештар шудааст
ДУШАНБЕ, 15 июл — Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон қурби асъор дар кишварро нашр кардааст, ки тибқи он, рубли русӣ тайи се рӯз аст, устуворияшро нигоҳ медорад.
Ба ин тартиб, арзиши пули русӣ дар Тоҷикистон пас аз коҳиши рӯзи душанбе бетағйир, 171 сомонӣ барои ҳазор рубл муқарар шудааст.
Бозори пули амрикоӣ бошад ошуфтатар мешавад ва мавқеъи худро аз даст медиҳад. Агар як рӯз қабл он дар сатҳи 10.48 сомонӣ барои як доллар буд, пас ҳамакнун 10.43 муқаррар шудааст.
Пули аврупоӣ низ коҳиш ёфта, наздик бо доллар дар як сатҳ қарор мегиранд. Танзимгари асъор дар Тоҷикистон қурби евроро 10.4389 сомонӣ барои як евро муқаррар кардааст. Як рӯз қабл дар кишвар он 10.4981сомонӣ қимат дошт.
Пять сотен долларов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.07.2022
"Табларза"-и доллар: иқтисоддон тақдири "амрикоӣ"-ро пешгӯӣ кард
Бонкҳои тиҷории кишвар бошанд, арзиши рублро дар баробари БМТ каме поинтар нигоҳ доштаанд. Аз ҷумла дар "Ориёнбонк" барои ҳазор рубл зимни харид 166 сомонӣ ва зимни фурӯш 175 сомонӣ нарх муқаррар шудааст.
Бонки "Эсхата" қурби ҳазор рублро зимни харид 171 ва дар фурӯш 173 сомонӣ муайян намудааст. "Алифбонк" ҳазор рублро феълан бо нархи 171 сомонӣ мехараду ба ивази 174,5 сомонӣ мефурӯшад.
Дар "Спитаменбонк" бошад, 1000 рубл зимни харид 171 ва ҳангоми фурӯш 173 сомонӣ қимат дорад.
Дар ҳамин ҳол Бонки миллӣ ҳушдор медиҳад, ки муомилоти асъории берун аз филиалҳо, марказҳои хидматрасонии бонкӣ, инчунин банкоматҳо ва терминалҳо мамнуъ мебошад.
Риоя накардани ин талабот дар Тоҷикистон ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.

Чаро евро башиддат коҳиш ёфт?

Шариф Раҳимзода, вазири пешини иқтисод ва савдои Тоҷикистон ва раиси Бонки миллӣ бар ин назар аст, ки мушкилиҳои кишварҳои авропоӣ вобаста ба вазъи сиёсии вақтҳои охир, ки ба натиҷаҳои амалиётҳо дар Украина алоқаманд буда, ба рушди иқтисодиёти кишварҳои аврупоӣ таъсири манфӣ расониду боиси болоравии нархи нафту газ ва молҳои дигар гардид.
Ҳамчунин ба гуфтаи собиқ раиси Бонки миллии Тоҷикистон ба тағйири қурби асъор сиёсати пешгирифтаи Бонки марказии ИМА (Низоми федералии захиравӣ) таъсир расонд.
Доллары на столе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.07.2022
Тағйирёбии арзиши доллар боиси тааҷҷуби таҳлилгарон шуд
“Бонки марказии ИМА шурӯъ аз моҳи март пайваста фоизи бозтамвилро боло бурд, ки он боиси болоравии қурби доллар гардид. Дар чунин шароит сармоядорон маблағҳои худро бештар ба ИМА равона мекунанд”, - гуфт ӯ.
Ба андешаи ӯ коҳиши евро ба фаъолияти соҳибкорӣ дар Тоҷикистон таъсири манфӣ расонида наметавонад, зеро аксари субъектҳои тоҷикистонӣ ҳангоми додугирифт бо ширкатҳои хориҷӣ аз доллар истифода мекунанд.
Аммо ба гуфти ӯ ҳар фарде, ки пасандози евроӣ дошта бошад, ҳангоми гирифтан зарар мебинад.
Лентаи хабарҳо
0