Тағйирёбии арзиши доллар боиси тааҷҷуби таҳлилгарон шуд

© Sputnik / Стас ЭтвешДоллары на столе
Доллары на столе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.07.2022
Обуна шудан
Иқтисоддонҳо гуфтанд, ки аз пули амрикоӣ дар ояндаи наздик чиро интизор шудан мумкин аст: арзиши он метавонад дубора боло равад ё якбора коҳиш ёбад
ДУШАНБЕ, 6 июл — Sputnik. Авоили июл қурби доллар боло рафт. Дар ояндаи наздик пули "амрикоӣ" ин тамоюлро идома медиҳад. Дар ин бора иқтисоддони "БКС Мир инвестиций" Александр Бахтин изҳор дошт.

"То аввали тирамоҳ доллар метавонад дар сатҳи 60-65 рубл устувор монад ва эҳтимол аст, қурби он авохири сол дар ҳудуди 70-75 қарор гирад", - таъкид кард коршинос.

Доллар ба далели эҳёи воридот, даст кашидани ширкатҳо аз пардохти дивиденд дар соли гузашта, имкони бозпас харидани асъор ва дороиҳои кишварҳои дӯсту бетараф боло меравад.
Ҳамин тариқ, рубл ба шароити муносиби бозор наздик шуда, барои пур кардани буҷа ва даромади содиркунандагон роҳаттар мешавад, хулоса кард Бахтин дар мусоҳиба бо агентии "Прайм".
Дар навбати худ, президенти ACI Russia (Ассотсиатсияи миллии мутахассисони бозори молиявии Русия) Евгений Егоров қайд кард, ки бо чунин ноустувории баланд, доллар метавонад то 70 рубл ҷаҳида ё то ҳадди нави таърихӣ коҳиш ёбад.
Арзиши доллару евро дар Тоҷикистон боз коҳиш ёфт: бо рубл чӣ шуд?
"Рушди имрӯзаи доллар, евро ва юан натиҷаи якчанд омилҳост: дахолати қаблии шифоҳӣ, гирифтани як қисми даромад аз бозор (ҳадди ақал аз рӯи газ) - Газпром метавонист фурӯши асъори хориҷиро қатъ кунад, бо назардошти он, ки то нимаи моҳи июл интиқоли газ тавассути "Маҷрои шимолӣ" нахоҳад буд", - тавзеҳ дод коршинос.
Вай имкони дахолати асъории Вазорати молияи Русияро рад накард. Егоров гуфт, ки қурби асъор ба самти муқобил меравад, масалан, вақте як ширкати бузург бо 0,5 миллиард доллар вориди бозор мешавад.
Қурби рубл дар биржаи Маскав каме поин рафт
"Танҳо гуфта метавонем, ки қурби феълии рубл ба далели таваррум, нархҳои ҷорӣ дар бозори дохилӣ, ҳарчанд тайи чанд рӯзи охир беш аз 15% поин рафтааст, то ҳол хеле устувор боқӣ мемонад", - гуфт коршинос дар суҳбат бо РИА "Новости".
Ёдовар мешавем, ки рӯзи 5 июл доллар дар биржаи Маскав то ба 62,3 рубл боло рафт.
Лентаи хабарҳо
0