https://sputnik.tj/20220713/rahmon-sokhtmoni-nbo-roghun-judo-1049956863.html
Раҳмон: Дар соли 2022 барои идомаи сохтмони НБО “Роғун” боз 2,6 млрд сомонӣ ҷудо мешавад
Раҳмон: Дар соли 2022 барои идомаи сохтмони НБО “Роғун” боз 2,6 млрд сомонӣ ҷудо мешавад
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳукумати кишвар барои ҷалби маблағҳои иловагӣ барои сохтмони НБО “Роғун” тадбирҳои зарурӣ меандешад
2022-07-13T11:00+0500
2022-07-13T11:00+0500
2022-07-13T11:25+0500
дар тоҷикистон
нбо "роғун"
сохтмон
маблағгузорӣ
эмомалӣ раҳмон
раисҷумҳур
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/04/1b/1048009601_0:0:2047:1151_1920x0_80_0_0_30715fa294094f66f3bb9f6edf25e3d2.jpg
ДУШАНБЕ, 13 июл — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури Тоҷикистон дар дидор бо бунёдгарони НБО “Роғун” гуфтааст, ки дар соли равон барои идомаи сохтмони неругоҳ аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ боз 2,6 миллиард сомонӣ пешбинӣ гардида, Ҳукумати кишвар барои ҷалби маблағҳои иловагӣ тадбирҳои зарурӣ андешида истодааст.Вай гуфт, ки барои корҳои барқарорсозӣ ва сохтмону васлгарии неругоҳи барқи обии “Роғун” тайи солҳои 2008 – 2021 аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва дигар манбаъҳо беш аз 31 миллиард сомонӣ маблағ равона карда шудааст.Раисҷумҳур қайд кард, ки ахиран бо ҷараёни корҳо аз наздик шинос шудааст ва дар иншооти пешазшартномавӣ ва иншооти мансуб ба ЛОТ-ҳои 1,2,3,4 пешравиҳои назаррасро мушоҳида намудем.“Корҳо, алалхусус, дар обқабулкунакҳои асосӣ, роҳҳои дастрасӣ ба онҳо, мустаҳкамсозии фарози кӯҳҳо, баромадгоҳи нақби сохтмонии қабати 3 ва 4, нақбҳои обрасон ва ҷабандаву сементатсионӣ, нақбҳои нақлиётӣ, ки роҳи асосиро ба шонаи сарбанд пайваст мекунанд, шахтаи ҳаводиҳанда ва дигар иншоот қобили таваҷҷуҳ мебошанд”, - гуфт Эмомалӣ Раҳмон.Вай илова кард, ки ҳоло дар сохтмон 10 ҳазору 517 нафар коргарон ва кормандони муҳандисиву техникӣ, аз ҷумла 332 нафар мутахассисони хориҷӣ фаъолият доранд, ки 97 фоизи онҳоро коргарону мутахассисони ватанӣ ташкил медиҳанд.Вай илова кард, ки аз оғози соли ҷорӣ барои пардохти корҳои сохтмону васлгарӣ, лоиҳакашию таҳқиқотӣ, хариди таҷҳизот, молу масолеҳи сохтмон ва дигар хизматрасониҳо, дар маҷмӯъ, 1 миллиарду 200 миллион сомонӣ маблағгузорӣ гардидааст.
https://sputnik.tj/20220713/rahmon-shirkati-vibild-sarbandi-roghun-sarivaqt-sokhta-1049954709.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/04/1b/1048009601_128:0:1945:1363_1920x0_80_0_0_01b87b51babbf0145d276a33dbe60f67.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, нбо "роғун", маблағ, сомонӣ, маблағгузорӣ, сохтмон, тадбир, эмомалӣ раҳмон
тоҷикистон, нбо "роғун", маблағ, сомонӣ, маблағгузорӣ, сохтмон, тадбир, эмомалӣ раҳмон
Раҳмон: Дар соли 2022 барои идомаи сохтмони НБО “Роғун” боз 2,6 млрд сомонӣ ҷудо мешавад
11:00 13.07.2022 (Навсозишуда: 11:25 13.07.2022) Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳукумати кишвар барои ҷалби маблағҳои иловагӣ барои сохтмони НБО “Роғун” тадбирҳои зарурӣ меандешад
ДУШАНБЕ, 13 июл — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури Тоҷикистон дар дидор бо бунёдгарони НБО “Роғун” гуфтааст, ки дар соли равон барои идомаи сохтмони неругоҳ аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ боз 2,6 миллиард сомонӣ пешбинӣ гардида, Ҳукумати кишвар барои ҷалби маблағҳои иловагӣ тадбирҳои зарурӣ андешида истодааст.
Вай гуфт, ки барои корҳои барқарорсозӣ ва сохтмону васлгарии неругоҳи барқи обии “Роғун” тайи солҳои 2008 – 2021 аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва дигар манбаъҳо беш аз 31 миллиард сомонӣ маблағ равона карда шудааст.
Раисҷумҳур қайд кард, ки ахиран бо ҷараёни корҳо аз наздик шинос шудааст ва дар иншооти пешазшартномавӣ ва иншооти мансуб ба ЛОТ-ҳои 1,2,3,4 пешравиҳои назаррасро мушоҳида намудем.
“Корҳо, алалхусус, дар обқабулкунакҳои асосӣ, роҳҳои дастрасӣ ба онҳо, мустаҳкамсозии фарози кӯҳҳо, баромадгоҳи нақби сохтмонии қабати 3 ва 4, нақбҳои обрасон ва ҷабандаву сементатсионӣ, нақбҳои нақлиётӣ, ки роҳи асосиро ба шонаи сарбанд пайваст мекунанд, шахтаи ҳаводиҳанда ва дигар иншоот қобили таваҷҷуҳ мебошанд”, - гуфт Эмомалӣ Раҳмон.
Вай илова кард, ки ҳоло дар сохтмон 10 ҳазору 517 нафар коргарон ва кормандони муҳандисиву техникӣ, аз ҷумла 332 нафар мутахассисони хориҷӣ фаъолият доранд, ки 97 фоизи онҳоро коргарону мутахассисони ватанӣ ташкил медиҳанд.
“Шумораи мошину механизмҳое, ки дар сохтмон истифода мешаванд, 3219 адад мебошад”, - таъкид кард раисҷумҳур.
Вай илова кард, ки аз оғози соли ҷорӣ барои пардохти корҳои сохтмону васлгарӣ, лоиҳакашию таҳқиқотӣ, хариди таҷҳизот, молу масолеҳи сохтмон ва дигар хизматрасониҳо, дар маҷмӯъ, 1 миллиарду 200 миллион сомонӣ маблағгузорӣ гардидааст.