https://sputnik.tj/20220713/rahmon-shirkati-vibild-sarbandi-roghun-sarivaqt-sokhta-1049954709.html
Раҳмон ба роҳбари ширкати “Вибилд: Сарбанди НБО "Роғун" сари вақт ва босифат сохта шавад
Раҳмон ба роҳбари ширкати “Вибилд: Сарбанди НБО "Роғун" сари вақт ва босифат сохта шавад
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури Тоҷикистон дар мулоқот бо роҳбари ширкати “Вибилд” таъкид доштааст, ки корҳои сохтмонӣ дар НБО Роғун бояд саривақт ва босифат иҷро гарданд
2022-07-13T09:00+0500
2022-07-13T09:00+0500
2022-07-13T11:32+0500
дар тоҷикистон
эмомалӣ раҳмон
мулоқот
раисҷумҳур
сарбанд
нбо
нбо "роғун"
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/06/1e/1049648950_0:0:3077:1731_1920x0_80_0_0_e6e0d2b87de68354e2f10af440f1e974.jpg
ДУШАНБЕ, 13 июл — Sputnik. Бино ба иттилои дафтари матбуотии раисҷумҳури кишвар, ахиран дар шаҳри Роғун Эмомалӣ Раҳмон, президенти кишвар бо Пиетро Салинӣ, роҳбари ширкати “Вибилд” дидору мулоқот кард.Тибқи иттилои манбаъ, дар ин мулоқот масъалаҳои ҳамкории Ҳукумати Тоҷикистон бо ширкати “Вибилд” дар мавриди иҷрои уҳдадориҳои дуҷониба дар сохтмони иншооти гидроэнергетикии Неругоҳи барқи обии “Роғун” муҳокима гардид.Эмомалӣ Раҳмон дар ин дидор дар бораи рафти корҳои сохтмонӣ дар сарбанди неругоҳ, ки зимни сафари корӣ мушоҳида кардааст, андешаронӣ кард ва таъкид доштааст, бояд тамоми корҳо саривақт ва босифат иҷро гарданд.Ҳамзамон дар ҷараёни мулоқот роҳбарияти ширкати “Вибилд” ба кишвардори Тоҷикистон дар бораи иҷрои уҳдадориҳо ва рафти корҳои сохтмонӣ маълумот дод.Дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон хабар додааст, ки роҳбари кишвар изҳори боварӣ кардааст, ки пудратчии сохтмони сарбанди Неругоҳи барқи обии “Роғун” ширкати “Вибилд” барои татбиқи нақшаи лоиҳавии бунёди иншоот тадбирҳои заруриро амалӣ менамоянд.Ёдрас мешавем, ки ахиран Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар бо як сафари корӣ ба шаҳри Роғун сафар кард ва бо рафти сохтмони бузургтарин НБО "Роғун" ошно шуд.
https://sputnik.tj/20220712/oghozi-safari-korii-rahmon-nbo-roghun-1049927048.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/06/1e/1049648950_145:0:2874:2047_1920x0_80_0_0_6838c193ef5fac49b0c90970f88613c9.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, роғун, нбо, эмомалӣ раҳмон, дидор, мулоқот, корҳои сохтмонӣ
тоҷикистон, роғун, нбо, эмомалӣ раҳмон, дидор, мулоқот, корҳои сохтмонӣ
Раҳмон ба роҳбари ширкати “Вибилд: Сарбанди НБО "Роғун" сари вақт ва босифат сохта шавад
09:00 13.07.2022 (Навсозишуда: 11:32 13.07.2022) Раисҷумҳури Тоҷикистон дар мулоқот бо роҳбари ширкати “Вибилд” таъкид доштааст, ки корҳои сохтмонӣ дар НБО Роғун бояд сари вақт ва босифат иҷро гарданд
ДУШАНБЕ, 13 июл — Sputnik. Бино ба иттилои дафтари матбуотии раисҷумҳури кишвар, ахиран дар шаҳри Роғун Эмомалӣ Раҳмон, президенти кишвар бо Пиетро Салинӣ, роҳбари ширкати “Вибилд” дидору мулоқот кард.
Тибқи иттилои манбаъ, дар ин мулоқот масъалаҳои ҳамкории Ҳукумати Тоҷикистон бо ширкати “Вибилд” дар мавриди иҷрои уҳдадориҳои дуҷониба дар сохтмони иншооти гидроэнергетикии Неругоҳи барқи обии “Роғун” муҳокима гардид.
Эмомалӣ Раҳмон дар ин дидор дар бораи рафти корҳои сохтмонӣ дар сарбанди неругоҳ, ки зимни сафари корӣ мушоҳида кардааст, андешаронӣ кард ва таъкид доштааст, бояд тамоми корҳо саривақт ва босифат иҷро гарданд.
Ҳамзамон дар ҷараёни мулоқот роҳбарияти ширкати “Вибилд” ба кишвардори Тоҷикистон дар бораи иҷрои уҳдадориҳо ва рафти корҳои сохтмонӣ маълумот дод.
Дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон хабар додааст, ки роҳбари кишвар изҳори боварӣ кардааст, ки пудратчии сохтмони сарбанди Неругоҳи барқи обии “Роғун” ширкати “Вибилд” барои татбиқи нақшаи лоиҳавии бунёди иншоот тадбирҳои заруриро амалӣ менамоянд.
Ёдрас мешавем, ки ахиран Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар бо як сафари корӣ ба шаҳри Роғун сафар кард ва бо рафти сохтмони бузургтарин НБО "Роғун" ошно шуд.