https://sputnik.tj/20220713/rahmon-buhroni-iqtisodivu-tahrimho-roghun-sokhta-1049958885.html
Раҳмон бар он аст, новобаста аз буҳрони иқтисодиву таҳримҳо НБО “Роғун” бояд сохта шавад
Раҳмон бар он аст, новобаста аз буҳрони иқтисодиву таҳримҳо НБО “Роғун” бояд сохта шавад
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури кишвар мегӯяд, низоъҳои минтақавӣ, таҳримҳои иқтисодӣ ва болоравии бесобиқаи нархҳои ба молу маҳсулот бояд монеаи сохтмони НБО “Роғун” нашаванд
2022-07-13T12:30+0500
2022-07-13T12:30+0500
2022-07-13T13:05+0500
дар тоҷикистон
эмомалӣ раҳмон
нбо "роғун"
таҳрим
буҳрон
иқтисод
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/19/1046255031_0:0:2048:1153_1920x0_80_0_0_a52cb5449ba0a8343bd280b1c249e77b.jpg
ДУШАНБЕ, 13 июл — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон дар гуфтугӯ бо бунёдкорони НБО “Роғун” қайд кардааст, ки буҳронҳои иқтисодиву сиёсӣ дар ҷаҳони имрӯза, низоъҳои минтақавӣ, таҳримҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, болоравии бесобиқаи нархҳои ҷаҳонӣ ба молу маҳсулоти гуногун, аз ҷумла маҳсулоти таъиноти истеҳсолӣ, инчунин, паҳншавии бемориҳои сироятӣ дар қатори дигар давлатҳо ба иқтисодиёти Тоҷикистон низ таъсири манфӣ расонида истодаанд.Ба гуфтаи вай новобаста аз ин, азми мо барои ба итмом расонидани сохтмони неругоҳи барқи обии “Роғун” қатъӣ мебошад.Ҳамчунин раисҷумҳури кишвар таъкид кардааст, ки суръат бахшидан ба корҳои сохтмону васлгарӣ дар ин иншооти азим, ки барои давлат ва халқи Тоҷикистон аҳаммияти сарнавиштсоз дорад ва бо сифати баланд иҷро гардидани онҳо аз сохтмончиён вобастагии ниҳоят калон дорад.Вай афзуд, ҳукумати кишвар, илова ба маблағгузории ҳамасолаи сохтмони неругоҳ аз буҷети давлатӣ, инчунин, бо ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ ҷиҳати ҷалби маблағҳои иловагӣ кор бурда истодааст.“Аз ҷумла ҷиҳати татбиқи маблағгузорӣ аз ҷониби шарикони рушд ва дигар ташкилотҳои молиявӣ аз моҳи сентябри соли 2020 ҳамкорӣ бо Бонки Умумиҷаҳонӣ ба роҳ монда шудааст. Вобаста ба ин, коршиносони бонки мазкур ба минтақаи сохтмони неругоҳ ташриф оварда, таҳқиқоти иловагии заруриро анҷом доданд”,- зикр кард кишвардори Тоҷикистон.Эмомалӣ Раҳмон инчунин илова кард, ки дар ин давра бо ташаббуси Ҳукумати кишвар ва дастгирии Бонки Умумиҷаҳонӣ ҷиҳати баррасии вариантҳои маблағгузорӣ ду маротиба мизи мудаввар ва бо иштироки намояндагони Ҳукумат, шарикони рушд ва дигар созмонҳои байналмилалии молиявӣ якчанд вохӯрӣ баргузор карда шуд.Вай изҳори умедворӣ кард, ки ҳамаи корҳо вобаста ба ҷалби маблағҳо барои ба итмом расонидани сохтмон дар ҳамкорӣ бо Бонки Умумиҷаҳонӣ то охири соли ҷорӣ анҷом меёбанд ва соли 2023 маблағгузорӣ аз ҷониби шарикони рушд ва дигар ташкилотҳои молиявӣ оғоз мегардад.
https://sputnik.tj/20220713/rahmon-sokhtmoni-nbo-roghun-judo-1049956863.html
https://sputnik.tj/20220712/shinosiii-rahmon-sarbandi-asosii-nbo-roghun-1049928165.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/19/1046255031_161:0:1978:1363_1920x0_80_0_0_3746620deb3a8792142f088f68698ff7.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, роғун, нбо "роғун", таҳримҳои иқтисодӣ, буҳрон, иқтисод, сохтмон, эмомалӣ раҳмон, раисҷумҳур
тоҷикистон, роғун, нбо "роғун", таҳримҳои иқтисодӣ, буҳрон, иқтисод, сохтмон, эмомалӣ раҳмон, раисҷумҳур
Раҳмон бар он аст, новобаста аз буҳрони иқтисодиву таҳримҳо НБО “Роғун” бояд сохта шавад
12:30 13.07.2022 (Навсозишуда: 13:05 13.07.2022) Раисҷумҳури кишвар мегӯяд, низоъҳои минтақавӣ, таҳримҳои иқтисодӣ ва болоравии бесобиқаи нархи молу маҳсулот набояд монеи сохтмони НБО “Роғун” шаванд
ДУШАНБЕ, 13 июл — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон дар гуфтугӯ бо бунёдкорони НБО “Роғун” қайд кардааст, ки буҳронҳои иқтисодиву сиёсӣ дар ҷаҳони имрӯза, низоъҳои минтақавӣ, таҳримҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, болоравии бесобиқаи нархҳои ҷаҳонӣ ба молу маҳсулоти гуногун, аз ҷумла маҳсулоти таъиноти истеҳсолӣ, инчунин, паҳншавии бемориҳои сироятӣ дар қатори дигар давлатҳо ба иқтисодиёти Тоҷикистон низ таъсири манфӣ расонида истодаанд.
Ба гуфтаи вай новобаста аз ин, азми мо барои ба итмом расонидани сохтмони неругоҳи барқи обии “Роғун” қатъӣ мебошад.
“Бо дарназардошти аҳаммияти стратегӣ доштани иншооти мазкур ва бо вуҷуди мушкилоти зикршуда, Ҳукумати мамлакат дар ду соли охир барои идомаи сохтмон ҳамаи тадбирҳои заруриро андешида, маблағгузориро ҷиҳати нигоҳ доштани суръати корҳо таъмин намуд”,- қайд кард Эмомалӣ Раҳмон.
Ҳамчунин раисҷумҳури кишвар таъкид кардааст, ки суръат бахшидан ба корҳои сохтмону васлгарӣ дар ин иншооти азим, ки барои давлат ва халқи Тоҷикистон аҳаммияти сарнавиштсоз дорад ва бо сифати баланд иҷро гардидани онҳо аз сохтмончиён вобастагии ниҳоят калон дорад.
Вай афзуд, ҳукумати кишвар, илова ба маблағгузории ҳамасолаи сохтмони неругоҳ аз буҷети давлатӣ, инчунин, бо ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ ҷиҳати ҷалби маблағҳои иловагӣ кор бурда истодааст.
“Аз ҷумла ҷиҳати татбиқи маблағгузорӣ аз ҷониби шарикони рушд ва дигар ташкилотҳои молиявӣ аз моҳи сентябри соли 2020 ҳамкорӣ бо Бонки Умумиҷаҳонӣ ба роҳ монда шудааст. Вобаста ба ин, коршиносони бонки мазкур ба минтақаи сохтмони неругоҳ ташриф оварда, таҳқиқоти иловагии заруриро анҷом доданд”,- зикр кард кишвардори Тоҷикистон.
Эмомалӣ Раҳмон инчунин илова кард, ки дар ин давра бо ташаббуси Ҳукумати кишвар ва дастгирии Бонки Умумиҷаҳонӣ ҷиҳати баррасии вариантҳои маблағгузорӣ ду маротиба мизи мудаввар ва бо иштироки намояндагони Ҳукумат, шарикони рушд ва дигар созмонҳои байналмилалии молиявӣ якчанд вохӯрӣ баргузор карда шуд.
"Минбаъд ҷиҳати ҷалби маблағгузорӣ барои ба анҷом расонидани сохтмони неругоҳи барқи обии "Роғун" дар ҳамкорӣ бо Бонки Умумиҷаҳонӣ як қатор корҳо амалӣ мегарданд", -афзуд роҳбари Тоҷикистон.
Вай изҳори умедворӣ кард, ки ҳамаи корҳо вобаста ба ҷалби маблағҳо барои ба итмом расонидани сохтмон дар ҳамкорӣ бо Бонки Умумиҷаҳонӣ то охири соли ҷорӣ анҷом меёбанд ва соли 2023 маблағгузорӣ аз ҷониби шарикони рушд ва дигар ташкилотҳои молиявӣ оғоз мегардад.