https://sputnik.tj/20220712/shinosiii-rahmon-sarbandi-asosii-nbo-roghun-1049928165.html
Шиносиии Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар сарбанди асосии НБО “Роғун”
Шиносиии Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар сарбанди асосии НБО “Роғун”
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури Тоҷикистон барои шиносоӣ аз ҷараёни сохтмони бузургтарин неругоҳи барқи обӣ дар кишвар ба шаҳри Роғун сафари корӣ анҷом дод
2022-07-12T11:40+0500
2022-07-12T11:40+0500
2022-07-12T12:27+0500
дар тоҷикистон
шиносоӣ бо корҳои роғун
нбо "роғун"
эмомалӣ раҳмон
раисҷумҳур
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102742/60/1027426065_0:312:3001:2000_1920x0_80_0_0_0ba0937171d6b7378af8b1c548b401cb.jpg
ДУШАНБЕ, 12 июл — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури кишвар, Эмомалӣ Раҳмон, президенти кишвар, раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ва Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода аз рафти корҳои сохтмонӣ дар сарбанди асосии Неругоҳи барқи обии “Роғун” шинос шуданд.“Ҳаҷми коркард, тахту ҳамворкунӣ ва кандану кашонидани маводи мухталиф ҳангоми тоза намудани паҳлуҳои чапу рост ва таҳкурсии ядрои сарбанди Неругоҳи барқи обии “Роғун” то имрӯз 2,6 миллион метри мукаабро ташкил медиҳад”, - қайд кардааст дафтари матбуоти раисҷумҳур.Манбаъ иттилоъ додааст, ки хобонидани бетони ҳамворкунандаи, дар ҳаҷми 8000 метри мукааб хобонида шудааст. Баъди ба анҷом расонидани корҳои бетони ҳамворкунанда, хобонидани бетони кӯбида барои таҳкурсии ядрои сарбанд оғоз меёбад.Қайд карда шудааст, ки дар иншооти мазкур корҳои сохтмону васлгарӣ аз сӯи коргарону мутахассисони ширкати “Тоҷикгидроэлектромонтаж” сурат мегирад.Ҳамзамон қайд карда шудааст, ки барои кашонидан ва қабат ба қабат хобондани маводи сарбанд коргарону мутахассисон аз мошину таҷҳизоти гаронвазни боркаш, булдозерҳо, экскаваторҳо ва дигар механизмҳои зарурӣ истифода намуда, кор дар иншооти мазкур шабонарӯзӣ ба роҳ монда шудааст.Тибқи иттилои манбаъ, ҳаҷми умумии корҳои хобонидаи сангу шағал дар сарбанди асосӣ то имрӯз 16,7 миллион метри мукаабро ташкил медиҳад.Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид ба масъулон дастур дод, ки ба сифати корҳо диққати аввалиндараҷа диҳанд.Иттилоъ дода шудааст, ки айни ҳол оби обанбор дар нишонии 1070 метр аз сатҳи баҳр қарор дорад.Андозаи болоии нигоҳдории об баъди обгирии пурраи обанбор 1 ҳазору 290 метр аз сатҳи баҳр хоҳад буд.Ҳаҷми хобонидани маводи сарбанд 80 миллион метри мукааб ва масоҳати обанбор ба 170 километри мураббаъ мерасад.Корҳои сохтмониро дар сарбанди неругоҳ ширкатҳои ватанию хориҷӣ бо ҷалби коргарону мутахассисони дорои таҷрибаи баланди тахассусӣ иҷро менамоянд.
https://sputnik.tj/20220712/oghozi-safari-korii-rahmon-nbo-roghun-1049927048.html
https://sputnik.tj/20220625/kishvar-omoda-kharid-barq-nbo-roghun-1049497344.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102742/60/1027426065_94:0:2761:2000_1920x0_80_0_0_b1ddae53cc59ed5f25595fe50a3f9723.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, эмомалӣ раҳмон, раисҷумҳур, сохтмон, сарбанд, нбо "роғун"
тоҷикистон, эмомалӣ раҳмон, раисҷумҳур, сохтмон, сарбанд, нбо "роғун"
Шиносиии Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар сарбанди асосии НБО “Роғун”
11:40 12.07.2022 (Навсозишуда: 12:27 12.07.2022) Раисҷумҳури Тоҷикистон барои шиносоӣ аз ҷараёни сохтмони бузургтарин неругоҳи барқи обӣ дар кишвар ба шаҳри Роғун сафари корӣ анҷом дод
ДУШАНБЕ, 12 июл — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури кишвар, Эмомалӣ Раҳмон, президенти кишвар, раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ва Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода аз рафти корҳои сохтмонӣ дар сарбанди асосии Неругоҳи барқи обии “Роғун” шинос шуданд.
“Ҳаҷми коркард, тахту ҳамворкунӣ ва кандану кашонидани маводи мухталиф ҳангоми тоза намудани паҳлуҳои чапу рост ва таҳкурсии ядрои сарбанди Неругоҳи барқи обии “Роғун” то имрӯз 2,6 миллион метри мукаабро ташкил медиҳад”, - қайд кардааст дафтари матбуоти раисҷумҳур.
Манбаъ иттилоъ додааст, ки хобонидани бетони ҳамворкунандаи, дар ҳаҷми 8000 метри мукааб хобонида шудааст. Баъди ба анҷом расонидани корҳои бетони ҳамворкунанда, хобонидани бетони кӯбида барои таҳкурсии ядрои сарбанд оғоз меёбад.
Қайд карда шудааст, ки дар иншооти мазкур корҳои сохтмону васлгарӣ аз сӯи коргарону мутахассисони ширкати “Тоҷикгидроэлектромонтаж” сурат мегирад.
“То имрӯз корҳои сангу шағалхобонӣ дар сарбанд ба 1125 метр аз сатҳи баҳр расидааст”, - зикр кардааст дафтари матбуоти раисҷумҳур.
Ҳамзамон қайд карда шудааст, ки барои кашонидан ва қабат ба қабат хобондани маводи сарбанд коргарону мутахассисон аз мошину таҷҳизоти гаронвазни боркаш, булдозерҳо, экскаваторҳо ва дигар механизмҳои зарурӣ истифода намуда, кор дар иншооти мазкур шабонарӯзӣ ба роҳ монда шудааст.
Тибқи иттилои манбаъ, ҳаҷми умумии корҳои хобонидаи сангу шағал дар сарбанди асосӣ то имрӯз 16,7 миллион метри мукаабро ташкил медиҳад.
Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид ба масъулон дастур дод, ки ба сифати корҳо диққати аввалиндараҷа диҳанд.
Иттилоъ дода шудааст, ки айни ҳол оби обанбор дар нишонии 1070 метр аз сатҳи баҳр қарор дорад.
Андозаи болоии нигоҳдории об баъди обгирии пурраи обанбор 1 ҳазору 290 метр аз сатҳи баҳр хоҳад буд.
Ҳаҷми хобонидани маводи сарбанд 80 миллион метри мукааб ва масоҳати обанбор ба 170 километри мураббаъ мерасад.
Корҳои сохтмониро дар сарбанди неругоҳ ширкатҳои ватанию хориҷӣ бо ҷалби коргарону мутахассисони дорои таҷрибаи баланди тахассусӣ иҷро менамоянд.