https://sputnik.tj/20220712/nerugoh-roghun-charkha-1049931126.html
Кӣ барои нерӯгоҳи "Роғун" чарха месозад?
Кӣ барои нерӯгоҳи "Роғун" чарха месозад?
Sputnik Тоҷикистон
Тоҷикистон барои тавлиди чархаҳо барои нерӯгоҳи "Роғун", ки қаблан интизор мерафт, аз Украина оварда шаванд, бо ширкату кишварҳои дигар гуфтушунид дорад
2022-07-12T12:30+0500
2022-07-12T12:30+0500
2022-07-12T18:57+0500
дар тоҷикистон
энергетика
эмомалӣ раҳмон
буҷа
сохтмон
роғун
австрия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0a/0f/1032098006_0:159:3076:1889_1920x0_80_0_0_6cbf518c44035b5fa36b4499a436c8d8.jpg
ДУШАНБЕ, 12 июл — Sputnik. Мақомоти тоҷик барои сохтмони чархаҳои "Роғун" бо ширкатҳои истеҳсолии ҷаҳонӣ музокирот дорад. Дар ин бора Ҷамшед Шоимзода, муовини аввали вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ хабар дод. Ба гуфтаи ӯ, айни ҳол дар гуфтушунид бо як ширкат натиҷаҳои назаррас ҳосил шудааст, аммо ниҳоӣ нест ва хулоса баъдан пешниҳод хоҳад шуд. Шоимзода изҳор дошт, ки тафсилоти бештар дар доираи сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ба майдони сохтмони "Роғун", ки феълан идома дорад, ироа хоҳад шуд. Маврид ба зикр аст, ки айни ҳол ду чархаи нерӯгоҳи "Роғун" фаъолият доранд, ки дар корхонаҳои шаҳри Харкови Украина сохта шудаанд. Раисҷумҳури Тоҷикистон зимни боздид аз майдони сохтмони "Роғун" гуфт, ин иншооти стратегӣ ба ҳисоб рафта, аз ҷумлаи нақшаҳои асосии давлат ва ҳукумат дар самти таҳкими истиқлолияти энергетикӣ мебошад.Саривақт ва тибқи нақша ба истифода супоридани ҳар қитъаи сохтмонӣ ба рушди иқтисоди миллӣ замина мегузорад ва мардуми тоҷик ба азму ирода, неруи созандаи кормандони муҳандисию техникии неругоҳи барқи обии “Роғун” эътимоди қавӣ дорад, таъкид кардааст Раҳмон.Маврид ба зикр аст, ки феълан дар баробари ҷустуҷӯи сармоягузор ҳукумати Тоҷикистон аз ҳисоби буҷаи давлат ҳамасола маблағи муайянро ба сохтмони нерӯгоҳ равона мекунад.
https://sputnik.tj/20220712/kharidor-sarmoyaguzor-shoimzoda-roghun-1049928806.html
австрия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0a/0f/1032098006_174:0:2903:2047_1920x0_80_0_0_156fb5365c32c45733aa73a201baeb62.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
чарха, роғун, сохтмон, нерӯгоҳ
чарха, роғун, сохтмон, нерӯгоҳ
Кӣ барои нерӯгоҳи "Роғун" чарха месозад?
12:30 12.07.2022 (Навсозишуда: 18:57 12.07.2022) Тоҷикистон дар масъалаи тавлиди чархаҳо барои нерӯгоҳи "Роғун", ки қаблан интизор мерафт, аз Украина оварда шаванд, бо дигар ширкату кишварҳо гуфтушунид мекунад
ДУШАНБЕ, 12 июл — Sputnik. Мақомоти тоҷик барои сохтмони чархаҳои "Роғун" бо ширкатҳои истеҳсолии ҷаҳонӣ музокирот дорад.
Дар ин бора Ҷамшед Шоимзода, муовини аввали вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ хабар дод.
Ба гуфтаи ӯ, айни ҳол дар гуфтушунид бо як ширкат натиҷаҳои назаррас ҳосил шудааст, аммо ниҳоӣ нест ва хулоса баъдан пешниҳод хоҳад шуд.
Шоимзода изҳор дошт, ки тафсилоти бештар дар доираи сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ба майдони сохтмони "Роғун", ки феълан идома дорад, ироа хоҳад шуд.
Маврид ба зикр аст, ки айни ҳол ду чархаи нерӯгоҳи "Роғун" фаъолият доранд, ки дар корхонаҳои шаҳри Харкови Украина сохта шудаанд.
Раисҷумҳури Тоҷикистон зимни боздид аз майдони сохтмони "Роғун" гуфт, ин иншооти стратегӣ ба ҳисоб рафта, аз ҷумлаи нақшаҳои асосии давлат ва ҳукумат дар самти таҳкими истиқлолияти энергетикӣ мебошад.
Саривақт ва тибқи нақша ба истифода супоридани ҳар қитъаи сохтмонӣ ба рушди иқтисоди миллӣ замина мегузорад ва мардуми тоҷик ба азму ирода, неруи созандаи кормандони муҳандисию техникии неругоҳи барқи обии “Роғун” эътимоди қавӣ дорад, таъкид кардааст Раҳмон.
Маврид ба зикр аст, ки феълан дар баробари ҷустуҷӯи сармоягузор ҳукумати Тоҷикистон аз ҳисоби буҷаи давлат ҳамасола маблағи муайянро ба сохтмони нерӯгоҳ равона мекунад.