https://sputnik.tj/20220712/afzoishi-bozgasht-muhojiron-afghonistoni-eron-vatan-1049925801.html
Афзоиши назарраси бозгашти муҳоҷирони афғонистонӣ аз Эрон ба Ватан
Афзоиши назарраси бозгашти муҳоҷирони афғонистонӣ аз Эрон ба Ватан
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти Эрон гуфтааст, ки бо вуҷуди сели вурдуи ахир дар Афғонистон, мизони бозгашти муҳоҷирони афғонистонӣ ба кишварашон афзоиш ёфта аст
2022-07-12T10:20+0500
2022-07-12T10:20+0500
2022-07-12T11:28+0500
афғонистон
эрон
бозгашт
муҳоҷират
баргаштан
толибон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/14/1041759861_0:0:2748:1546_1920x0_80_0_0_c9ad543e350fc3d7ab8b7a0548c71a30.jpg
ДУШАНБЕ, 12 июл — Sputnik. Саидалии Қосимӣ, мудири кулли атбоъ ва муҳоҷирини хориҷии устони Хуросони Разавӣ, шимолу шарқи Эрон хабар додааст, ки дар охирин шумориши шаҳрвандони хориҷӣ дар ин устон ҳудуди 200 ҳазор нафар аз шаҳрвандони бедуни муҷавиз ва ғайриқонунӣ сабт шуданд, ки бисёре аз онҳо ба далели набуди шуғл ва қиматии маскан қасди бозгашт ба кишвари худро доранд.Оқои Қосимӣ таъкид кардааст, ки мавзеи Эрон дар ҷараёни таҳаввулоти Афғонистон ҳимоят аз мардуми ин кишвар аст.Вай гуфт, дар ҳавзаи масоили Афғонистон фориғ аз ин ки сатҳи равобити расмии Эрон бо толибон чӣ гуна аст, бояд иқрор шуд, ки амният дар Афғонистон дар давраи толибон дар муқоиса бо қабли беҳтар шудааст ва ҳамин сабаб шудааст, ки бозгашти муҳоҷирони афғонистонӣ аз Хуросони Разавӣ ба кишварашон афзоиш ёфтааст.Мудири кулли атбоъ ва муҳоҷирини хориҷии Хуросони Разавӣ таъкид доштааст, ки 95 дарсади ҷамъияти шаҳрвандони муҷоз ва ғайримуҷози хориҷӣ дар ин устон аксаран афғонистонии муқими Машҳад ҳастанд ва бар асоси тарҳи саршумории ҷадид ва омори гузашта, теъдоди шаҳрвандони афғонистонии сабтшуда ва ё дорои муҷавизи истиқомат дар Машҳад ҳудуди ним миллион нафар аст.Ёдовар мешавем, ки пеш аз тағйири ҳокимият дар Афғонистон ва рӯйи кор омадани толибон устони 6,9-миллионнафарии Хуросони Разавӣ мизбони 320 ҳазор нафар аз шаҳрвандони афғонистонии дорои муҷавиз, гузарнома ва корти омоиш буд, ки 95 дарсади ин гурӯҳ аз шаҳрвандони хориҷӣ дар калоншаҳри 3,9-миллионнафарии Машҳад сукунат доштанд.
https://sputnik.tj/20220711/rohbari-tolibon-hukumati-sad-dar-sadi-islomi-dar-afghoniston-hokim-khohad-shud-1049916052.html
афғонистон
эрон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/14/1041759861_305:0:2748:1832_1920x0_80_0_0_eeccb89ecb2deb699f3e51e998577629.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
афғонистон, эрон, муҳоҷирон, афғонистонӣ, бозгашт, ватан
афғонистон, эрон, муҳоҷирон, афғонистонӣ, бозгашт, ватан
Афзоиши назарраси бозгашти муҳоҷирони афғонистонӣ аз Эрон ба Ватан
10:20 12.07.2022 (Навсозишуда: 11:28 12.07.2022) Мақомоти Эрон гуфтаанд, ки бо вуҷуди вазъи Афғонистон дар рӯзҳои ахир мизони бозгашти муҳоҷирони афғонистонӣ ба кишварашон афзоиш ёфтааст
ДУШАНБЕ, 12 июл — Sputnik. Саидалии Қосимӣ, мудири кулли атбоъ ва муҳоҷирини хориҷии устони Хуросони Разавӣ, шимолу шарқи Эрон хабар додааст, ки дар охирин шумориши шаҳрвандони хориҷӣ дар ин устон ҳудуди 200 ҳазор нафар аз шаҳрвандони бедуни муҷавиз ва ғайриқонунӣ сабт шуданд, ки бисёре аз онҳо ба далели набуди шуғл ва қиматии маскан қасди бозгашт ба кишвари худро доранд.
Оқои Қосимӣ таъкид кардааст, ки мавзеи Эрон дар ҷараёни таҳаввулоти Афғонистон ҳимоят аз мардуми ин кишвар аст.
Вай гуфт, дар ҳавзаи масоили Афғонистон фориғ аз ин ки сатҳи равобити расмии Эрон бо толибон чӣ гуна аст, бояд иқрор шуд, ки амният дар Афғонистон дар давраи толибон дар муқоиса бо қабли беҳтар шудааст ва ҳамин сабаб шудааст, ки бозгашти муҳоҷирони афғонистонӣ аз Хуросони Разавӣ ба кишварашон афзоиш ёфтааст.
Мудири кулли атбоъ ва муҳоҷирини хориҷии Хуросони Разавӣ таъкид доштааст, ки 95 дарсади ҷамъияти шаҳрвандони муҷоз ва ғайримуҷози хориҷӣ дар ин устон аксаран афғонистонии муқими Машҳад ҳастанд ва бар асоси тарҳи саршумории ҷадид ва омори гузашта, теъдоди шаҳрвандони афғонистонии сабтшуда ва ё дорои муҷавизи истиқомат дар Машҳад ҳудуди ним миллион нафар аст.
Ёдовар мешавем, ки пеш аз тағйири ҳокимият дар Афғонистон ва рӯйи кор омадани толибон устони 6,9-миллионнафарии Хуросони Разавӣ мизбони 320 ҳазор нафар аз шаҳрвандони афғонистонии дорои муҷавиз, гузарнома ва корти омоиш буд, ки 95 дарсади ин гурӯҳ аз шаҳрвандони хориҷӣ дар калоншаҳри 3,9-миллионнафарии Машҳад сукунат доштанд.