Роҳбари толибон: Ҳукумати сад дарсад исломӣ дар Афғонистон ҳоким хоҳад шуд

© AP / Khwaja Tawfiq SediqiБоевики Талибана стоят на страже перед международным аэропортом Хамида Карзая после вывода американских войск в Кабуле
Боевики Талибана стоят на страже перед международным аэропортом Хамида Карзая после вывода американских войск в Кабуле - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.07.2022
Обуна шудан
Раҳбари толибон ахиран эълом кардааст, ки дар ояндаи наздик дар тамоми Афғонистон ҳукумати сад дарсад исломӣ ҳоким хоҳад шуд
ДУШАНБЕ, 11 июл — Sputnik. Ҳибатуллоҳ Охундзода, раҳбари толибон зимни суханрониаш дар масҷиди Қандаҳор гуфтааст,ки тамоми қонунҳое, ки дар ҳукумати гузаштаи Афғонистон тасвиб ва амали шуд, шаръи набуданд ва онҳо лағв хоҳад шуд, иттилоъ додааст “TOLONews”.
Ба иттилои манбаъ, раҳбари толибон ҳамчунин аз сокинони Афғонистон хостааст, ки аз ҳукумати кунунӣ дар Афғонистон пуштибонӣ ва қавонини шаръиро риъоят намоянд.
Ҳибатуллоҳ Охундзода ҳамчунин қайд кардааст, ки лоиаҳои тамоми вазоратхонаҳои дарвари Ашраф Ғанӣ ва Ҳомид Карзайро пас аз бозбинӣ чуночи ғайришаръи ва ба нафъи мардум набошад аз байн бурда мешавад.
Вай гуфт, толибон тасмим доранд як низоми холиси шаръи созанд.
Таджикистан и Афганистан: перспективы дружеского развития или острая конфронтация? - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.07.2022
Тоҷикистон ва Афғонистон: дурнамои иқтисодӣ ва амният - видео
Қаблан раҳбари толибон дар як паёме ба муносибати фаро расидани иди Қурбон аз кишварҳои дигар хоста буд зимни парҳез аз дахолат дар умури дохилии Афғонистон бо ҳукумати кунуни таъомул дошта бошанд.
Ёдовар мешавем, ки раисҷумҳурии Афғонистон рӯзи 15-уми август, замоне ки ҷангҷӯёни толибон дар паси дарвозаҳои Кобул истода буданд, кишварашро тарк кард.
Сафири Афғонистон дар Тоҷикистон Муҳаммад Заҳири Ағбар дар як нишасти матбуотӣ рафтори ӯро “хиёнат ба давлату миллат” номид ва иддао кард, ки “169 миллион доллари мардуми кишварро бо худ бурдааст”. Ӯ гуфт, Ғанӣ бояд боздошт шавад ва сарвати миллати Афғонистонро баргардонад.
Ашраф Ғанӣ дар паёме дар гуфта буд, “ман ҳеч чизе бо худ набурдаам. Берун овардани пул аз Афғонистон тавассути ман дурӯғ аст. Ман бо як пироҳан аз Афғонистон берун шудам. Ҳар касе бароятон гуфт, раиси ҷумҳуриятон шуморо фурӯхт ва барои манфиати молӣ ва ҳифзи ҷони хеш фирор кард, бовар накунед”.
Лентаи хабарҳо
0