https://sputnik.tj/20220710/volodin-vaz-ukraina-roh-osoishta-hal-1049893459.html
Володин бовар дорад, ки вазъ дар Украинаро метавон бо роҳи осоишта ҳал кард
Володин бовар дорад, ки вазъ дар Украинаро метавон бо роҳи осоишта ҳал кард
Sputnik Тоҷикистон
Раиси Думаи давлатии Русия бовар дорад, ки имкони ҳал кардани бӯҳрони Украинабо роҳи осоишта вуҷуд дошт, вале ин барои Иёлоти Муттаҳидаи Амрико судманд нест
2022-07-10T18:20+0500
2022-07-10T18:20+0500
2022-07-11T11:57+0500
дар русия
вячеслав володин
украина
сиёсат
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/05/05/1048213188_0:0:3211:1807_1920x0_80_0_0_97075f6f1f11d3123fee297aa793e722.jpg
ДУШАНБЕ, 10 июл — Sputnik. Вячеслав Володин, раиси Думаи давлатии Русия гуфт, вазъ дар Украинаро метавон бо роҳи сулҳомез ҳал кард, аммо ин барои Амрико ва сиёсатмадороне ба мисли Борис Ҷонсон, нахуствазири ҳамакнун муваққати Бритониё судманд нест."Маълум аст, ки вазъияти кунуниро метавон бо роҳи сулҳомез ҳал кард. Аммо мебинед, ин на ба Иёлоти Муттаҳида ва на барои онҳое, ки бо онҳо суруд мехонанд, фоидаовар нест. Аз ҷумла Борис Ҷонсон тарафдори сулҳ нест. Ин сиёсатмадорон, албатта, дар бораи оянда фикр намекунанд ва дар баробари ин нисбат ба сарнавишти мардуми Украина бепарво мебошанд", - изҳор дошт Володин дар барномаи "Парламентский час".Володин: Амалҳои Киев Русияро маҷбур мекунад, ки амалиёти вижаро идома диҳадҲамчунин, ба гуфтаи ӯ, имрӯз имкони раҳбарони давлатҳои аврупоӣ вуҷуд надорад, ки ҳангоми баррасии мушкилот, бахусус дар Аврупо, андешаи худро дар бораи ҳодисаҳои рухдода баён кунанд - "ҳоло онҳо ҳама розӣ ҳастанд".Қаблан Вячеслав Володин гуфт, ки Киев ҳама корҳоро мекунад, то нерӯҳои Русия дар марзҳои ҶМЛ ва ҶМД таваққуф накунанд.Ба гуфтаи ӯ, вазифа гузошта шудааст, ки сарбозону афсарон бо ҳама чизҳои зарурӣ таъмин ва масъалаҳои таҳкими комплекси саноатии ҳарбӣ ҳал карда шаванд.Ӯ гуфт зарбаҳо аз қаламрави Харков ба шаҳрҳои Русия зада мешавад, ки ки ин маҷбур ба идомаи амалиёт мебарад.Вай ҳамчунин қайд кард, ки "ҷаҳон беадолат аст", аз ин рӯ мавқеи раисиҷумҳури ИМА ва сарони кишварҳои аврупоӣ ин аст, ки ҷанг дар Украина то ҳадди имкон идома ёбад.
https://sputnik.tj/20220621/volodin-elita-ukraina-pushtiboni-nato-parokanda-1049389186.html
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/05/05/1048213188_264:0:2995:2048_1920x0_80_0_0_05a53320536f2a30346f59875a445b5f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
володин русия украина
Володин бовар дорад, ки вазъ дар Украинаро метавон бо роҳи осоишта ҳал кард
18:20 10.07.2022 (Навсозишуда: 11:57 11.07.2022) Раиси Думаи давлатии Русия бовар дорад, ки имкони ҳал кардани буҳрони Украина бо роҳи осоишта вуҷуд дошт, вале ин барои Иёлоти Муттаҳидаи Амрико судманд нест
ДУШАНБЕ, 10 июл — Sputnik. Вячеслав Володин, раиси Думаи давлатии Русия гуфт, вазъ дар Украинаро метавон бо роҳи сулҳомез ҳал кард, аммо ин барои Амрико ва сиёсатмадороне ба мисли Борис Ҷонсон, нахуствазири ҳамакнун муваққати Бритониё судманд нест.
"Маълум аст, ки вазъияти кунуниро метавон бо роҳи сулҳомез ҳал кард. Аммо мебинед, ин на ба Иёлоти Муттаҳида ва на барои онҳое, ки бо онҳо суруд мехонанд, фоидаовар нест. Аз ҷумла Борис Ҷонсон тарафдори сулҳ нест. Ин сиёсатмадорон, албатта, дар бораи оянда фикр намекунанд ва дар баробари ин нисбат ба сарнавишти мардуми Украина бепарво мебошанд", - изҳор дошт Володин дар барномаи "Парламентский час".
Ҳамчунин, ба гуфтаи ӯ, имрӯз имкони раҳбарони давлатҳои аврупоӣ вуҷуд надорад, ки ҳангоми баррасии мушкилот, бахусус дар Аврупо, андешаи худро дар бораи ҳодисаҳои рухдода баён кунанд - "ҳоло онҳо ҳама розӣ ҳастанд".
"Ин як бӯҳрон аст. Бӯҳрони системавӣ, ки ба элитаи кишварҳои аврупоӣ ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дахл дорад. Дар асл, ба назари ман, Амрико мехост ҷаҳонро соҳиб шавад, вале ҳоло кишварҳои кӯҳнаи аврупоиро хароб кард", - афзуд раиси Думаи давлатии Русия.
Қаблан Вячеслав Володин гуфт, ки Киев ҳама корҳоро мекунад, то нерӯҳои Русия дар марзҳои ҶМЛ ва ҶМД таваққуф накунанд.
Ба гуфтаи ӯ, вазифа гузошта шудааст, ки сарбозону афсарон бо ҳама чизҳои зарурӣ таъмин ва масъалаҳои таҳкими комплекси саноатии ҳарбӣ ҳал карда шаванд.
Ӯ гуфт зарбаҳо аз қаламрави Харков ба шаҳрҳои Русия зада мешавад, ки ки ин маҷбур ба идомаи амалиёт мебарад.
Вай ҳамчунин қайд кард, ки "ҷаҳон беадолат аст", аз ин рӯ мавқеи раисиҷумҳури ИМА ва сарони кишварҳои аврупоӣ ин аст, ки ҷанг дар Украина то ҳадди имкон идома ёбад.