Володин: Элитаи ҳокими Украина бидуни пуштибонии НАТО дар як рӯз пароканда мешавад

© Sputnik / Амир ИсаевВячеслав Володин в Российско-Таджикском (Славянском) университете
Вячеслав Володин в Российско-Таджикском (Славянском) университете - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.06.2022
Обуна шудан
Раиси Думаи давлатӣ таъкид кард, элитаи ҳокими Украина пулҳои худро дар суратҳисобҳои бонкҳои хориҷӣ нигоҳ дошта, наздиконашон берун аз ин кишвар қарор доранд
ДУШАНБЕ, 21 июн — Sputnik. Вазъият дар Украина як намоиши навбатии элитаи ҳокими кишвар шудааст, ки бидуни пуштибонии НАТО онҳо дар давоми як рӯз пароканда мешаванд.
Ин иддаоро раиси Думаи давлатӣ Вячеслав Володин дар шарҳи изҳороти Дмитрий Кулеба, вазири умури хориҷии Украина баён дошт.
Володин: Украина ба ҳеҷ ваҷҳ барои узвият дар Иттиҳоди Аврупо мувофиқ нест
Қаблан Кулеба дар барномаишабакаи телевизионии ARD гуфта буд, ҳатто агар интиқоли силоҳи ғарбӣ ба Киев қатъ шавад, кишвараш дар муқобили Русия истодагарӣ карда, ҳатто "бо бел меҷангад".
"Ҳамин ки НАТО интиқоли аслиҳаро бозмедорад ва ҳамчунин ирсоли зархаридонро бас мекунад, ҳамаатон дар давоми як рӯз пароканда мешавад", - афзудааст Володин дар Telegram -канали худ.
Вай таъкид кард, элитаи ҳокими Украина пулҳои худро дар суратҳисобҳои бонкҳои хориҷӣ нигоҳ медорад ва хонаводаҳои онҳо дар хориҷ аз Украина қарор доранд.
Барои шумо вазъи кунунии Украина як намоиши дигари телевизионӣ аст. Ва агар шумо - бори аввал дар умратон бел бигиред, пас танҳо барои худнамоӣ", - илова намудааст раиси Думаи давлатии Русия.
Қаблан, ӯ изҳор дошт, ки Украина на танҳо ба узвият дар ИА, балки ҳамчун номзад ба узвият ба ин иттиҳод низ мувофиқ нест.Володин бовар дорад, ки натиҷаи вазъе, ки ҳоло мавҷуд аст барои Украина ғамангез хоҳад шуд.
Лентаи хабарҳо
0