Пешбинии иқтисоддонҳо дар бораи гароншавии доллар

© Pixabay / Intellectual Сжигание стодолларовой купюры, архивное фото
Сжигание стодолларовой купюры, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.07.2022
Обуна шудан
Иқтисоддонҳо дар бораи қурби доллар иттифоқи назар надоранд: баъзеҳо аз болоравии он дар моҳи июл мегӯянд, иддаи дигар замони ин гардишро охири сол гуфтаанд
ДУШАНБЕ, 8 июл — Sputnik. Доллар метавонад дар моҳи июл ба ҳадди таърихияг бирасанд. Дар ин бора Богдан Зварич, сармутахассиси умури молиявии Banki.ru мегӯяд.
Ба гуфтаи ӯ, барои таҳкими "амрикоӣ" дар сатҳи 70 рубл, тағйироти куллӣ лозим аст, ба мисли таъсиси занҷирҳои нави воридотӣ.
Зварич таъкид кард, ки тағйирёбии қурби асъор ба ширкатҳои марбут ба фаъолияти иқтисодии хориҷӣ сахт зарба мезанад, зеро он пешгӯии гардиши пули нақдро коҳиш медиҳад.
"Илова бар ин, коҳиши якбораи қурби рубл метавонад ба таваррум тавассути болоравии нархи маҳсулоти воридотӣ таъсири манфӣ расонад”, — гуфт иқтисоддон.
Дар навбати худ Андрей Верников, сардори шӯъбаи таҳлили сармоягузорӣ ва омӯзиши ширкати сармоягузории Univer Capital, гуфт, дар ояндаи наздик қурби доллар дар ҳудуди 55-68 рубл бозӣ хоҳад кард.
Ба бовари ӯ то охири соли 2022 пули амрикоӣ метавонад ба 75 мерасад. Ба ин далел, ӯ маслиҳат дод, ки ҳоло асъорро нафурӯшед.
Рубли аз ҳад зиёд қавӣ барои иқтисоди Русия фоидаовар нест ва ҳоло мақомот кӯшиш мекунанд, ки ҷараёни онро ба сатҳи оптималӣ равона кунанд.
"Агар доллар ба 55 рубл наздик шавад, мудохилаи шифоҳӣ барои тазъифи рублро фаъол мекунанд ва инчунин кӯшиш мекунанд, ки бо харидани асъори кишварҳои ғайридӯст қурбро боло баранд", - шарҳ дод Верников.
Доллары на столе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.07.2022
Тағйирёбии арзиши доллар боиси тааҷҷуби таҳлилгарон шуд
Вай диққатро ба тадриҷан барқарор намудани воридот аз давлатҳои ба Россия дуст ҷалб намуд. Масалан, интиқол аз Туркия ба баландтарин сатҳи худ аз моҳи декабри соли 2021 расид.
Аз нав барқарор шудани қарздиҳии истеъмолӣ ва афзудани талаботи самарабахш низ мушоҳида карда мешавад.
Дар суҳбат бо агентии "Прайм" коршинос афзуд, ки дар моҳи июл 68 доллар фурӯхтани асъори амрикоӣ бамаврид аст.
Лентаи хабарҳо
0