https://sputnik.tj/20220708/foreign-policy-mardumi-amriko-putin-himoyat-1049852468.html
“Foreign Policy”: Як қисми мардуми Амрико аз Путин ҳимоят мекунад
“Foreign Policy”: Як қисми мардуми Амрико аз Путин ҳимоят мекунад
Sputnik Тоҷикистон
Нашрияи “Foreign Policy” дар як мақолаи ахире навиштааст, ки як қисми амрикоиҳо аз сиёсати раисҷумҳури Русия ҳимоят мекунанд
2022-07-08T15:00+0500
2022-07-08T15:00+0500
2022-07-08T21:19+0500
дар русия
амрико
има
сиёсат
владимир путин
ҷонибдорӣ
ҳимоят
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/06/11/1049285652_0:0:3308:1861_1920x0_80_0_0_caad94ee19932f9667b3fb33954d712d.jpg
ДУШАНБЕ, 8 июл — Sputnik. Нашрияи "Foreign Policy" менависад, низоъ дар Украина боиси парокандагии ҷомеаи Амрико шудааст, иттилоъ додааст РИА “Новости”.Тавре нашрия қайд кардааст, як қисми амрикоиҳо аз сиёсати Владимир Путин, раисҷумҳури Русия пуштибонӣ карда, ба равон кардани силоҳи нав ба Киев мухолифат карданд.Ӯ қайд кардааст, ки ин гуна мавқеъро ҳам ростгаро ва ҳам чапгаро гирифтаанд.Барои мисол, яке аз онҳо Такер Карлсон, барандаи як барномаи маъруфи амрикоӣ дар шабакаи телевизионии Fox News аст, ки аз сиёсати Кремл "тарафдорӣ" мекунад."Дар ҳамин ҳол, рӯшанфикрони чапгарои амрикоӣ Ноам Хомский тавсеаи НАТО-ро сабаби аслии низоъ дар Украина донист", илова кардааст муаллиф.Ӯ қайд кардааст, ки бисёриҳо сиёсати президенти Украина Владимир Зеленскийро танқид мекунанд.Ҳамаи ин вокеаҳо тақсимшавии дар дохили ИМА нишон медиҳад. Мқаллиф қайд мекунад, ки ин аз он шаҳодат медиҳад, ки Вашингтон пеш аз ҳама бояд дар навбати аввал мушкилоти дохилиро ҳал кунад.Дар пасманзари амалиёти вижаи Русия дар Украина, Вашингтон ва муттаҳидонаш дар НАТО ба равон кардани аслиҳа ба Украина идома медиҳанд. Маскав борҳо изҳор доштааст, ки равон карани силоҳи ғарбӣ танҳо муноқишаро тамдид мекунад ва ҳамлу нақли ин силоҳҳо ҳадафи қонунии Нерӯҳои мусаллаҳи Русия хоҳанд шуд.Русия рӯзи 24 феврал дар Украина амалиёти вижаро оғоз кард. Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки ҳашт сол боз таҳти генотсид аз ҷониби режими Киев қарор гирифта буданд."Ба гуфтаи вазорати дифои Русия, вазифаҳои асосии марҳилаи аввал аллакай иҷро шудаанд – иқтидори ҷангии Украина ба таври қобили мулоҳиза коҳиш ёфтааст. Ҳадафи асосиро Русия озодкунии Донбасс медонад.
https://sputnik.tj/20220706/rohbari-tolibon-bo-amriko-va-tamomi-jahon-khostori-munosibati-qavi-va-nek-hastem-1049801383.html
https://sputnik.tj/20220701/uzvi-kongresi-ima-maqomoti-amriko-nato-khorij-1049674107.html
амрико
има
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/06/11/1049285652_345:0:3074:2047_1920x0_80_0_0_03f0a3499dd88540b20069ee2a0992ed.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия, амрико, владимир путин, ҳимоят, маҳбубият, раисҷумҳур, сиёсат
русия, амрико, владимир путин, ҳимоят, маҳбубият, раисҷумҳур, сиёсат
“Foreign Policy”: Як қисми мардуми Амрико аз Путин ҳимоят мекунад
15:00 08.07.2022 (Навсозишуда: 21:19 08.07.2022) Нашрияи “Foreign Policy” дар як мақолаи ахири худ навиштааст, ки як қисми амрикоиҳо аз сиёсати раисҷумҳури Русия ҳимоят мекунанд
ДУШАНБЕ, 8 июл — Sputnik. Нашрияи "Foreign Policy" менависад, низоъ дар Украина боиси парокандагии ҷомеаи Амрико шудааст, иттилоъ додааст РИА “Новости”.
Тавре нашрия қайд кардааст, як қисми амрикоиҳо аз сиёсати Владимир Путин, раисҷумҳури Русия пуштибонӣ карда, ба равон кардани силоҳи нав ба Киев мухолифат карданд.
"Маскав дар Иёлоти Муттаҳида шарикони фаъол пайдо кардааст. Аксари аъзоёни ҳизби ҷумҳурихоҳон ошкоро тарафи Русияро гирифтанд",- таъкид кардааст муаллифи мақола.
Ӯ қайд кардааст, ки ин гуна мавқеъро ҳам ростгаро ва ҳам чапгаро гирифтаанд.
Барои мисол, яке аз онҳо Такер Карлсон, барандаи як барномаи маъруфи амрикоӣ дар шабакаи телевизионии Fox News аст, ки аз сиёсати Кремл "тарафдорӣ" мекунад.
"Дар ҳамин ҳол, рӯшанфикрони чапгарои амрикоӣ Ноам Хомский тавсеаи НАТО-ро сабаби аслии низоъ дар Украина донист", илова кардааст муаллиф.
Ӯ қайд кардааст, ки бисёриҳо сиёсати президенти Украина Владимир Зеленскийро танқид мекунанд.
Ҳамаи ин вокеаҳо тақсимшавии дар дохили ИМА нишон медиҳад. Мқаллиф қайд мекунад, ки ин аз он шаҳодат медиҳад, ки Вашингтон пеш аз ҳама бояд дар навбати аввал мушкилоти дохилиро ҳал кунад.
Дар пасманзари амалиёти вижаи Русия дар Украина, Вашингтон ва муттаҳидонаш дар НАТО ба равон кардани аслиҳа ба Украина идома медиҳанд. Маскав борҳо изҳор доштааст, ки равон карани силоҳи ғарбӣ танҳо муноқишаро тамдид мекунад ва ҳамлу нақли ин силоҳҳо ҳадафи қонунии Нерӯҳои мусаллаҳи Русия хоҳанд шуд.
Русия рӯзи 24 феврал дар Украина амалиёти вижаро оғоз кард. Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки ҳашт сол боз таҳти генотсид аз ҷониби режими Киев қарор гирифта буданд."
Ба гуфтаи вазорати дифои Русия, вазифаҳои асосии марҳилаи аввал аллакай иҷро шудаанд – иқтидори ҷангии Украина ба таври қобили мулоҳиза коҳиш ёфтааст. Ҳадафи асосиро Русия озодкунии Донбасс медонад.