https://sputnik.tj/20220706/rohbari-tolibon-bo-amriko-va-tamomi-jahon-khostori-munosibati-qavi-va-nek-hastem-1049801383.html
Роҳбари толибон: Бо Амрико ва тамоми ҷаҳон хостори муносибати “қавӣ ва нек” ҳастем
Роҳбари толибон: Бо Амрико ва тамоми ҷаҳон хостори муносибати “қавӣ ва нек” ҳастем
Sputnik Тоҷикистон
Роҳбари толибон дар паёмаш ба муносибати Иди саиди Қурбон гуфта, ки ба шумули ИМА бо тамоми кишварҳои ҷаҳон хостори таомули дипломатик ҳастем
2022-07-06T21:20+0500
2022-07-06T21:20+0500
2022-07-06T21:20+0500
афғонистон
толибон
ҳамкорӣ
муносибат
амрико
ҳамсоя
равобит
роҳбар
осиёи марказӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/11/1041680765_0:160:3073:1888_1920x0_80_0_0_49b66a7a874198a7ba9cbf9e29c83335.jpg
ДУШАНБЕ, 6 июл — Sputnik. Ҳибатуллоҳ Охундзода, роҳбари толибон дар паёме ба муносибати Иди Қурбон гуфтааст, ки ин гурӯҳ дар чаҳорчуби таъомул ва тааҳҳудоти мутақобил ба дунболи муносиботи диплумотик "ҳасана ва қавӣ" бо тамоми ҷаҳон ба шумули Амрико аст.Ӯ дар ин паём ки ахиран мунташир шуд, гуфтааст, толибон ба кишварҳои ҳамсоя ва ҷаҳон итминон медиҳанд, ба ҳеҷ касе иҷоза нахоҳад дод то бо истифода аз хоки Афғонистон алайҳи ҳамсоя кишварҳояш хатар эъҷод кунад.Ин итминони раҳбари толибон дар ҳолеаст, ки асри дирӯз аз шаҳраки марзии Ҳайратон дар шимоли Афғонистон, чаҳор фарванд ракет ба хоки Ӯзбекистон шилик шуд.Вазорати хориҷаи Ӯзбекистон гуфтааст, ки бар асари исобати ин ракетҳо, чаҳор хонаи маскунӣ дар шаҳри Тирмизи ин кишвари осеби ҷузъӣ дидааст.Мақомҳои толибони пеш аз ин ҳам борҳо дар бораи адами истифодаи хоки Афғонистони алайҳи соири кишварҳо итминон додаанд; аммо шуморе аз кишварҳои ҳамсояи Афғонистон ҳамчунон дар ин замина нигаронӣ доранд.Раҳбари толибон дар паёми идонаи худ бо таъкид бар адами мудохилаи кишварҳо дар умури Афғонистон, гуфтааст ки ин гурӯҳ бо тамоми ҷаҳон ба шумули Амрико дар чаҳорчуби таъомул ва тааҳҳудоти мутақобил хоҳони роҳандозии муносиботи дипломатик, иқтисодӣ, сиёсии "ҳасана ва қавӣ" аст ва онро ба хайри тамом ҷаҳон медонад.Раҳбари толибон дар паёми идонааш ҳеҷ ишорае ба азсаргирии макотиб духтарона накардааст.Раҳбари толибони иброз умедворӣ кардааст, ки мардуми Афғонистони ҳимояташанро аз ин гурӯҳ эълом кунанд.
https://sputnik.tj/20220705/stanakzay-eroniho-dustu-barodari-millati-afghoniston-1049771685.html
афғонистон
амрико
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/11/1041680765_170:0:2901:2048_1920x0_80_0_0_ca185421d3da048b1e32fe2f4affcd23.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
афғонистон, толибон, ҳибатуллоҳ, муносибат, иди рамазон, амрико, ҳамсоягон
афғонистон, толибон, ҳибатуллоҳ, муносибат, иди рамазон, амрико, ҳамсоягон
Роҳбари толибон: Бо Амрико ва тамоми ҷаҳон хостори муносибати “қавӣ ва нек” ҳастем
Роҳбари толибон дар паёмаш ба муносибати Иди саиди Қурбон гуфта, ки бо шумули ИМА бо тамоми кишварҳои ҷаҳон хостори таомули дипломатик ҳастанд
ДУШАНБЕ, 6 июл — Sputnik. Ҳибатуллоҳ Охундзода, роҳбари толибон дар паёме ба муносибати Иди Қурбон гуфтааст, ки ин гурӯҳ дар чаҳорчуби таъомул ва тааҳҳудоти мутақобил ба дунболи муносиботи диплумотик "ҳасана ва қавӣ" бо тамоми ҷаҳон ба шумули Амрико аст.
Ӯ дар ин паём ки ахиран мунташир шуд, гуфтааст, толибон ба кишварҳои ҳамсоя ва ҷаҳон итминон медиҳанд, ба ҳеҷ касе иҷоза нахоҳад дод то бо истифода аз хоки Афғонистон алайҳи ҳамсоя кишварҳояш хатар эъҷод кунад.
Ин итминони раҳбари толибон дар ҳолеаст, ки асри дирӯз аз шаҳраки марзии Ҳайратон дар шимоли Афғонистон, чаҳор фарванд ракет ба хоки Ӯзбекистон шилик шуд.
Вазорати хориҷаи Ӯзбекистон гуфтааст, ки бар асари исобати ин ракетҳо, чаҳор хонаи маскунӣ дар шаҳри Тирмизи ин кишвари осеби ҷузъӣ дидааст.
Мақомҳои толибони пеш аз ин ҳам борҳо дар бораи адами истифодаи хоки Афғонистони алайҳи соири кишварҳо итминон додаанд; аммо шуморе аз кишварҳои ҳамсояи Афғонистон ҳамчунон дар ин замина нигаронӣ доранд.
Раҳбари толибон дар паёми идонаи худ бо таъкид бар адами мудохилаи кишварҳо дар умури Афғонистон, гуфтааст ки ин гурӯҳ бо тамоми ҷаҳон ба шумули Амрико дар чаҳорчуби таъомул ва тааҳҳудоти мутақобил хоҳони роҳандозии муносиботи дипломатик, иқтисодӣ, сиёсии "ҳасана ва қавӣ" аст ва онро ба хайри тамом ҷаҳон медонад.
Раҳбари толибон дар паёми идонааш ҳеҷ ишорае ба азсаргирии макотиб духтарона накардааст.
Раҳбари толибони иброз умедворӣ кардааст, ки мардуми Афғонистони ҳимояташанро аз ин гурӯҳ эълом кунанд.