https://sputnik.tj/20220704/shoygu-hisobot-putin-talaf-sarboz-ukrain-1049733728.html
Шойгу дар ҳисоботи худ ба Путин аз талафоти бузурги сарбозони украинӣ дар ду ҳафта гуфт
Шойгу дар ҳисоботи худ ба Путин аз талафоти бузурги сарбозони украинӣ дар ду ҳафта гуфт
Sputnik Тоҷикистон
Қувваҳои мусаллаҳи Русия дар якҷоягӣ бо милитсияи халқии ҶМЛ минтақаи Лисичанск ва маҳаллаҳои гирду атрофи онро пурра зери назорати худ қарор дароварданд
2022-07-04T18:10+0500
2022-07-04T18:10+0500
2022-07-04T18:10+0500
дар русия
сергей шойгу
владимир путин
вазорати мудофиаи русия
амният ва мудофиа
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/0d/1044795248_0:0:3186:1793_1920x0_80_0_0_c69325b925a178a2a4e3964114cb04e8.jpg
ДУШАНБЕ, 4 июл — Sputnik. Вазири дифои Русия Сергей Шойгу дар мулоқот бо раисиҷумҳур Владимир Путин аз анҷоми бомуваффақияти амалиёти озодкунии Ҷумҳурии Мардумии Луганск хабар дод, менависадр РИА "Новости"."Дар давоми ду ҳафта ҷангҷӯён дар Горском котле, минтақаҳои Лисичанск ва Северодонетск муҳосира ва маҳв шуданд. Ҳамчунин 25 маҳаллаи аҳолинишин, ки бузургтарини онҳо Северодонетск, Золоте, Горское, Волчеяровка мебошанд, таҳти назорат гирифта шуданд", - ҳисобот дод Шойгу.Ба гуфтаи вай, дар ҷараёни озод кардани нерӯҳои муттаҳидшуда артиши Украина дар ду ҳафта тақрибан 5,5 ҳазор нафар талаф ёфт.Дар ин муддат низомиёни Русия ва ҷузъу томҳои милитсияи халқии ҶМЛ 196 танку зиреҳпӯши украинӣ, 12 ҳавопаймо ва як чархбол, 69 ҳавопаймои бесарнишин, 6 системаи мушакии дурпарвоз, 97 мошини мушакии ҷангиро нобуд карданд.Путин дар навбати худ гуфт, воҳидҳое, ки дар озодсозии ҶМЛ иштирок доранд, бояд истироҳат кунанд ва "қобилияти ҷангии худро афзоиш диҳанд"."Қисмҳои ҳарбӣ, аз ҷумла гурӯҳҳои "Шарқ" ва "Ғарб" бояд вазифаҳои худро тибқи нақшаҳои қаблан тасдиқшуда, иҷро кунанд. Умедворам, ки ҳама чиз бо самти онҳо идома хоҳад ёфт, чунон ки то ҳол дар Луганск идома дошт", - гуфт президент.Сарвари Русия ҳамчунин пешниҳод кард, ки ҳамаи иштирокдорони амалиёти вижа дар Украина мукофотонида шаванд.
https://sputnik.tj/20220704/putin-neru-lugansk-istirohat-1049732123.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/0d/1044795248_455:0:3186:2048_1920x0_80_0_0_0097b8073ad3455835b1877d0e086838.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
шойгу путин ҳисобот
Шойгу дар ҳисоботи худ ба Путин аз талафоти бузурги сарбозони украинӣ дар ду ҳафта гуфт
Қувваҳои мусаллаҳи Русия дар якҷоягӣ бо милитсияи халқии ҶМЛ минтақаи Лисичанск ва маҳаллаҳои гирду атрофи онро пурра зери назорати худ қарор дароварданд
ДУШАНБЕ, 4 июл — Sputnik. Вазири дифои Русия Сергей Шойгу дар мулоқот бо раисиҷумҳур Владимир Путин аз анҷоми бомуваффақияти амалиёти озодкунии Ҷумҳурии Мардумии Луганск хабар дод, менависадр РИА "Новости".
"Дар давоми ду ҳафта ҷангҷӯён дар Горском котле, минтақаҳои Лисичанск ва Северодонетск муҳосира ва маҳв шуданд. Ҳамчунин 25 маҳаллаи аҳолинишин, ки бузургтарини онҳо Северодонетск, Золоте, Горское, Волчеяровка мебошанд, таҳти назорат гирифта шуданд", - ҳисобот дод Шойгу.
Ба гуфтаи вай, дар ҷараёни озод кардани нерӯҳои муттаҳидшуда артиши Украина дар ду ҳафта тақрибан 5,5 ҳазор нафар талаф ёфт.
"Талофоти умумии қувваҳои мусаллаҳи Украина 5469 нафарро ташкил дод, аз ҷумла 2218 нафар қурбон шуда, 3251 нафари дигар ҷароҳатдор", - шарҳ дод вазир.
Дар ин муддат низомиёни Русия ва ҷузъу томҳои милитсияи халқии ҶМЛ 196 танку зиреҳпӯши украинӣ, 12 ҳавопаймо ва як чархбол, 69 ҳавопаймои бесарнишин, 6 системаи мушакии дурпарвоз, 97 мошини мушакии ҷангиро нобуд карданд.
Путин дар навбати худ гуфт, воҳидҳое, ки дар озодсозии ҶМЛ иштирок доранд, бояд истироҳат кунанд ва "қобилияти ҷангии худро афзоиш диҳанд".
"Қисмҳои ҳарбӣ, аз ҷумла гурӯҳҳои "Шарқ" ва "Ғарб" бояд вазифаҳои худро тибқи нақшаҳои қаблан тасдиқшуда, иҷро кунанд. Умедворам, ки ҳама чиз бо самти онҳо идома хоҳад ёфт, чунон ки то ҳол дар Луганск идома дошт", - гуфт президент.
Сарвари Русия ҳамчунин пешниҳод кард, ки ҳамаи иштирокдорони амалиёти вижа дар Украина мукофотонида шаванд.