https://sputnik.tj/20220704/putin-neru-lugansk-istirohat-1049732123.html
Путин: Нерӯҳои пирӯзшуда дар Луганск бояд истироҳат кунанд
Путин: Нерӯҳои пирӯзшуда дар Луганск бояд истироҳат кунанд
Sputnik Тоҷикистон
Воҳидҳое, ки дар озодсозии ҷумҳурии Луганск иштирок доштанд, бояд истироҳат кунанду тавони ҷангияшонро таҳким бахшанд, гуфт раисҷумҳури Русия
2022-07-04T17:34+0500
2022-07-04T17:34+0500
2022-07-04T17:56+0500
дар русия
амалиёт
луганск
владимир путин
сергей шойгу
истироҳат
путин
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/04/1b/1048018356_0:0:3015:1696_1920x0_80_0_0_d2d4a543ea39add5d9367c733a7c1ff8.jpg
ДУШАНБЕ, 4 июл — Sputnik. Воҳидҳои низомие, ки дар самти Луганск пирӯзӣ ба даст оварданд, бояд истироҳат кунанд, изҳор дошт раисҷумҳури Русия, Владимир Путин, дар мулоқот бо Сергей Шойгу, вазири мудофиаи ФР. Ӯ муҳим хонд, ки зимни истироҳат тавони ҷангии ин воҳидҳо таҳким бахшида шавад. Дар зимн вай барои сохтору воҳидҳои дигари низомӣ, аз ҷумла "Восток" ва "Запад" муҳим хонд, ки ҳадафҳои гузошташударо тибқи нақшаи қаблан тасдиқшуда иҷро кунанд. Ин дар ҳолест, ки Шойгу 3 июл ба раисҷумҳури Русия, сарфармондеҳи қувваҳои мусаллаҳ ҳисобот дод, ки Луганск пурра озод шуд.Гузориш дар ҳоле садо дод, ки нерӯҳои муштараки низомиёни Русия ва милисаи мардумии Луганск шаҳри Лисичанск - охирин шаҳри собиқ вилояти Луганскро, ки таҳти назорати нерӯҳои украинӣ буд, муҳосира намуданд. Майдони озодшуда тайи шабонарӯзи охир 182 километри мураббаъ арзёбӣ гардида буд. Русия 24 феврали соли равон дар Украина амалиёти низомиро оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи мардум, ки тӯли 8 сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд", номид.Ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "ғайринизомикунонии Украина" анҷом шуда, тамоми ҷинояткорони ҷангии масъули "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.Вазорати дифои Русия, таъкид кард, ки нерӯҳои мусаллаҳ танҳо қисмҳои низомӣ ва нерӯҳои Украинаро ҳадаф қарор медиҳанду барои аҳолии осоишта хатаре вуҷуд надорад.
https://sputnik.tj/20220703/kreml-kiev-talaboti-rusiya-1049707252.html
луганск
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/04/1b/1048018356_0:0:2729:2047_1920x0_80_0_0_48f4eeb683a4f9337a15b8f67b1bafca.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
воҳид, озодсозӣ, луганск, путин
воҳид, озодсозӣ, луганск, путин
Путин: Нерӯҳои пирӯзшуда дар Луганск бояд истироҳат кунанд
17:34 04.07.2022 (Навсозишуда: 17:56 04.07.2022) Воҳидҳое, ки дар озодсозии Ҷумҳурии Луганск иштирок доштанд, бояд истироҳат кунанду тавони ҷангияшонро таҳким бахшанд, гуфт раисҷумҳури Русия
ДУШАНБЕ, 4 июл — Sputnik. Воҳидҳои низомие, ки дар самти Луганск пирӯзӣ ба даст оварданд, бояд истироҳат кунанд, изҳор дошт раисҷумҳури Русия, Владимир Путин, дар мулоқот бо Сергей Шойгу, вазири мудофиаи ФР.
Ӯ муҳим хонд, ки зимни истироҳат тавони ҷангии ин воҳидҳо таҳким бахшида шавад.
"Воҳидҳое, ки фаъолона дар амалиёти ҷангӣ иштирок карданду муваффақ шуданд, пирӯзиро дар самти Луганск ба даст оварданд, бидуни шак бояд истироҳат кунанд, зарфияти ҷангияшонро бештар намоянд", - изҳор дошт Путин.
Дар зимн вай барои сохтору воҳидҳои дигари низомӣ, аз ҷумла "Восток" ва "Запад" муҳим хонд, ки ҳадафҳои гузошташударо тибқи нақшаи қаблан тасдиқшуда иҷро кунанд.
Ин дар ҳолест, ки Шойгу 3 июл ба раисҷумҳури Русия, сарфармондеҳи қувваҳои мусаллаҳ ҳисобот дод, ки Луганск пурра озод шуд.
Гузориш дар ҳоле садо дод, ки нерӯҳои муштараки низомиёни Русия ва милисаи мардумии Луганск шаҳри Лисичанск - охирин шаҳри собиқ вилояти Луганскро, ки таҳти назорати нерӯҳои украинӣ буд, муҳосира намуданд. Майдони озодшуда тайи шабонарӯзи охир 182 километри мураббаъ арзёбӣ гардида буд.
Русия 24 феврали соли равон дар Украина амалиёти низомиро оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи мардум, ки тӯли 8 сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд", номид.
Ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "ғайринизомикунонии Украина" анҷом шуда, тамоми ҷинояткорони ҷангии масъули "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Вазорати дифои Русия, таъкид кард, ки нерӯҳои мусаллаҳ танҳо қисмҳои низомӣ ва нерӯҳои Украинаро ҳадаф қарор медиҳанду барои аҳолии осоишта хатаре вуҷуд надорад.