https://sputnik.tj/20220704/qurb-rubl-birzha-maskav-1049723529.html
Қурби рубл дар биржаи Маскав каме поин рафт
Қурби рубл дар биржаи Маскав каме поин рафт
Sputnik Тоҷикистон
Арзиши доллари амрикоӣ дар биржаи Маскав майли болоравӣ дошта, ба нишондоди баландтарин дар давоми ду ҳафтаи охир расидааст
2022-07-04T14:20+0500
2022-07-04T14:20+0500
2022-07-04T14:20+0500
дар русия
иқтисод
рубл
қурб
коҳиш
маскав
евро
доллар
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/05/19/1048690112_0:156:3077:1887_1920x0_80_0_0_e63b46bd6534421e97c1e961edd9e909.jpg
ДУШАНБЕ, 4 июл — Sputnik. Қурби евро ва доллар ба нишондоди баландтарин дар баробари рубл тайи 2 ҳафтаи охир - аз 20 июн ба ин сӯй расидаанд, хабар дод РИА "Новости" бо такя ба биржаи Маскав. Ба иттилои манбаъ, қурби рубли Русия дар нисбати доллари амрикоӣ то 56,5 ва дар нисбати евро то 58,9 кам шудаст. Арзиши доллар ба ҳисоби рӯзи 5 июн дар сатҳи 55,4 рубл ва евро 57,5 рубл муқаррар шудааст. Маврид ба зикр аст, ки Бонки марказии Русия қурби расмии доллар ва евро нисбат ба рублро дар рӯзҳои корӣ бо такя ба қурби бозорӣ дар Биржаи Маскав муайян мекунад.Идомаи коҳиши арзиши арзиши асъори хориҷӣ дар ҳоле сурат мегирад, ки қурби мусоиди доллар барои иқтисоди Русия дар сатҳи 70-80 рубл арзёбӣ мешавад, изҳор дошт ахиран ноиби аввали сарвазири ФР, Андрей Белоусов.Ӯ гуфт, ҳукумати Русия талош дорад, то қурби долларро дар сатҳи мусоид расонад. Белоусов мегӯяд, василаҳое, ки барои устувории рубл дар шароити қурби шинокунанда мусоидат мекарданд, феълан амалан муассир нестанд."Сабабаш масдудсозии захираҳои Бонки Русия ва дар натиҷа лағви қоидаҳои буҷетӣ мебошад", - тавзеҳ дод Белоусов.Дар зимн асъори миллӣ бояд то сатҳи мусоид ҳарчи зудтар поин равад, таъкид намуда буд ноиби сарвазири Русия.Маврид ба зикр аст, ки дар пайи оғози амалиёти низомии Русия дар Украина дар моҳи феврали соли равон қурби рубл то ба ҳадди бесобиқа поин рафт, аммо баъдан рӯй ба устуворӣ ниҳод.
https://sputnik.tj/20220704/tojikiston-pulho-nav-muomilot-1049717087.html
маскав
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/05/19/1048690112_0:0:2729:2047_1920x0_80_0_0_87b4fef1499144276f3a5d9dd30e282c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
коҳиш, қурб, рубл, биржа, маскав
коҳиш, қурб, рубл, биржа, маскав
Қурби рубл дар биржаи Маскав каме поин рафт
Арзиши доллари амрикоӣ дар биржаи Маскав майли болоравӣ дошта, ба нишондоди баландтарин дар давоми ду ҳафтаи охир расидааст
ДУШАНБЕ, 4 июл — Sputnik. Қурби евро ва доллар ба нишондоди баландтарин дар баробари рубл тайи 2 ҳафтаи охир - аз 20 июн ба ин сӯй расидаанд, хабар дод РИА "Новости" бо такя ба биржаи Маскав.
Ба иттилои манбаъ, қурби рубли Русия дар нисбати доллари амрикоӣ то 56,5 ва дар нисбати евро то 58,9 кам шудаст.
Арзиши доллар ба ҳисоби рӯзи 5 июн дар сатҳи 55,4 рубл ва евро 57,5 рубл муқаррар шудааст.
Маврид ба зикр аст, ки Бонки марказии Русия қурби расмии доллар ва евро нисбат ба рублро дар рӯзҳои корӣ бо такя ба қурби бозорӣ дар Биржаи Маскав муайян мекунад.
Идомаи коҳиши арзиши арзиши асъори хориҷӣ дар ҳоле сурат мегирад, ки қурби мусоиди доллар барои иқтисоди Русия дар сатҳи 70-80 рубл арзёбӣ мешавад, изҳор дошт ахиран ноиби аввали сарвазири ФР, Андрей Белоусов.
Ӯ гуфт, ҳукумати Русия талош дорад, то қурби долларро дар сатҳи мусоид расонад. Белоусов мегӯяд, василаҳое, ки барои устувории рубл дар шароити қурби шинокунанда мусоидат мекарданд, феълан амалан муассир нестанд.
"Сабабаш масдудсозии захираҳои Бонки Русия ва дар натиҷа лағви қоидаҳои буҷетӣ мебошад", - тавзеҳ дод Белоусов.
Дар зимн асъори миллӣ бояд то сатҳи мусоид ҳарчи зудтар поин равад, таъкид намуда буд ноиби сарвазири Русия.
Маврид ба зикр аст, ки дар пайи оғози амалиёти низомии Русия дар Украина дар моҳи феврали соли равон қурби рубл то ба ҳадди бесобиқа поин рафт, аммо баъдан рӯй ба устуворӣ ниҳод.