Дар Тоҷикистон пулҳои нав ба муомилот бароварда шуданд - акс

© Sputnik / Стас ЭтвешМонеты, архивное фото
Монеты, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.07.2022
Обуна шудан
Тангаҳои нави пули миллӣ дар соли ҷорӣ аз ҷониби БМТ бароварда шуданд: онҳо дар баробари дигар пулҳои чопшуда вориди муомилот мешаванд
ДУШАНБЕ, 4 июл — Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон тангаҳои нави пули миллии соли 2022-ро ба муомилот баровардааст, хабар медиҳад дафтари матбуоти БМТ.
Дар асоси қарори роҳбарияти Бонки миллӣ бо мақсади таъмини иқтисодиёт бо нишонаҳои пулӣ аз 1 июли соли 2022 пулҳои нав ба муомилот бароварда шуданд.
Аксҳои расмии нашршуда нишон медиҳанд, ки дар тангаҳои нав кӣ тасвир шудааст.
Инак, дар тангаи 50 дирам мисли пештара герби кишвар сикка шудааст. Дар тангае, ки арзишаш 1-сомонӣ аст — симои шоири халқии тоҷик Мирзо Турсунзода.
Дар рӯи 3-сомонӣ расми арбоби сиёсӣ, ҳизбӣ ва давлатӣ, асосгузори ҶШС Тоҷикистон, Қаҳрамони Тоҷикистон - Шириншо Шотемур нақшбандӣ шудааст.
© Нацбанк ТаджикистанаНовые монеты в Таджикистане 2022
Новые монеты в Таджикистане 2022 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.07.2022
Новые монеты в Таджикистане 2022
Дар тангаи сеюми арзишаш 5-сомонӣ, симои асосгузори адабиёти советии точик, Қаҳрамони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ аст.
Муайян шудааст, ки тангаҳои нав дар баробари тангаҳои дигари қаблан муомилотшуда дар гардиш қарор хоҳад гирифт.
Қобили зикр аст, ки дар Тоҷикистон пулҳои металлӣ дар солҳои 2001, 2006, 2011, 2015 ва 2017 вориди муомилот шуда буданд.
Бори охир дар кишвар тангаҳо бо арзишҳои 1, 3, 5 сомонӣ ва 10, 20 ва 50 дирам моҳи июни соли 2018 ба муомилот бароварда шуданд.
Лентаи хабарҳо
0