https://sputnik.tj/20220703/kreml-kiev-talaboti-rusiya-1049707252.html
Кремл: Киев дер ё зуд ба дарки талаботи Русия мерасад
Кремл: Киев дер ё зуд ба дарки талаботи Русия мерасад
Sputnik Тоҷикистон
Дар ҳоле, ки ташаббусҳо аз Ғарб барои ҳалли буҳрони Украина аз тариқи музокирот кам шудааст, Киевро зарур меояд, дер ё зуд сари мизи гуфтушунид баргардад
2022-07-03T17:01+0500
2022-07-03T17:01+0500
2022-07-04T19:14+0500
дар русия
амният ва мудофиа
музокирот
киев
талабот
кремл
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/05/11/1048511879_0:160:3073:1888_1920x0_80_0_0_12b3d185ce9430405f1b763f00eda8ed.jpg
ДУШАНБЕ, 3 июл — Sputnik. Дер ё зуд хирад боло мегираду Киев бо дарки талаботи Русия сари мизи музокирот менишинад, изҳор дошт Дмитрий Песков, сухангӯи раисҷумҳури ФР. Ӯ зимни суҳбат аз тариқаи шабакаи "Россия 1" дар мавриди иддаои зӯргӯёна аз сӯи бархе аз мақомдорони хориҷӣ, зикр намуд, ки ташаббусҳо аз Ғарб барои ҳалли буҳрони Украина аз тариқи музокирот кам шудааст. Ин дар ҳолест, ки ахиран Сергей Шойгу, вазири мудофиаи Русия ба Владимир Путин, президент ва сарфармондеҳи қувваҳои мусаллаҳи кишвар аз озодсозии пурраи Ҷумҳурии халқии Луганск хабар дод. Русия 24 феврали соли равон дар Украина амалиёти низомиро оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи мардум, ки тӯли 8 сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд", номид.Ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "ғайринизомикунонии Украина" анҷом шуда, тамоми ҷинояткорони ҷангии масъули "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.Ба гуфтаи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои мусаллаҳ танҳо қисмҳои низомӣ ва нерӯҳои Украинаро ҳадаф қарор медиҳанд ва ин амалиёт мардуми осоиштаро таҳдид намекунад.Дар баробари амалиёт инчунин миёни ҷонибҳо музокирот низ сурат гирифтанд, ки охирон даври он дар Туркия баргузор шуд. Қабл аз ин ҳайатҳои ду кишвар дар қаламрави Беларус се бор мулоқот карда, баъдан музокирот дар формати видеоӣ идома ёфт.Феълан Маскав мегӯяд, музокирот бо айби Киев мутаваққиф шудааст, аммо Русия омодагияшро барои гуфтушунид баён кардааст.
https://sputnik.tj/20220703/lugansk--ozod-shoygu-putin-1049704173.html
киев
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/05/11/1048511879_170:0:2901:2048_1920x0_80_0_0_94928c64a99162d33bda45868c4c79e1.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
песков, кремл, дер, зуд, музокоирот
песков, кремл, дер, зуд, музокоирот
Кремл: Киев дер ё зуд ба дарки талаботи Русия мерасад
17:01 03.07.2022 (Навсозишуда: 19:14 04.07.2022) Дар ҳоле ки ташаббусҳо аз Ғарб барои ҳалли буҳрони Украина аз тариқи музокирот кам шудааст, Киевро зарур меояд, дер ё зуд сари мизи гуфтушунид баргардад
ДУШАНБЕ, 3 июл — Sputnik. Дер ё зуд хирад боло мегираду Киев бо дарки талаботи Русия сари мизи музокирот менишинад, изҳор дошт Дмитрий Песков, сухангӯи раисҷумҳури ФР.
Ӯ зимни суҳбат аз тариқаи шабакаи "Россия 1" дар мавриди иддаои зӯргӯёна аз сӯи бархе аз мақомдорони хориҷӣ, зикр намуд, ки ташаббусҳо аз Ғарб барои ҳалли буҳрони Украина аз тариқи музокирот кам шудааст.
"Аммо мо шубҳа надорем, ки дер ё зуд хирад боло мегирад ва навбати музокирот фаро мерасад. Дар зимн Киевро зарур меояд, ки тамоми талаботи моро дарк намояд. Онҳо хуб огоҳанд", - гуфт намояндаи Кремл.
Ин дар ҳолест, ки ахиран Сергей Шойгу, вазири мудофиаи Русия ба Владимир Путин, президент ва сарфармондеҳи қувваҳои мусаллаҳи кишвар аз озодсозии пурраи Ҷумҳурии халқии Луганск хабар дод.
Русия 24 феврали соли равон дар Украина амалиёти низомиро оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи мардум, ки тӯли 8 сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд", номид.
Ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "ғайринизомикунонии Украина" анҷом шуда, тамоми ҷинояткорони ҷангии масъули "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Ба гуфтаи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои мусаллаҳ танҳо қисмҳои низомӣ ва нерӯҳои Украинаро ҳадаф қарор медиҳанд ва ин амалиёт мардуми осоиштаро таҳдид намекунад.
Дар баробари амалиёт инчунин миёни ҷонибҳо музокирот низ сурат гирифтанд, ки охирон даври он дар Туркия баргузор шуд. Қабл аз ин ҳайатҳои ду кишвар дар қаламрави Беларус се бор мулоқот карда, баъдан музокирот дар формати видеоӣ идома ёфт.
Феълан Маскав мегӯяд, музокирот бо айби Киев мутаваққиф шудааст, аммо Русия омодагияшро барои гуфтушунид баён кардааст.