Кишвару тим тағйир ёфт: маълум шуд, ки Левченко сармураббии кадом даста шуд

Виталий Левченко, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.07.2022
Обуна шудан
Мураббии собиқи тими Душанбе даъвати бошгоҳи футболи Ӯзбекистонро пазируфт ва акнун бо дастаи футболи Фарғона ҳамкорӣ хоҳад кард
ДУШАНБЕ, 4 июл — Sputnik. Собиқ мураббии тими "Истиқлол"-и Тоҷикистон Виталий Левченко сармураббии тими "Нефтчӣ"-и Фарғона таъин шуд, хабар медиҳад дафтари матбуоти бошгоҳ.
Мураббии навро аллакай раиси вилоят Хайрулло Бозоров ба ҳайат шинос кардааст. Мураббии собиқи “Нефтчӣ” Илҳом Мӯъминҷонов чанд рӯз пеш аз мақомаш истеъфо дод.
Маълум аст, ки "Фарғона" пас аз 13 давр 11 имтиёз ба даст оварда, дар Суперлигаи Ӯзбекистон дар ҷои 13-ум қарор дорад.
Ёдовар мешавем, ки Левченко аз соли 2020 бошгоҳи “Истиқлол”-и Тоҷикистонро раҳбарӣ мекард. Даста таҳти роҳбарии ӯ дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои Осиё ширкат кард.
Бошгоҳи душанбегӣ таҳти сарпарастии собиқ мураббӣ унвони қаҳрамони кишвар, Ҷом ва Суперҷоми Тоҷикистонро ба даст овард. "Истиқлол" дар мавсими гузашта дар Лигаи қаҳрамонҳои Осиё дар гурӯҳи худ мақоми аввалро касб карда, ба даври 1/8 финал роҳ ёфт.
Главный тренер душанбинского «Истиклола» Виталий Левченко - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.06.2022
Левченко пас аз бохтҳои пай дар пайи "Истиқлол" дастаро тарк кард
Қаблан шартномаи бошгоҳи Душанбе ва Виталий Левченко ба охир расида буд. Маълум шуд, ки тарафҳо бо созиши тарафайн онро тамдид накардаанд.
Левченко фаъолияти мураббии худро соли 2005 оғоз кардааст. Қабл аз ин, аз соли 1989 то 2004 дар тимҳои миллии Чин, Русия ва Украина бозӣ кардааст.
Соли 2005 ба вазифаи ёвари сармураббии тими "Князь"-и Украина кор кард.
Ӯ то соли 2015 мураббии дастаҳои мухталифи футболи кишвар буд ва соли 2016 ба ҳайси ёвари сармураббии тими миллии Тоҷикистон ба кор шуруъ кард.
Илова бар ин, ӯ дар ҳайати мунтахаби ҷавонони кишвар ва соли 2017 дастаи "Барқчӣ"-и Ҳисор ва тими "Крыля Советов"-и Русияро тамрин додааст.
Лентаи хабарҳо
0