Левченко пас аз бохтҳои пай дар пайи "Истиқлол" дастаро тарк кард

© ФК ИСТИКЛОЛГлавный тренер душанбинского «Истиклола» Виталий Левченко
Главный тренер душанбинского «Истиклола» Виталий Левченко - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.06.2022
Обуна шудан
Бошгоҳи футболи "Истиқлол" пас аз чаҳор бохт дар Лигаи Осиё ҳамакнун бе мураббӣ монд. Левченко шартномаи ҳамкорӣ бо ин дастаро тамдид накард
ДУШАНБЕ, 27 июн – Sputnik. Виталий Левченко сармурабии тими "Истиқлол"-и Душанбе тарки бошгоҳ кард, хабар медиҳад "Варзиш ТВ".
Ба иттилои манбаъ, муҳлати шартномаи Левченко бо тими "Истиқлол" анҷом ёфт ва мурабби дигар нахост онро тамдид кунад. Зикр гардид, ки тамдид накардани шартнома бо розигии тарафайн сурат гирифт.
Виталий Левченко шурӯъ аз соли 2020 сармураббии "Истиқлол" буд ва таҳти роҳбарии ӯ ин даста чемпиони Тоҷикистон, барандаи Ҷом ва Суперҷоми Тоҷикистон гардида буд.
ФК Истиклол - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.04.2022
"Истиқлол" - ро кӣ чашм кард ва ё чаро бошгоҳи номдор пайдарҳам мағлуб шуд
Ҳамзамон мавсими гузашта "Истиқлол" бо Виталий Левченко дар Лигаи қаҳрамонҳои Осиё дар гурӯҳи худ мақоми аввалро ишғол намуда, ба даври 1/8 ниҳоӣ баромада буд.
Бояд зикр намуд, ки соли равон тими "Истиқлол" дар Лигаи Осиё ба даври плей-офф роҳ наёфт.
Феълан иҷрокунандаи вазифаи сармураббӣ ба дӯши Алишер Тухтаев вогузор шуд.
Тибқи хабарҳо Левченко шояд фаъолияташро дар бошгоҳи "Тӯрон" -и Ӯзбекистон идома диҳад.
Лентаи хабарҳо
0