https://sputnik.tj/20220704/himoyat-prezidenti-qazoqiston-uzbekiston-1049723916.html
Ҳимояти президенти Қазоқистон аз иқдоми раисҷумҳури Ӯзбекистон дар Қароқалпоқистон
Ҳимояти президенти Қазоқистон аз иқдоми раисҷумҳури Ӯзбекистон дар Қароқалпоқистон
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури Қазоқистон иқдоми президенти Ӯзбекистонро дар Қароқалпоқистон ба манфиати амнияту эътидол ва рушди устувор хондааст 04.07.2022, Sputnik Тоҷикистон
2022-07-04T15:00+0500
2022-07-04T15:00+0500
2022-07-04T18:14+0500
қазоқистон
ӯзбекистон
амният ва мудофиа
қосим -жомарт тоқаев
шавкат мирзиёев
суҳбат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102867/28/1028672874_0:142:1000:705_1920x0_80_0_0_9daea1904d8e780bb13d27624488d26d.jpg
ДУШАНБЕ, 4 июл — Sputnik. Қосим Ҷомарт Тоқаев, раисҷумҳури Қазоқистон, ҳимояти комилашро аз иқдоми Шавкат Мирзиёев, президенти Ӯзбекистон баён доштааст. Ба иттилои дафтари матбуоти президенти Ӯзбекистон, Тоқаев ҳимояташро зимни суҳбати телефонӣ бо Мирзиёев изҳор доштааст. Ҳамчунин ҷонибҳо дар мавриди ҳамкории бисёрҷониба дар минтақа ва омодагӣ ба мулоқоти машваратии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ табодули афкор намудаанд. Ин дар ҳолест, ки ба иттилои мақомоти Ӯзбекистон бар асари ошӯбҳои охир дар Қароқалпоқистон дастикам 18 нафар ҳалок шуда, 243 тани дигар ҷароҳат бардоштаанд. Мирзиёев ахиран зимни суҳбат аз қурбониҳо дар Қароқалпоқистон изҳор дошт, ки талафот ҳам миёни кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ҳам сокинони мулкӣ ҷой дорад. Таъкид шудаст, ки феълан вазъият дар Қароқалпоқистон ба эътидол омада, ҳаёт ба маҷрои худ баргашта истодааст. Дар зимн таъкид шудаст, ки ҳарчанд тартиботи ҷамъиятӣ барқарор шуд, вале вазъи фавқулодда то 2 август идома хоҳад дошт.
https://sputnik.tj/20220704/oshub-nukus-uzbekiston-nafar-kushta-1049719869.html
қазоқистон
ӯзбекистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102867/28/1028672874_106:132:870:705_1920x0_80_0_0_a4567efcec6c47678254971cd635c11f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
қазоқистон, ӯзбекистон, амният ва мудофиа, қосим -жомарт тоқаев, шавкат мирзиёев, суҳбат
қазоқистон, ӯзбекистон, амният ва мудофиа, қосим -жомарт тоқаев, шавкат мирзиёев, суҳбат
Ҳимояти президенти Қазоқистон аз иқдоми раисҷумҳури Ӯзбекистон дар Қароқалпоқистон
15:00 04.07.2022 (Навсозишуда: 18:14 04.07.2022) Раисҷумҳури Қазоқистон иқдоми президенти Ӯзбекистонро дар Қароқалпоқистон ба манфиати амнияту эътидол ва рушди устувор хондааст
ДУШАНБЕ, 4 июл — Sputnik. Қосим Ҷомарт Тоқаев, раисҷумҳури Қазоқистон, ҳимояти комилашро аз иқдоми Шавкат Мирзиёев, президенти Ӯзбекистон баён доштааст.
Ба иттилои дафтари матбуоти президенти Ӯзбекистон, Тоқаев ҳимояташро зимни суҳбати телефонӣ бо Мирзиёев изҳор доштааст.
"Президенти Қазоқистон ҷонибдории комилашро аз чораҳои қатъии роҳбари Ӯзбекистон дар Қароқалпоқистон барои ҷилавгирӣ аз аъмоли ғайриқонунӣ ва таъмини суботу рушди устувор дар кишвар баён дошт", - омадааст дар иттилоия.
Ҳамчунин ҷонибҳо дар мавриди ҳамкории бисёрҷониба дар минтақа ва омодагӣ ба мулоқоти машваратии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ табодули афкор намудаанд.
Ин дар ҳолест, ки ба иттилои мақомоти Ӯзбекистон бар асари ошӯбҳои охир дар Қароқалпоқистон дастикам 18 нафар ҳалок шуда, 243 тани дигар ҷароҳат бардоштаанд.
Мирзиёев ахиран зимни суҳбат аз қурбониҳо дар Қароқалпоқистон изҳор дошт, ки талафот ҳам миёни кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ҳам сокинони мулкӣ ҷой дорад.
Таъкид шудаст, ки феълан вазъият дар Қароқалпоқистон ба эътидол омада, ҳаёт ба маҷрои худ баргашта истодааст. Дар зимн таъкид шудаст, ки ҳарчанд тартиботи ҷамъиятӣ барқарор шуд, вале вазъи фавқулодда то 2 август идома хоҳад дошт.