Бар асари ошӯбҳо дар шаҳри Нуқуси Ӯзбекистон 18 нафар кушта шуд

© Sputnik / Константин Михальчевский / Гузариш ба медиабонкВоеннослужащие вооруженных сил Узбекистана
Военнослужащие вооруженных сил Узбекистана  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.07.2022
Обуна шудан
Қаблан кишвардори Ӯзбекистон изҳор дошт, ки дар миёни мардуми осоишта ва ҳамчунин афсарони интизомӣ талафоти ҷонӣ вуҷуд дорад
ДУШАНБЕ, 4 июл — Sputnik. Дар ошӯбҳои рӯзҳои 1-2 июл дар Нуқус, пойтахти Қарақалпоқистон дастикам 18 нафар кушта шуд. Дар ин бора Додситонии кулли Ӯзбекистон хабар дод.
Ҳамчунин Даврон Ҷумъаниёзов, сухангӯи Горди миллии Ӯзбекистон рӯзи душанбе гуфт, дар ошӯбҳои ахир 243 нафар ҷароҳат бардоштанд, ки 94 нафари онҳо дар бемористонҳо қарор доранд.

"Дар Нуқус дар натиҷаи бетартибиҳо 18 нафар бар асари ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ ба ҳалокат расиданд", - гуфта мешавад дар хабари Додситонии кулли Ӯзбекистон.

Рӯзи 1 июл дар Нуқус эътирози ғайриқонунӣ алайҳи ворид кардани тағйирот ба Қонуни Асосии Ӯзбекистон баргузор шуд. Тибқи иттилои Вазорати корҳои дохилии ин кишвар, дар Қарақалпоқистон тартиботи ҷамъиятӣ барқарор шудааст.
Ба гуфтаи мақомоти маҳаллӣ, гурӯҳе аз созмондиҳандагони ошӯб, ки мехостанд мақомоти вилоятро тасарруф кунанд, боздошт шудаанд.
Генеральное консульство Республики Узбекистан в Екатеринбурге. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.07.2022
Парлумони Ӯзбекистон мақоми худмухтори Қароқалпоқистонро бетағйир монд
Баъдтар кишвардори Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Нуқус омаду дар бораи вазъи минтақа изҳорот дод. Ӯ гуфт, дар пайи ошӯбҳо ҳам дар миёни ғайринизомиён ва ҳам кормандони интизомӣ талафоти ҷонӣ сурат гирифт, вале дақиқан нагуфт, ки чанд нафар аз ҳар ду тараф кушта шуданд.
Дар робита ба нооромиҳои ахир, ҳарчанд тартиботи ҷамъиятӣ барқарор шуд, вале вазъи фавқулоддаро Мирзиёев то 2 август тамдид кард.
Лентаи хабарҳо
0