https://sputnik.tj/20220704/hadaf-amaliyot-vizha-ukraina-1049727973.html
Ҳадафи навбатии амалиёти вижа дар Украина гуфта шуд
Ҳадафи навбатии амалиёти вижа дар Украина гуфта шуд
Sputnik Тоҷикистон
Ҷумҳурии Мардумии Луганск аз зери идораи Қувваҳои мусаллаҳи Украина озод карда шуд, аммо амалиёти ҷангӣ идома дорад: бояд қаламрави ҷумҳуриро муҳофизат кард 04.07.2022, Sputnik Тоҷикистон
2022-07-04T16:55+0500
2022-07-04T16:55+0500
2022-07-04T18:01+0500
дар русия
украина
амалиёти вижа
луганск
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/06/07/1048990991_0:0:3073:1728_1920x0_80_0_0_ec74fc8cbefb3a5d016d51ab6b71f101.jpg
ДУШАНБЕ, 4 июл — Sputnik. Раҳбари Ҷумҳурии мардумии Луганск Леонид Пасечник гуфт, ки ҳадафи нави амалиёти вижа дар Украина пас аз озод кардани қаламрави ҶМЛ чӣ буда метавонад. Вай таъкид кард, ки ҳоло барои таъмини амният нерӯҳои мусаллаҳи Украинаро аз марзҳои ин ҷумҳурӣ дур кардан лозим аст. Ба гуфтаи вай, ҳудудҳои ҶМЛ озод карда шудааст, аммо амалиёти ҷангӣ идома дорад. "Мо бояд душманро ба минтақае ақиб занем, ки ҳадди аққал барои мо бехатар бошад", - гуфт ӯ. Раҳбари ҶМЛ афзуд, ки вазифаи ғайринизомисозӣ ва нозизудоии тамоми қаламрави Украина низ муҳим боқӣ мемонад. Ёдовар мешавем, ки рӯзи 3 июл раҳбари вазорати дифоъи Русия Сергей Шойгу ба президенти Русия Владимир Путин дар бораи тасарруфи Лисичанск ва таҳти назорати нерӯҳои ҶМЛ гузаштани он хабар дода буд.Артиши русия ва нерӯҳои мардумии ҶМЛ шаҳр ва нуқтаҳои ахолинишини наздикро зери назорат доранд. Баъдан Ситоди кулли Украина дар бораи ақибнишинии нерӯҳои мусаллаҳи ин кишвар аз Лисичанск хабар дод. Онҳо қайд карданд, ки идомаи дифои шаҳр ба далели "бартарии чандинкаратаи" нерӯҳои Русия дар ҳайати шахсӣ ва аслиҳа ба "оқибатҳои марговар" оварда мерасонад. Ёдовар мешавем, ки Русия аз 24 феврал ба ин сӯ дар Украина амалиёти вижа анҷом медиҳад. Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин ҳадафи онро “ҳимояи мардуме номид, ки тайи 8 сол аз ҷониби режими Киев мавриди генотсид қарор гирифтаанд”.Ҳамин тариқ, Ҷумҳурии халқии Донетск аллакай Волноваха, як маркази муҳими стратегӣ дар ҷануби Донетск, Мариупол - бузургтарин шаҳр дар соҳили баҳри Азов ва Святогорскро таҳти назорат дорад.
https://sputnik.tj/20220703/lugansk--ozod-shoygu-putin-1049704173.html
украина
луганск
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/06/07/1048990991_167:0:2898:2048_1920x0_80_0_0_35818529c4cb996ce154cffb9c0acd52.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар русия, украина, амалиёти вижа, луганск
дар русия, украина, амалиёти вижа, луганск
Ҳадафи навбатии амалиёти вижа дар Украина гуфта шуд
16:55 04.07.2022 (Навсозишуда: 18:01 04.07.2022) Ҷумҳурии Мардумии Луганск аз зери идораи Қувваҳои мусаллаҳи Украина озод карда шуд, аммо амалиёти ҷангӣ идома дорад: бояд қаламрави ҷумҳуриро муҳофизат кард
ДУШАНБЕ, 4 июл — Sputnik. Раҳбари Ҷумҳурии мардумии Луганск Леонид Пасечник гуфт, ки ҳадафи нави амалиёти вижа дар Украина пас аз озод кардани қаламрави ҶМЛ чӣ буда метавонад.
Вай таъкид кард, ки ҳоло барои таъмини амният нерӯҳои мусаллаҳи Украинаро аз марзҳои ин ҷумҳурӣ дур кардан лозим аст.
"Он силоҳҳои дурпарвоз, он РСЗО, ки ба артиши Украина, ки мутаассифона аз тарафи Ғарб расонида шуда буданд, ба қаламрави мо мерасанд ва таҳдиди бузург доранд", - гуфт Пасечник.
Ба гуфтаи вай, ҳудудҳои ҶМЛ озод карда шудааст, аммо амалиёти ҷангӣ идома дорад.
"Мо бояд душманро ба минтақае ақиб занем, ки ҳадди аққал барои мо бехатар бошад", - гуфт ӯ.
Раҳбари ҶМЛ афзуд, ки вазифаи ғайринизомисозӣ ва нозизудоии тамоми қаламрави Украина низ муҳим боқӣ мемонад.
Ёдовар мешавем, ки рӯзи 3 июл раҳбари вазорати дифоъи Русия Сергей Шойгу ба президенти Русия Владимир Путин дар бораи тасарруфи Лисичанск ва таҳти назорати нерӯҳои ҶМЛ гузаштани он хабар дода буд.
Артиши русия ва нерӯҳои мардумии ҶМЛ шаҳр ва нуқтаҳои ахолинишини наздикро зери назорат доранд.
Баъдан Ситоди кулли Украина дар бораи ақибнишинии нерӯҳои мусаллаҳи ин кишвар аз Лисичанск хабар дод. Онҳо қайд карданд, ки идомаи дифои шаҳр ба далели "бартарии чандинкаратаи" нерӯҳои Русия дар ҳайати шахсӣ ва аслиҳа ба "оқибатҳои марговар" оварда мерасонад.
Ёдовар мешавем, ки Русия аз 24 феврал ба ин сӯ дар Украина амалиёти вижа анҷом медиҳад. Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин ҳадафи онро “ҳимояи мардуме номид, ки тайи 8 сол аз ҷониби режими Киев мавриди генотсид қарор гирифтаанд”.
Ҳамин тариқ, Ҷумҳурии халқии Донетск аллакай Волноваха, як маркази муҳими стратегӣ дар ҷануби Донетск, Мариупол - бузургтарин шаҳр дар соҳили баҳри Азов ва Святогорскро таҳти назорат дорад.