https://sputnik.tj/20220703/lugansk--ozod-shoygu-putin-1049704173.html
Луганск пурра озод шуд. Гузориши Шойгу ба Путин
Луганск пурра озод шуд. Гузориши Шойгу ба Путин
Sputnik Тоҷикистон
Вазири мудофиаи Русия ба президент аз озодсозии пурраи Ҷумҳурии халқии Луганск гузориш дод. Маскав мустақилияти ҶХЛ-ро моҳи феврали соли равон эътироф кард
2022-07-03T15:03+0500
2022-07-03T15:03+0500
2022-07-04T19:22+0500
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
дар русия
сергей шойгу
владимир путин
донбасс
луганск
озод
амалиёт
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/12/1041705659_0:158:3079:1890_1920x0_80_0_0_79183c513e72f2094a70f84c22f25770.jpg
ДУШАНБЕ, 3 июл — Sputnik. Қаламравии Ҷумҳурии халқии Луганск пурра озод карда шуд, гузориш дод Сергей Шойгу, вазири мудофиаи Русия ба президенти кишвар, Владимир Путин. Дар ин бора Кремл бо нашри як иттилоия хабар дода, афзуд, ки Шойгу 3 июл ба раисҷумҳури Русия, сарфармондеҳи қувваҳои мусаллаҳ ҳисобот дод, ки Луганск пурра озод шуд. Ин дар ҳолест, ки ахиран нерӯҳои муштараки низомиёни Русия ва милисаи мардумии Луганск шаҳри Лисичанск - охирин шаҳри собиқ вилояти Луганскро, ки таҳти назорати нерӯҳои украинӣ буд, муҳосира намуданд. Майдони озодшуда тайи шабонарӯзи охир 182 километри мураббаъ арзёбӣ мешаавад. Русия 24 феврали соли равон дар Украина амалиёти низомиро оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи мардум, ки тӯли 8 сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд", номид.Ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "ғайринизомикунонии Украина" анҷом шуда, тамоми ҷинояткорони ҷангии масъули "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.Ба гуфтаи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои мусаллаҳ танҳо қисмҳои низомӣ ва нерӯҳои Украинаро ҳадаф қарор медиҳанд ва ин амалиёт мардуми осоиштаро таҳдид намекунад.Дар баробари амалиёт инчунин миёни ҷонибҳо музокирот низ сурат гирифтанд, ки охирон даври он дар Туркия баргузор шуд. Қабл аз ин ҳайатҳои ду кишвар дар қаламрави Беларус се бор мулоқот карда, баъдан музокирот дар формати видеоӣ идома ёфт.Феълан Маскав мегӯяд, музокирот бо айби Киев мутаваққиф шудааст, аммо Русия омодагияшро барои гуфтушунид баён кардааст.
https://sputnik.tj/20220703/neru-rusiya-havopaymoho-kursk-nobud-1049702196.html
луганск
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/12/1041705659_174:0:2905:2048_1920x0_80_0_0_a9171ce8785924265c6676567b7af335.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
шойгу, путин, луганск, озод, гузориш
шойгу, путин, луганск, озод, гузориш
Луганск пурра озод шуд. Гузориши Шойгу ба Путин
15:03 03.07.2022 (Навсозишуда: 19:22 04.07.2022) Вазири мудофиаи Русия ба президент аз озодсозии пурраи Ҷумҳурии Халқии Луганск гузориш дод. Маскав мустақилияти ҶХЛ-ро моҳи феврали соли равон эътироф кард
ДУШАНБЕ, 3 июл — Sputnik. Қаламравии Ҷумҳурии халқии Луганск пурра озод карда шуд, гузориш дод Сергей Шойгу, вазири мудофиаи Русия ба президенти кишвар, Владимир Путин.
Дар ин бора Кремл бо нашри як иттилоия хабар дода, афзуд, ки Шойгу 3 июл ба раисҷумҳури Русия, сарфармондеҳи қувваҳои мусаллаҳ ҳисобот дод, ки Луганск пурра озод шуд.
Ин дар ҳолест, ки ахиран нерӯҳои муштараки низомиёни Русия ва милисаи мардумии Луганск шаҳри Лисичанск - охирин шаҳри собиқ вилояти Луганскро, ки таҳти назорати нерӯҳои украинӣ буд, муҳосира намуданд. Майдони озодшуда тайи шабонарӯзи охир 182 километри мураббаъ арзёбӣ мешаавад.
Русия 24 феврали соли равон дар Украина амалиёти низомиро оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи мардум, ки тӯли 8 сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд", номид.
Ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "ғайринизомикунонии Украина" анҷом шуда, тамоми ҷинояткорони ҷангии масъули "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Ба гуфтаи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои мусаллаҳ танҳо қисмҳои низомӣ ва нерӯҳои Украинаро ҳадаф қарор медиҳанд ва ин амалиёт мардуми осоиштаро таҳдид намекунад.
Дар баробари амалиёт инчунин миёни ҷонибҳо музокирот низ сурат гирифтанд, ки охирон даври он дар Туркия баргузор шуд. Қабл аз ин ҳайатҳои ду кишвар дар қаламрави Беларус се бор мулоқот карда, баъдан музокирот дар формати видеоӣ идома ёфт.
Феълан Маскав мегӯяд, музокирот бо айби Киев мутаваққиф шудааст, аммо Русия омодагияшро барои гуфтушунид баён кардааст.