https://sputnik.tj/20220704/emomali-rahmon-qirghiziston-1049727377.html
Машварати лаби кӯл: ҳамаи президентҳои ОМ даъвати Қирғизистонро пазируфтаанд
Машварати лаби кӯл: ҳамаи президентҳои ОМ даъвати Қирғизистонро пазируфтаанд
Sputnik Тоҷикистон
Мулоқоти машваратии президентҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки ба анъанаи ҳарсола табдил ёфтааст, соли равон дар Қирғизистон баргузор мешавад
2022-07-04T16:10+0500
2022-07-04T16:10+0500
2022-07-04T18:08+0500
дар тоҷикистон
сиёсат
осиёи марказӣ
мулоқот
ӯзбекистон
қирғизистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/1d/1040510783_0:151:2835:1746_1920x0_80_0_0_c35e4e9ef1c0de24d6d2c22ac95dee87.jpg
ДУШАНБЕ, 4 июл — Sputnik. Президентҳои ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ даъвати иштирок дар мулоқоти машваратии сарони кишварҳои минтақа дар Қирғизистонро пазируфтанд. Дар ин бора дафтари матбуоти раисҷумҳури Қирғизистон хабар дода, афзуд, мулоқот 21 июл дар назар аст. Дар мулоқот иштироки роҳбарони Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Туркманистон ба нақша гирифта шудааст. Макони баргузории ҳамоиши сарони Осиёи Марказӣ шаҳри Чолпон-Ата, маркази вилояти Исиқкӯл интихоб гардидаст. Ҷониби Тоҷикистон, расман дар бораи иштироки президент, Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамоиши роҳбарони минтақа дар соҳили Исиқкӯл ҳанӯз иттилое надодааст.Омодагиҳо ба ин мулоқот ахиран дар суҳбатҳои телефонии Қосим Ҷомарт Тоқаев, раисҷумҳури Қазоқистон бо президенти Ӯзбекистон, Шавкат Мирзиёев баррасӣ гардиданд. Инчунин масъалаи баргузории ин ҳамоиш аз мавзуъҳои суҳбати телефонии охири Мирзиёев бо Содир Ҷабборов, президенти Қирғизистон будааст. Баргузории мулоқоти машваратии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ тайи солҳои охир ба ҳукми анъана даромада, он ҳар сол ба навбат дар яке аз кишварҳои минтақа баргузор мешавад. Соли гузашта мизбони мулоқоти машваратии президентҳои Осиёи Марказӣ Туркманистон буд.
https://sputnik.tj/20220704/himoyat-prezidenti-qazoqiston-uzbekiston-1049723916.html
ӯзбекистон
қирғизистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/1d/1040510783_154:0:2682:1896_1920x0_80_0_0_89b0f770866b544a73a1fce20767f662.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
президент, исиқкӯл, машварат,
президент, исиқкӯл, машварат,
Машварати лаби кӯл: ҳамаи президентҳои ОМ даъвати Қирғизистонро пазируфтаанд
16:10 04.07.2022 (Навсозишуда: 18:08 04.07.2022) Мулоқоти машваратии президентҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки ба анъанаи ҳарсола табдил ёфтааст, соли равон дар Қирғизистон баргузор мешавад
ДУШАНБЕ, 4 июл — Sputnik. Президентҳои ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ даъвати иштирок дар мулоқоти машваратии сарони кишварҳои минтақа дар Қирғизистонро пазируфтанд.
Дар ин бора дафтари матбуоти раисҷумҳури Қирғизистон хабар дода, афзуд, мулоқот 21 июл дар назар аст.
Дар мулоқот иштироки роҳбарони Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Туркманистон ба нақша гирифта шудааст.
Макони баргузории ҳамоиши сарони Осиёи Марказӣ шаҳри Чолпон-Ата, маркази вилояти Исиқкӯл интихоб гардидаст.
Ҷониби Тоҷикистон, расман дар бораи иштироки президент, Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамоиши роҳбарони минтақа дар соҳили Исиқкӯл ҳанӯз иттилое надодааст.
Омодагиҳо ба ин мулоқот ахиран дар суҳбатҳои телефонии Қосим Ҷомарт Тоқаев, раисҷумҳури Қазоқистон бо президенти Ӯзбекистон, Шавкат Мирзиёев баррасӣ гардиданд.
Инчунин масъалаи баргузории ин ҳамоиш аз мавзуъҳои суҳбати телефонии охири Мирзиёев бо Содир Ҷабборов, президенти Қирғизистон будааст.
Баргузории мулоқоти машваратии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ тайи солҳои охир ба ҳукми анъана даромада, он ҳар сол ба навбат дар яке аз кишварҳои минтақа баргузор мешавад.
Соли гузашта мизбони мулоқоти машваратии президентҳои Осиёи Марказӣ Туркманистон буд.