https://sputnik.tj/20220704/bozdosht-advokat-nikoh-pul-1049715264.html
Боздошти адвокате, ки барои бекорсозии никоҳи як мард аз ҳамсараш пул гирифт
Боздошти адвокате, ки барои бекорсозии никоҳи як мард аз ҳамсараш пул гирифт
Sputnik Тоҷикистон
Дар сурати тасдиқи иттиҳомот боздоштшударо ҷарима ва ё зиндон ва ҳамчунин маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансаб ваё фаъолияти муаян интизор аст
2022-07-04T11:09+0500
2022-07-04T11:09+0500
2022-07-04T18:57+0500
оҷонсии зидди фасод
боздошт
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
дар тоҷикистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102470/18/1024701804_0:270:5184:3186_1920x0_80_0_0_cd97595dc5999656e2e4288b809181b8.jpg
ДУШАНБЕ, 4 июл — Sputnik. Оҷонсии зидди фасод дар Тоҷикистон як адвокат дар шимоли кишвар бо иттиҳоми қаллобӣ боздошт шудааст.Тибқи иттилои ин ниҳод, вакили дифоъ М.Б ҳангоми дар вазифаи адвокати Коллегияи адвокатҳои "Суғд" кор кардан, даст ба чунин амал задааст.Гуфта мешавад, боздоштшуда дар давраи фаъолияти кориаш бо мақсади тасарруфи молу мулки ғайр бо роҳи фиреб ва сӯиистифодаи боварӣ аз шаҳрванд “А” барои бекор кардани ақди никоҳи ӯ ва ҳамсараш маблағи 4000 сомонӣ талаб менамояд."Дар натиҷаи андешидани чорабиниҳои оперативӣ-тафтишотӣ Маруфов Б.М. баъди аз шаҳрванд “А” гирифтани маблағи 4000 сомонӣ дастгир гардида, маблағи мазкур аз ӯ ёфта гирифта шуд", - таъкид кардааст оҷонсӣ.Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати дастгиршуда бо моддаи 247 қисми 2 бандҳои “в,г” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, он бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол карда шуд.Назари худи боздоштшуда ва ҷониби ҳимояаш то кунун дақиқ нест.Маврид ба зикр аст, ки моддаи 247 қаллобӣ буда, бо ҷарима ба андозаи аз сесаду шасту панҷ то нӯҳсаду дувоздаҳ нишондиҳанда (23 то 58 ҳазор сомонӣ) барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ду то панҷ солро пешбинӣ мекунад.
https://sputnik.tj/20220628/ojonsi-kormand-andozro-pora-bozdosht-1049561868.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102470/18/1024701804_288:0:4896:3456_1920x0_80_0_0_28f0a2baeed8db5747e0e838f9ffd08c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
боздошт адвокат қаллобӣ суғд
боздошт адвокат қаллобӣ суғд
Боздошти адвокате, ки барои бекорсозии никоҳи як мард аз ҳамсараш пул гирифт
11:09 04.07.2022 (Навсозишуда: 18:57 04.07.2022) Дар сурати тасдиқи иттиҳомот боздоштшударо ҷарима ё зиндон ва ҳамчунин маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансаб ё фаъолияти муайян интизор аст
ДУШАНБЕ, 4 июл — Sputnik. Оҷонсии зидди фасод дар Тоҷикистон як адвокат дар шимоли кишвар бо иттиҳоми қаллобӣ боздошт шудааст.
Тибқи иттилои ин ниҳод, вакили дифоъ М.Б ҳангоми дар вазифаи адвокати Коллегияи адвокатҳои "Суғд" кор кардан, даст ба чунин амал задааст.
Гуфта мешавад, боздоштшуда дар давраи фаъолияти кориаш бо мақсади тасарруфи молу мулки ғайр бо роҳи фиреб ва сӯиистифодаи боварӣ аз шаҳрванд “А” барои бекор кардани ақди никоҳи ӯ ва ҳамсараш маблағи 4000 сомонӣ талаб менамояд.
"Дар натиҷаи андешидани чорабиниҳои оперативӣ-тафтишотӣ Маруфов Б.М. баъди аз шаҳрванд “А” гирифтани маблағи 4000 сомонӣ дастгир гардида, маблағи мазкур аз ӯ ёфта гирифта шуд", - таъкид кардааст оҷонсӣ.
Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати дастгиршуда бо моддаи 247 қисми 2 бандҳои “в,г” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, он бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол карда шуд.
Назари худи боздоштшуда ва ҷониби ҳимояаш то кунун дақиқ нест.
Маврид ба зикр аст, ки моддаи 247 қаллобӣ буда, бо ҷарима ба андозаи аз сесаду шасту панҷ то нӯҳсаду дувоздаҳ нишондиҳанда (23 то 58 ҳазор сомонӣ) барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ду то панҷ солро пешбинӣ мекунад.