https://sputnik.tj/20220628/ojonsi-kormand-andozro-pora-bozdosht-1049561868.html
Оҷонсӣ корманди андозро баъди "порагирӣ" боздошт кард
Оҷонсӣ корманди андозро баъди "порагирӣ" боздошт кард
Sputnik Тоҷикистон
Корманди Кумитаи андоз барои рупӯш кардани қонунвайронкунии як шаҳрванд аз ӯ пул талаб кард, ки баъди гирифтани маблағ боздошт шуд
2022-06-28T11:41+0500
2022-06-28T11:41+0500
2022-06-28T11:53+0500
дар тоҷикистон
кумитаи андоз
оҷонсии зидди фасод
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102443/18/1024431806_0:131:2501:1537_1920x0_80_0_0_036d1b44fc3090273a4de57add31c159.jpg
ДУШАНБЕ, 28 июн — Sputnik. Ожонси мубориза бо фасод дар Тоҷикистон аз боздошти Б.С. як корманди андоз дар шаҳри Исфара хабар медиҳад, ки бо иттиҳоми сӯистифода аз мақоми хизматӣ ва қаллобӣ муттаҳам мешавад.Баиттилои дафтари матбуотии оҷонсӣ, боздоштшуда, ҳамчун иҷрокунандаи вазифаи сармутахассиси гурӯҳи хизматрасонӣ ба андозсупорандагони бо патент фаъолияткунандаи шуъбаи хизматрасонӣ ба андозсупорандагони Нозироти андоз дар шаҳри Исфараи вилояти Суғд кор карда даст ба чунин амал задааст.Гуфта мешавад, дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ–тафтишотӣ Б.С баъди аз шаҳрванд “А” гирифтани маблағи 5000 сомонӣ дар ҷои ҳодиса дастгир гардида, маблағи мазкур аз ӯ ҳамчун далели шайъӣ ёфта гирифта шуд.Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати дастгиршуда бо моддаи 247 қисми 2 бандҳои “в,г” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, он бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол карда шуд. Назари худи боздоштшуда ва ҷониби ҳимояаш то кунун дақиқ нест.Маврид ба зикр аст, ки моддаи 247 қаллобӣ буда, бо ҷарима ба андозаи аз сесаду шасту панҷ то нӯҳсаду дувоздаҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ду то панҷ солро пешбинӣ мекунад.
https://sputnik.tj/20220620/ojonsi-fasod-mukofot-bozdosht-1049342826.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102443/18/1024431806_138:0:2361:1667_1920x0_80_0_0_40153fc7b0df186129e02b031e9e6365.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
оҷонсӣ корманд андозро "порагирӣ" боздошт
оҷонсӣ корманд андозро "порагирӣ" боздошт
Оҷонсӣ корманди андозро баъди "порагирӣ" боздошт кард
11:41 28.06.2022 (Навсозишуда: 11:53 28.06.2022) Корманди Кумитаи андоз барои рупӯш кардани қонунвайронкунии як шаҳрванд аз ӯ пул талаб кард, ки баъди гирифтани маблағ боздошт шуд
ДУШАНБЕ, 28 июн — Sputnik. Ожонси мубориза бо фасод дар Тоҷикистон аз боздошти Б.С. як корманди андоз дар шаҳри Исфара хабар медиҳад, ки бо иттиҳоми сӯистифода аз мақоми хизматӣ ва қаллобӣ муттаҳам мешавад.
Баиттилои дафтари матбуотии оҷонсӣ, боздоштшуда, ҳамчун иҷрокунандаи вазифаи сармутахассиси гурӯҳи хизматрасонӣ ба андозсупорандагони бо патент фаъолияткунандаи шуъбаи хизматрасонӣ ба андозсупорандагони Нозироти андоз дар шаҳри Исфараи вилояти Суғд кор карда даст ба чунин амал задааст.
"Зимни фаъолияти кориаш бо роҳи фиреб ва сӯиистифодаи боварӣ бо истифода аз мақоми хизматӣ аз шаҳрванд “А” барои рӯйпӯш намудани қонунвайронкуниаш маблағи 5000 сомонӣ талаб намудааст", - афзудааст манбаъ.
Гуфта мешавад, дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ–тафтишотӣ Б.С баъди аз шаҳрванд “А” гирифтани маблағи 5000 сомонӣ дар ҷои ҳодиса дастгир гардида, маблағи мазкур аз ӯ ҳамчун далели шайъӣ ёфта гирифта шуд.
Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати дастгиршуда бо моддаи 247 қисми 2 бандҳои “в,г” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, он бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол карда шуд.
Назари худи боздоштшуда ва ҷониби ҳимояаш то кунун дақиқ нест.
Маврид ба зикр аст, ки моддаи 247 қаллобӣ буда, бо ҷарима ба андозаи аз сесаду шасту панҷ то нӯҳсаду дувоздаҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ду то панҷ солро пешбинӣ мекунад.