https://sputnik.tj/20220704/afzoish-somoni-rubl-dollar-qurb-asor-tojikiston-1049714480.html
Афзоиши қимати сомонӣ ва уфти рублу доллар: қурби асъор дар Тоҷикистон
Афзоиши қимати сомонӣ ва уфти рублу доллар: қурби асъор дар Тоҷикистон
Sputnik Тоҷикистон
Дар бозори арзи Тоҷикистон пули миллӣ дар баробари асъори хориҷӣ қавитар мешавад. Доллару евро ва рубл коҳиш ёфтаанд
2022-07-04T10:30+0500
2022-07-04T10:30+0500
2022-07-04T18:58+0500
қурби асъор
бмт
дар тоҷикистон
иқтисод
рубл
доллар
евро
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/09/09/1031868572_0:193:3072:1921_1920x0_80_0_0_783dc569f1579579df45e44d8fd88628.jpg
ДУШАНБЕ, 4 июл — Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон қурби асъор дар кишварро нашр кардааст, ки тибқи он, рубли русӣ мавқеъашро боз беҳтар кардааст.Ба ин тартиб, арзиши пули русӣ дар Тоҷикистон боло рафта ҳамакнун 176,9 сомонӣ барои ҳазор рубл муқарар шудааст.Ин дар ҳолест, ки охири ҳафтаи қаблӣ дар кишвар барои 1000 рубл 177,3 сомонӣ медоданд.Бозори пули амрикоӣ бошад ошуфтатар мешавад ва мавқеъи худро дигарбора аз даст медиҳад. Агар ду рӯз қабл он дар сатҳи 10.56 сомонӣ барои як доллар буд, пас ҳамакнун 10.51 муқаррар шудааст.Пули аврупоӣ низ коҳиш ёфтааст. Танзимгари асъор дар Тоҷикистон қурби евроро 10.95 сомонӣ барои як доллар муқаррар кардааст. Ҷумъаи гузашта дар кишвар он 11.02 сомонӣ қимат дошт.Бонкҳои тиҷории кишвар бошанд, арзиши рублро дар баробари БМТ каме поинтар нигоҳ доштаанд. Аз ҷумла дар "Ориёнбонк" барои ҳазор рубл зимни харид 170 сомонӣ ва зимни фурӯш 180 сомонӣ нарх муқаррар шудааст.Бонки "Эсхата" қурби ҳазор рублро зимни харид 177,3 ва дар фурӯш 179 сомонӣ муайян намудааст. "Алифбонк" ҳазор рублро феълан бо нархи 177,3 сомонӣ мехараду ба ивази 182,5 сомонӣ мефурӯшад.Дар "Спитаменбонк" бошад, 1000 рубл зимни харид 177,3 ва ҳангоми фурӯш 180 сомонӣ қимат дорад.Дар ҳамин ҳол Бонки миллӣ ҳушдор медиҳад, ки муомилоти асъории берун аз филиалҳо, марказҳои хидматрасонии бонкӣ, инчунин банкоматҳо ва терминалҳо мамнуъ мебошад.Риоя накардани ин талабот дар Тоҷикистон ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.
https://sputnik.tj/20220621/puli-navi-shsh-bo-dollar-chi-meshavad-1049370809.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/09/09/1031868572_74:0:2805:2048_1920x0_80_0_0_97fe861b53e3df6d34b960196e66c900.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
доллар евро сомонӣ тоҷикистон евро иқтисод қурби асъор
доллар евро сомонӣ тоҷикистон евро иқтисод қурби асъор
Афзоиши қимати сомонӣ ва уфти рублу доллар: қурби асъор дар Тоҷикистон
10:30 04.07.2022 (Навсозишуда: 18:58 04.07.2022) Дар бозори арзи Ҷумҳурии Тоҷикистон пули миллӣ дар баробари асъори хориҷӣ қавитар мешавад. Қимати доллару евро ва рубл коҳиш ёфт
ДУШАНБЕ, 4 июл — Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон қурби асъор дар кишварро нашр кардааст, ки тибқи он, рубли русӣ мавқеъашро боз беҳтар кардааст.
Ба ин тартиб, арзиши пули русӣ дар Тоҷикистон боло рафта ҳамакнун 176,9 сомонӣ барои ҳазор рубл муқарар шудааст.
Ин дар ҳолест, ки охири ҳафтаи қаблӣ дар кишвар барои 1000 рубл 177,3 сомонӣ медоданд.
Бозори пули амрикоӣ бошад ошуфтатар мешавад ва мавқеъи худро дигарбора аз даст медиҳад. Агар ду рӯз қабл он дар сатҳи 10.56 сомонӣ барои як доллар буд, пас ҳамакнун 10.51 муқаррар шудааст.
Пули аврупоӣ низ коҳиш ёфтааст. Танзимгари асъор дар Тоҷикистон қурби евроро 10.95 сомонӣ барои як доллар муқаррар кардааст. Ҷумъаи гузашта дар кишвар он 11.02 сомонӣ қимат дошт.
Бонкҳои тиҷории кишвар бошанд, арзиши рублро дар баробари БМТ каме поинтар нигоҳ доштаанд. Аз ҷумла дар "Ориёнбонк" барои ҳазор рубл зимни харид 170 сомонӣ ва зимни фурӯш 180 сомонӣ нарх муқаррар шудааст.
Бонки "Эсхата" қурби ҳазор рублро зимни харид 177,3 ва дар фурӯш 179 сомонӣ муайян намудааст. "Алифбонк" ҳазор рублро феълан бо нархи 177,3 сомонӣ мехараду ба ивази 182,5 сомонӣ мефурӯшад.
Дар "Спитаменбонк" бошад, 1000 рубл зимни харид 177,3 ва ҳангоми фурӯш 180 сомонӣ қимат дорад.
Дар ҳамин ҳол Бонки миллӣ ҳушдор медиҳад, ки муомилоти асъории берун аз филиалҳо, марказҳои хидматрасонии бонкӣ, инчунин банкоматҳо ва терминалҳо мамнуъ мебошад.
Риоя накардани ин талабот дар Тоҷикистон ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.