https://sputnik.tj/20220701/sharh-fond-gorbachyov-vaz-salomat-1049676777.html
Шарҳи Фонди Горбачёв дар бораи вазъи саломатии ӯ
Шарҳи Фонди Горбачёв дар бораи вазъи саломатии ӯ
Sputnik Тоҷикистон
Бархе аз манобеъ дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз якбора бад шудани вазъи саломатии ягона президенти Иттиҳоди Шӯравӣ ва охирин котиби давлатии он хабар доданд
2022-07-01T21:30+0500
2022-07-01T21:30+0500
2022-07-01T21:30+0500
дар ҷаҳон
идм
иттиҳоди шӯравӣ
михаил горбачёв
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/19/1044405017_0:315:3079:2048_1920x0_80_0_0_179a62b7e294a28cc3ec2f6ac20fd639.jpg
ДУШАНБЕ, 1 июл — Sputnik. Бунёди Горбачёв хабарҳо дар бораи якбора бад шудани вазъи саломатии Михаил Горбачёвро рад кард, хабар дод РИА "Новости". Ба навиштаи бархе аз саҳифаҳо дар шабакаи "Telegram", охирин президенти шӯравӣ дучори мушкили ҷиддӣ бо саломатӣ шуда, вазъаш рӯй ба бадшавист. Собиқ президенти Иттиҳоди Шӯравӣ соли равон 91-солагияшро таҷлил намуд. Маълум аст, ки моҳи октябри соли гузашта, ба далели коронавирус дар карантин дар беморхона қарор дошт. Охирин котиби генералии Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунистии Иттиҳоди Шӯравӣ ва президенти ягонаи ИҶШС Михаил Горбачёв пурбаҳстарин шахси сиёсии асри ХХ астДар корномаи сиёсии корманди ҳизби шӯравӣ ва "падари бозсозӣ" - хотимаи Ҷанги Сард, хуруҷи нерӯҳои шӯравӣ аз Афғонистон, ошкорбаёнӣ ва барҳам додани низоми якҳизбӣ, ислоҳоти аввалини иқтисодӣ дар СССР ва ҷоизаи сулҳи Нобел дар соли 1990 мавҷуд аст.Сиёсатмадоре, ки "тафаккури нав" -ро эълом мекард, ки равобити хориҷии Иттиҳодро бо Ғарб тағйир додааст, ба бузургтарин нокомии ҳамосавӣ - фурӯпошии кишвар айбдор мешавад.Худи Горбачёв ҳамеша боварӣ дошт, ки "онҳое, ки табаддулотро дар моҳи августи соли 1991 ташкил карданд ва пас аз кудато аз мавқеи сусти президенти ИҶШС истифода карданд, масъули поёни бозсозӣ ва фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ ҳастанд".
https://sputnik.tj/20210602/zuganov-gunahkor-posh-hurdani-sssr-1039916822.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/19/1044405017_152:228:2578:2048_1920x0_80_0_0_6a4235ddb6f8ac6660b9de8c048154a4.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
шарҳ, вазъ, саломатӣ, михаил горбачёв
шарҳ, вазъ, саломатӣ, михаил горбачёв
Шарҳи Фонди Горбачёв дар бораи вазъи саломатии ӯ
Бархе аз манобеъ дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз якбора бад шудани вазъи саломатии ягона президенти Иттиҳоди Шӯравӣ ва охирин котиби ҳизбии он хабар доданд
ДУШАНБЕ, 1 июл — Sputnik. Бунёди Горбачёв хабарҳо дар бораи якбора бад шудани вазъи саломатии Михаил Горбачёвро рад кард, хабар дод РИА "Новости".
Ба навиштаи бархе аз саҳифаҳо дар шабакаи "Telegram", охирин президенти шӯравӣ дучори мушкили ҷиддӣ бо саломатӣ шуда, вазъаш рӯй ба бадшавист.
"Мо масоили сиҳатии Михаил Сергеевичро шарҳ намедиҳем, аммо дар ҳолати мазкур танҳо ҳаминро таъкид мекунам, ки хабари ин шабакаҳо бепоя аст", - изҳор доштаст намояндаи Бунёд, Владимир Поляков.
Собиқ президенти Иттиҳоди Шӯравӣ соли равон 91-солагияшро таҷлил намуд. Маълум аст, ки моҳи октябри соли гузашта, ба далели коронавирус дар карантин дар беморхона қарор дошт.
Охирин котиби генералии Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунистии Иттиҳоди Шӯравӣ ва президенти ягонаи ИҶШС Михаил Горбачёв пурбаҳстарин шахси сиёсии асри ХХ аст
Дар корномаи сиёсии корманди ҳизби шӯравӣ ва "падари бозсозӣ" - хотимаи Ҷанги Сард, хуруҷи нерӯҳои шӯравӣ аз Афғонистон, ошкорбаёнӣ ва барҳам додани низоми якҳизбӣ, ислоҳоти аввалини иқтисодӣ дар СССР ва ҷоизаи сулҳи Нобел дар соли 1990 мавҷуд аст.
Сиёсатмадоре, ки "тафаккури нав" -ро эълом мекард, ки равобити хориҷии Иттиҳодро бо Ғарб тағйир додааст, ба бузургтарин нокомии ҳамосавӣ - фурӯпошии кишвар айбдор мешавад.
Худи Горбачёв ҳамеша боварӣ дошт, ки "онҳое, ки табаддулотро дар моҳи августи соли 1991 ташкил карданд ва пас аз кудато аз мавқеи сусти президенти ИҶШС истифода карданд, масъули поёни бозсозӣ ва фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ ҳастанд".