Зюганов гунаҳкори асосӣ дар пош хӯрдани СССР - ро ном бурд ва ба Путин маслиҳат дод

© Sputnik / Михаил Воскресенский / Гузариш ба медиабонкПредседатель ЦК КПРФ Геннадий Зюганов
Председатель ЦК КПРФ Геннадий Зюганов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.06.2021
Обуна шудан
Роҳбари Ҳизби коммунистии Русия гуфт, мулоқоти Горбачев ва Рейган низ айнан дар меҳмонхонаи Женева баргузор гардид, ки интизор меравад мулоқоти Путин ва Байден низ дар он доир шавад
ДУШАНБЕ, 2 июн - Sputnik. Мулоқотҳои Президенти Иттиҳоди Шӯравӣ Михаил Горбачёв бо пешвоёни амрикоӣ Роналд Рейган ва Ҷорҷ Буш ба фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ мусоидат карданд. Дар ин бора роҳбари Ҳизби коммунистии Федератсияи Русия Геннадий Зюганов дар мусоҳиба бо канал - Telegram - и "Радиоточка НСН" изҳор дошт.
Вай таъкид кард, ки нишасти Горбачёв-Рейган низ дар Женева баргузор шуд, гузашта аз ин, дар ҳамон меҳмонхонае, ки президенти Русия Владимир Путин ва роҳбари Кохи Сафед Ҷо Байден қасд доранд мулоқот кунанд.
Ба гуфтаи Зюганов, пас аз он гуфтушунидҳо, сарвари давлат мавқеъҳои худро ба Амрико таслим кард.

"Пас аз мулоқот онҳо ба мо эъломияи истиқлолияти Русияро оварданд, онро дар конгресс пахш карданд ва дар он банде мавҷуд буд, ки қонунҳои Русия нисбат ба қонунҳои иттифоқӣ баландтаранд", - гуфт Зюганов.

Вай таъкид кард, ки эъломия "ҳама чизро пай дар пай вайрон кард" ва қонунҳо дар бораи нархҳои озод ва савдо истеҳсолотро фалаҷ карданд.
Бо сабаби тасодуфҳо, Зюганов ба Путин маслиҳат дод, ки дар мулоқот бо Байден "ҳушёр бошад". Сиёсатмадор аз сарвари давлат даъват кард, ки хатти принсипиалии худро идома диҳад ва манфиатҳои миллиро ҳимоят кунад.
Ба гуфтаи Зюганов, "гуфтушунид, мулоқоту муҳокима кардан, зарур аст".
Председатель ЛДПР Владимир Жириновский - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.02.2021
Жириновский талаб кард, то Горбачёв барои суқути ИҶШС паси панҷара равад
Ёдовар мешавем, ки нахустин мулоқоти Владимир Путин бо Ҷо Байден рӯзи 16 июн дар Женева баргузор мешавад.
Ин дидорбинӣ бо ибтикори ҷониби Амрико сурат мегирад. Ҷо Байдени ҳамтои руси худро рӯзи 13 март аснои суҳбати телефонӣ ба мулоқот даъват кард. Дар ин вохӯрӣ сарони давлатҳо суботи стратегӣ, мубориза бо пандемияи коронавирус, рӯзномаи байналмилалӣ ва муноқишаҳои минтақавиро баррасӣ мекунанд.
Лентаи хабарҳо
0