https://sputnik.tj/20220701/kambudihoro-isloh-kuned-suporidi-rahmon-khatlon-1049650021.html
Камбудиҳоро ислоҳ кунед - супориши Эмомалӣ Раҳмон ба мақомоти Хатлон
Камбудиҳоро ислоҳ кунед - супориши Эмомалӣ Раҳмон ба мақомоти Хатлон
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури Тоҷикистон дар маҷлиси ҳукумат ба мақомоти вилояти Хатлон супориш дод, ки фаъолиятро дар таъмини рушди устувори иқтисодиёт пурзур намоянд
2022-07-01T09:00+0500
2022-07-01T09:00+0500
2022-07-01T13:35+0500
дар тоҷикистон
камбудӣ
ислоҳ
хатлон
абдураҳмони ҷомӣ
эмомалӣ раҳмон
иқтисод
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/06/1e/1049649199_0:159:3076:1889_1920x0_80_0_0_e2770254316f826f9031ef4aaefc09ff.jpg
ДУШАНБЕ, 30 июн — Sputnik. Дар маҷлисе, ки ахиран баргузор шуд, Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба ҳисоботи Раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон аҳамияти ҷидди дод, иттилоъ додааст дафтари матбуотии раисыумщури Тоҷикистон.Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба мақомоти вилояти Хатлон ва ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ супориш дод, ки камбудиҳоро ислоҳ кунанд ва фаъолиятро дар мавриди таъмини рушди устувори соҳаҳои мухталифи иқтисодиёти ноҳия пурзур намоянд.Ҳамзамон кишвардори Тоҷикистон дастур дод, ки барои ислоҳи камбудиҳо, иҷрои пурра ва саривақтии қисми даромади буҷет, кам кардани бақияпулиҳои андоз, истифодаи мақсадноки маблағҳои буҷетӣ, пардохти саривақтии музди меҳнат, нафақа ва дигар кумакпулиҳо, самаранок ва мақсаднок истифода бурдани заминҳо, афзоиши истеҳсоли маҳсулот, рушди соҳаҳои кишоварзӣ, саноат ва ба ин восита таъсис додани ҷойҳои корӣ тадбирҳои мушаххас андешанд.Бояд гуфт, ки дар ин маҷлис раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ аз пешравиҳо гуфт. Аз ҷумла вай гуфт, ки барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ барои солҳои 2021-2025 177 лоиҳаро дар бар гирифта, маблағи умумии лоиҳаҳо 226,1 миллион сомониро ташкил медиҳад.Вай қайд кард, ки дар ноҳия 7 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ амалӣ шуда истодаанд, ки маблағи онҳо 5,5 миллион долларро ташкил медиҳад.Мақомоти ноҳияи Абдураҳмонӣ Ҷомӣ зикр кард, ки бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар ноҳия таъмиру бунёди 195 иншоот ба нақша гирифта шуда, 203 иншоот ба истифода дода шуданд.
https://sputnik.tj/20220630/dastur-rahmon-barqu-garmi-1049649435.html
абдураҳмони ҷомӣ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/06/1e/1049649199_174:0:2903:2047_1920x0_80_0_0_b884a46f55b96b366bdd86cb0f326e5a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, маҷлиси ҳукумат, раҳмон, мақомот, камбудиҳо, ислоҳ
тоҷикистон, маҷлиси ҳукумат, раҳмон, мақомот, камбудиҳо, ислоҳ
Камбудиҳоро ислоҳ кунед - супориши Эмомалӣ Раҳмон ба мақомоти Хатлон
09:00 01.07.2022 (Навсозишуда: 13:35 01.07.2022) Раисҷумҳури Тоҷикистон дар маҷлиси ҳукумат ба мақомоти вилояти Хатлон супориш дод, ки фаъолиятро дар таъмини рушди устувори иқтисодиёт пурзӯр намоянд
ДУШАНБЕ, 30 июн — Sputnik. Дар маҷлисе, ки ахиран баргузор шуд, Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба ҳисоботи Раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон аҳамияти ҷидди дод, иттилоъ додааст дафтари матбуотии раисыумщури Тоҷикистон.
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба мақомоти вилояти Хатлон ва ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ супориш дод, ки камбудиҳоро ислоҳ кунанд ва фаъолиятро дар мавриди таъмини рушди устувори соҳаҳои мухталифи иқтисодиёти ноҳия пурзур намоянд.
Ҳамзамон кишвардори Тоҷикистон дастур дод, ки барои ислоҳи камбудиҳо, иҷрои пурра ва саривақтии қисми даромади буҷет, кам кардани бақияпулиҳои андоз, истифодаи мақсадноки маблағҳои буҷетӣ, пардохти саривақтии музди меҳнат, нафақа ва дигар кумакпулиҳо, самаранок ва мақсаднок истифода бурдани заминҳо, афзоиши истеҳсоли маҳсулот, рушди соҳаҳои кишоварзӣ, саноат ва ба ин восита таъсис додани ҷойҳои корӣ тадбирҳои мушаххас андешанд.
Бояд гуфт, ки дар ин маҷлис раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ аз пешравиҳо гуфт. Аз ҷумла вай гуфт, ки барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ барои солҳои 2021-2025 177 лоиҳаро дар бар гирифта, маблағи умумии лоиҳаҳо 226,1 миллион сомониро ташкил медиҳад.
Вай қайд кард, ки дар ноҳия 7 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ амалӣ шуда истодаанд, ки маблағи онҳо 5,5 миллион долларро ташкил медиҳад.
Мақомоти ноҳияи Абдураҳмонӣ Ҷомӣ зикр кард, ки бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар ноҳия таъмиру бунёди 195 иншоот ба нақша гирифта шуда, 203 иншоот ба истифода дода шуданд.