Дастури Эмомалӣ Раҳмон барои таъмини мардум бо барқу гармӣ

© Пресс-служба Президента РТЭмомали Рахмон президент РТ
Эмомали Рахмон президент РТ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.06.2022
Обуна шудан
Кишвардори Тоҷикистон раисони шаҳру навоҳиро вазифадор кард, ба давраи зимистонгузаронӣ омода шаванд ва аҳолиро мунтазами бо неруи барқу гармӣ таъмин намоянд
ДУШАНБЕ, 30 июн — Sputnik. Дар Душанбе таҳти раёсати президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумат баргузор шуд.
Бино ба гузориши хадамоти матбуотии президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласа ба ҳукумати мамлакат, мақомоти вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва дигар сохторҳои давлатӣ ҷиҳати иҷрои саривақтию босамари дастурҳои қаблии ҳукумат супоришҳо додааст.
Дар баробари ин кишвардор, ҷиҳати вусъати корҳои созандагӣ ба ифтихори 35-солагии истиқлол, ҷамъоварии ҳосил, содироти маҳсулот, захираи кофии маводи хӯрока вазифагузорӣ кардааст.
Ҳамчунин, раисиҷумҳур, бароиомодагии ҳамаҷониба ба зимистонгузаронӣ, захираи маводи сӯзишворӣ дар иншооти соҳаҳои иҷтимоӣ ва таъмини мунтазами неруи барқу гармӣ ба аҳолӣ супоришҳои мушаххас додааст.
Боз як кишвари дигар омодаи харидорӣ аз барқи НБО "Роғун" шуд
Аъзои ҳукумат дар ин маҷлис баъди муҳокима 8 хулосаи ҳукумати Тоҷикистон, аз ҷумла:
Дар бораи пешниҳоди хулосаи ҳукумат ба лоиҳаи қонун "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонун"Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон",
Дар бораи пешниҳоди хулосаи ҳукумат ба лоиҳаи қонун "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон",
Дар бораи пешниҳоди хулосаи ҳукумат ба лоиҳаи қонун "Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон"
Дар бораи пешниҳоди хулосаи ҳукумат ба лоиҳаи қонун "Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон"-ро барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол карданд.
Манбаъ афзуда, ки ҳамчунин, дар кори маҷлис ҳвобаста ба Стратегияи миллии молиявии кишвар барои солҳои 2022-2026, натиҷаи баҳисобгирии заминҳо дар ноҳияи Панҷ ба ҳолати 1 январи соли 2022 ва натиҷаи баҳисобгирии заминҳо дар ноҳияи Сангвор ба ҳолати 1 январи соли 2022 қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.
Лентаи хабарҳо
0