https://sputnik.tj/20220628/qurbi-rubl-rusiya-boz-bolo-1049584173.html
Қурби рубл дар Русия боз боло рафт
Қурби рубл дар Русия боз боло рафт
Sputnik Тоҷикистон
Арзиши доллари амрикоӣ ва асъори аврупоӣ, ки Бонки марказии Русия барои рӯзи оянда муқаррар кард, майли поинравияшонро идома додаанд
2022-06-28T21:40+0500
2022-06-28T21:40+0500
2022-06-28T21:40+0500
дар русия
иқтисод
рубл
доллар
қурб
бонк
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/05/19/1048690112_0:156:3077:1887_1920x0_80_0_0_e63b46bd6534421e97c1e961edd9e909.jpg
ДУШАНБЕ, 28 июн — Sputnik. Қурби расмии доллар, ки Бонки марказии Русия барои 29 ноябр муқаррар кард, аз ҳадди 53 рубл поин рафтаст. Бар асоси додаҳои Бонки марказӣ, қурби доллари амрикоӣ ҳудуди 40 тин поин рафта, 52,96 рублро ташкил дод. Арзиши евро ҳудуди 16,5 тин поин рафта ба 55,8 рубл баробар шудаст. Бонки марказии Русия қурби расмии доллар ва евроро нисбат ба рубл дар рӯзҳои корӣ бо такя ба қурби бозории Биржаи Маскав муайян мекунад. Ин дар ҳолест, ки қурби мусоиди доллар барои иқтисоди Русия дар сатҳи 70-80 рубл арзёбӣ мешавад, изҳор дошт ахиран ноиби аввали сарвазири ФР, Андрей Белоусов.Ӯ изҳор дошт, ки ҳукумати Русия талош дорад, то қурби долларро дар сатҳи мусоид расонад. Белоусов мегӯяд, василаҳое, ки барои устувории рубл дар шароити қурби шинокунанда мусоидат мекарданд, феълан амалан муассир нестанд."Сабабаш масдудсозии захираҳои Бонки Русия ва дар натиҷа лағви қоидаҳои буҷетӣ мебошад", - тавзеҳ дод Белоусов.Дар зимн асъори миллӣ бояд то сатҳи мусоид ҳарчи зудтар поин равад, таъкид намуда буд ноиби сарвазири Русия.Маврид ба зикр аст, ки дар пайи оғози амалиёти низомии Русия дар Украина дар моҳи феврали соли равон қурби рубл то ба ҳадди бесобиқа поин рафт, аммо баъдан рӯй ба устуворӣ ниҳод.
https://sputnik.tj/20220526/putin-khatar-tahrim-iqtisod-1048732486.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/05/19/1048690112_0:0:2729:2047_1920x0_80_0_0_87b4fef1499144276f3a5d9dd30e282c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
коҳиш, қурб, доллар, русия
коҳиш, қурб, доллар, русия
Қурби рубл дар Русия боз боло рафт
Доллари амрикоӣ ва асъори аврупоӣ, ки Бонки марказии Русия барои рӯзи оянда муқаррар кард, дар бозори арзи ин кишвар майли поинравияшонро идома додаанд
ДУШАНБЕ, 28 июн — Sputnik. Қурби расмии доллар, ки Бонки марказии Русия барои 29 ноябр муқаррар кард, аз ҳадди 53 рубл поин рафтаст.
Бар асоси додаҳои Бонки марказӣ, қурби доллари амрикоӣ ҳудуди 40 тин поин рафта, 52,96 рублро ташкил дод. Арзиши евро ҳудуди 16,5 тин поин рафта ба 55,8 рубл баробар шудаст.
Бонки марказии Русия қурби расмии доллар ва евроро нисбат ба рубл дар рӯзҳои корӣ бо такя ба қурби бозории Биржаи Маскав муайян мекунад.
Ин дар ҳолест, ки қурби мусоиди доллар барои иқтисоди Русия дар сатҳи 70-80 рубл арзёбӣ мешавад, изҳор дошт ахиран ноиби аввали сарвазири ФР, Андрей Белоусов.
Ӯ изҳор дошт, ки ҳукумати Русия талош дорад, то қурби долларро дар сатҳи мусоид расонад. Белоусов мегӯяд, василаҳое, ки барои устувории рубл дар шароити қурби шинокунанда мусоидат мекарданд, феълан амалан муассир нестанд.
"Сабабаш масдудсозии захираҳои Бонки Русия ва дар натиҷа лағви қоидаҳои буҷетӣ мебошад", - тавзеҳ дод Белоусов.
Дар зимн асъори миллӣ бояд то сатҳи мусоид ҳарчи зудтар поин равад, таъкид намуда буд ноиби сарвазири Русия.
Маврид ба зикр аст, ки дар пайи оғози амалиёти низомии Русия дар Украина дар моҳи феврали соли равон қурби рубл то ба ҳадди бесобиқа поин рафт, аммо баъдан рӯй ба устуворӣ ниҳод.