https://sputnik.tj/20220526/putin-khatar-tahrim-iqtisod-1048732486.html
Ин шӯхӣ нест: Путин аз хатари таҳримҳо ба иқтисод гуфт
Ин шӯхӣ нест: Путин аз хатари таҳримҳо ба иқтисод гуфт
Sputnik Тоҷикистон
Кишвардори Русия мегӯяд, таҳримҳои ҷоринамудаи Ғарб ба ҳама таъсир мерасонанд. Ӯ гуфт, дар кишварҳои пешрафта давоми 40 соли ахир чунин таваррум вуҷуд надошт 26.05.2022, Sputnik Тоҷикистон
2022-05-26T19:30+0500
2022-05-26T19:30+0500
2022-05-26T20:12+0500
дар русия
владимир путин
иқтисод
таҳрим
хатар
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/05/04/1048176969_0:36:3131:1797_1920x0_80_0_0_54b92995992af2ae9ca05a9a485a9326.jpg
ДУШАНБЕ, 26 май — Sputnik. Владимир Путин, раисҷумҳури Русия гуфт, таҳримҳои мавҷударо набояд чун шӯхӣ қабул кард.Ӯ гуфт, таҳримҳо ба ҳама таъсир мерасонанд, дар кишварҳои пешрафта 40 сол инҷониб чунин таваррум вуҷуд надошт.Ба таъкиди ӯ, дар кишварҳои пешрафта феълан бекорӣ дар ҳоли афзоиш аст ва ҳамчунин бӯҳрони ҷаҳонӣ шиддат мегирад.Ӯ гуфт, сар задани бӯҳрон дар саҳоҳои асос, " маъалан, ғизо, ин шухӣ нест, инҳо чизҳои ҷиддие, ки ба тамоми низоми равобити иқтисодӣ ва сиёсӣ таъсир мерасонанд".Маврид ба зикр аст, ки баъди оғози амалиёти низомии Русия дар Украина кишварҳои ғарбӣ алайҳи Маскав таҳримоти густурда роҳандозӣ намуданд, ки бахшҳои мухталиф, аз ҷумла молию бонкӣ ва энержиро шомиланд.Мақомоти Русия ҳамчун чораи ҷавобӣ аз эҳтимоли миллӣ кардани ширкатҳое гуфтанд, ки бидуни ироаи кафолат ба истеъмолкунандагон нияти тарки бозори ин кишварро кардаанд.Русия ҳамчунин эълон кард, ки аз уҳдадориҳояш дар робита ба қарзи давлатӣ даст намекашад, онро бо рубл пардохт хоҳад кард. Вазири молияи ин кишвар Антон Силуанов таъкид намуд, ки пардохти қарзҳо бо рубл то замоне давом хоҳад кард, ки дороиҳои кишвар дар хориҷ кушода шаванд. Ӯ зикр намуд, ки захоири тилою асъори Русия, аз ҷумла Хазинаи рифоҳи миллӣ дар хориҷ баста шудаанд ва аз ин рӯ ӯ ин иқдоми Маскав барои пардохти уҳдадориҳо аз рӯи қарзи давлатӣ бо рублро аз рӯи адолат номид.Ахиран дар Кремл изҳори бовар намуданд, ки дар Русия зарфияти кофӣ барои раҳоӣ аз вазъи феълии иқтисодӣ фароҳам аст.
https://sputnik.tj/20220516/davat-pekin-kishvarho-g7-tahrim-ghayriqonuni-dast-kashed-1048481558.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/05/04/1048176969_0:0:2729:2047_1920x0_80_0_0_514254f54550fcaada0ca3864ba930ab.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар русия, владимир путин, иқтисод, таҳрим, хатар
дар русия, владимир путин, иқтисод, таҳрим, хатар
Ин шӯхӣ нест: Путин аз хатари таҳримҳо ба иқтисод гуфт
19:30 26.05.2022 (Навсозишуда: 20:12 26.05.2022) Кишвардори Русия мегӯяд, таҳримҳои ҷоринамудаи Ғарб ба ҳама таъсир мерасонанд. Ӯ гуфт, дар кишварҳои пешрафта давоми 40 соли ахир чунин таваррум вуҷуд надошт
ДУШАНБЕ, 26 май — Sputnik. Владимир Путин, раисҷумҳури Русия гуфт, таҳримҳои мавҷударо набояд чун шӯхӣ қабул кард.
Ӯ гуфт, таҳримҳо ба ҳама таъсир мерасонанд, дар кишварҳои пешрафта 40 сол инҷониб чунин таваррум вуҷуд надошт.
"Новобаста аз он ки иқтисодиёти он кишварҳое, ки чунин сиёсати кӯтоҳандешонаро пеш мебаранд, чӣ қадар устувор бошанд ҳам, вазъи имрӯзаи иқтисоди ҷаҳонӣ нишон медиҳад, мавқеи мо дуруст ва асоснок аст", - тавзеҳ дод роҳбари Русия.
Ба таъкиди ӯ, дар кишварҳои пешрафта феълан бекорӣ дар ҳоли афзоиш аст ва ҳамчунин бӯҳрони ҷаҳонӣ шиддат мегирад.
Ӯ гуфт, сар задани бӯҳрон дар саҳоҳои асос, " маъалан, ғизо, ин шухӣ нест, инҳо чизҳои ҷиддие, ки ба тамоми низоми равобити иқтисодӣ ва сиёсӣ таъсир мерасонанд".
Маврид ба зикр аст, ки баъди оғози амалиёти низомии Русия дар Украина кишварҳои ғарбӣ алайҳи Маскав таҳримоти густурда роҳандозӣ намуданд, ки бахшҳои мухталиф, аз ҷумла молию бонкӣ ва энержиро шомиланд.
Мақомоти Русия ҳамчун чораи ҷавобӣ аз эҳтимоли миллӣ кардани ширкатҳое гуфтанд, ки бидуни ироаи кафолат ба истеъмолкунандагон нияти тарки бозори ин кишварро кардаанд.
Русия ҳамчунин эълон кард, ки аз уҳдадориҳояш дар робита ба қарзи давлатӣ даст намекашад, онро бо рубл пардохт хоҳад кард. Вазири молияи ин кишвар Антон Силуанов таъкид намуд, ки пардохти қарзҳо бо рубл то замоне давом хоҳад кард, ки дороиҳои кишвар дар хориҷ кушода шаванд. Ӯ зикр намуд, ки захоири тилою асъори Русия, аз ҷумла Хазинаи рифоҳи миллӣ дар хориҷ баста шудаанд ва аз ин рӯ ӯ ин иқдоми Маскав барои пардохти уҳдадориҳо аз рӯи қарзи давлатӣ бо рублро аз рӯи адолат номид.
Ахиран дар Кремл изҳори бовар намуданд, ки дар Русия зарфияти кофӣ барои раҳоӣ аз вазъи феълии иқтисодӣ фароҳам аст.