https://sputnik.tj/20220627/kreml-davati-putin-jalasai-g20-1049552013.html
Посухи Кремл ба даъвати Путин барои иштирок дар ҷаласаи G20 маълум шуд
Посухи Кремл ба даъвати Путин барои иштирок дар ҷаласаи G20 маълум шуд
Sputnik Тоҷикистон
Ёвари раисҷумҳури Русия мегӯяд, Маскав ба даъвати ҷониби Индонезия барои иштирок дар ҷаласаи роҳбарони "Бистгонаи бузург" ҳавасмандияшро баён доштаст
2022-06-27T22:20+0500
2022-06-27T22:20+0500
2022-06-28T12:34+0500
дар русия
юрий ушаков
ёвар
индонезия
владимир путин
саммити "бистгонаи калон"
даъват
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103138/80/1031388070_0:0:3085:1736_1920x0_80_0_0_ebb12d87430764638f869c99383c2b9a.jpg
ДУШАНБЕ, 27 июн – Sputnik. Кремл ба даъватномаи президенти Идонезия Ҷоко Видодо, ки хостори иштироки Владимир Путин, раисҷумҳури Русия дар ҳамоиши сарони G20 дар Бали шудаст, посухи мусбат дод. Дар ин бора Юрий Ушаков, ёвари раисҷумҳури Русия ба рӯзноманигорон иттилоъ дод. Нишасти G20 рӯзҳои 15-16 ноябр дар Бали ба нақша гирифта шудаст. "Мо даъватномаи расмиро гирифтем, ки дар пасманзари ҳаводиси охир хеле муҳим аст, чун индонезиҳо таҳти фишори кишварҳои дахлдори ғарбӣ қарор доранду доштанд", - изҳор дошт Ушаков. Ёвари раисҷумҳури Русия илова намуд, ки аллакай даъватнома унвонии Путинро гирифтаанд ва Кремл посухи мусбат дода, ҳавасмандияшро барои иштирок дар ҳамоиш баён доштаст. Мулоқоти роҳбарон ҳузурӣ дар назар аст, аммо пандемия метавонад таъсир дошта бошад, чун бархе кишварҳо ҳанӯз барои рафтуомад пурра боз нашудаанд, гуфт ӯ. Ба гуфтаи Ушаков, ҳамаи ин масоил дар мулоқоти Путин бо Видодо, ки 30 июн дар Маскав дар назар аст, баррасӣ хоҳад шуд. Қаблан Иёлоти Муттаҳидаи Амрико эълон кард, ки дар сурати иштироки Русия дар ҳамоиши роҳбарони "Бистгонаи бузург" аз ширкат худдорӣ мекунад.Аммо мақомдорони аврупоӣ мухолифташонро бо чунин шеваи кор баён доштанд. Аз ҷумла Урсула фон дер Лейен, раиси Комиссияи Аврупо низ мухолифташро ба бойкоти ҷаласаи "Бистгонаи бузург" ба далели иштироки Русия баён дошт.Вай дар мусоҳиба бо ZDF гуфт, ки "Бистгонаи бузург" хеле муҳим аст ва набояд иҷоза шавад, ки муноқиша бо Маскав ба фаъолияти он таъсир расонад.
https://sputnik.tj/20220627/moneaguzor-sholts-jalasa-g20-rusiya-1049534655.html
индонезия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103138/80/1031388070_68:0:2799:2048_1920x0_80_0_0_12d6e35de57f71610bac3e5b0609dd4c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
даъват, ҷаласа, бистгона, бузург
даъват, ҷаласа, бистгона, бузург
Посухи Кремл ба даъвати Путин барои иштирок дар ҷаласаи G20 маълум шуд
22:20 27.06.2022 (Навсозишуда: 12:34 28.06.2022) Ёвари раисҷумҳури Русия мегӯяд, Маскав ба даъвати ҷониби Индонезия барои иштирок дар ҷаласаи роҳбарони "Бистгонаи бузург" ҳавасмандияшро баён кардааст
ДУШАНБЕ, 27 июн – Sputnik. Кремл ба даъватномаи президенти Идонезия Ҷоко Видодо, ки хостори иштироки Владимир Путин, раисҷумҳури Русия дар ҳамоиши сарони G20 дар Бали шудаст, посухи мусбат дод.
Дар ин бора Юрий Ушаков, ёвари раисҷумҳури Русия ба рӯзноманигорон иттилоъ дод. Нишасти G20 рӯзҳои 15-16 ноябр дар Бали ба нақша гирифта шудаст.
"Мо даъватномаи расмиро гирифтем, ки дар пасманзари ҳаводиси охир хеле муҳим аст, чун индонезиҳо таҳти фишори кишварҳои дахлдори ғарбӣ қарор доранду доштанд", - изҳор дошт Ушаков.
Ёвари раисҷумҳури Русия илова намуд, ки аллакай даъватнома унвонии Путинро гирифтаанд ва Кремл посухи мусбат дода, ҳавасмандияшро барои иштирок дар ҳамоиш баён доштаст.
Мулоқоти роҳбарон ҳузурӣ дар назар аст, аммо пандемия метавонад таъсир дошта бошад, чун бархе кишварҳо ҳанӯз барои рафтуомад пурра боз нашудаанд, гуфт ӯ.
Ба гуфтаи Ушаков, ҳамаи ин масоил дар мулоқоти Путин бо Видодо, ки 30 июн дар Маскав дар назар аст, баррасӣ хоҳад шуд.
Қаблан Иёлоти Муттаҳидаи Амрико эълон кард, ки дар сурати иштироки Русия дар ҳамоиши роҳбарони "Бистгонаи бузург" аз ширкат худдорӣ мекунад.
Аммо мақомдорони аврупоӣ мухолифташонро бо чунин шеваи кор баён доштанд. Аз ҷумла Урсула фон дер Лейен, раиси Комиссияи Аврупо низ мухолифташро ба бойкоти ҷаласаи "Бистгонаи бузург" ба далели иштироки Русия баён дошт.
Вай дар мусоҳиба бо ZDF гуфт, ки "Бистгонаи бузург" хеле муҳим аст ва набояд иҷоза шавад, ки муноқиша бо Маскав ба фаъолияти он таъсир расонад.