Набояд монеагузорӣ кард: Назари Шолтс дар бораи ҷаласаи G20 бо иштироки Русия

© Sputnik / Алексей Витвицкий / Гузариш ба медиабонкКанцлер ФРГ Олаф Шольц
Канцлер ФРГ Олаф Шольц - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.06.2022
Обуна шудан
Дар пайи мухолифати раиси Комиссияи Аврупо ба байкоти ҷаласаи "Бистгонаи бузург" бо иштироки Русия садри аъзами Олмон низ дар ин бора изҳори назар кард
ДУШАНБЕ, 27 июн – Sputnik. Кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ҳадаф надоранд, ки ҷаласаи сарони давлатҳои "Бистгонаи бузург" - G20 бо иштироки Русияро халалдор кунанд.
Дар ин бора Олаф Шолтс, садри аъзами Олмон зимни суҳбат аз тариқи шабакаи телевизионии ZDF хабар дод.
"Як чиз рӯшан аст: G20 бояд нақшашро давом диҳад... Фаҳмиши умумӣ вуҷуд дорад, ки мо намехоҳем, кори G20-ро халалдор намоем", - иқтибос овардааст РИА "Новости" аз қавли садри аъзами Олмон.
Ин дар ҳолест, ки ахиран Урсула фон дер Лейен, раиси Комиссияи Аврупо низ мухолифташро ба бойкоти ҷаласаи "Бистгонаи бузург" баён дошт.
Вай дар мусоҳиба бо ZDF гуфт, ки "Бистгонаи бузург" хеле муҳим аст ва набояд иҷоза шавад, ки муноқиша бо Маскав ба фаъолияти он таъсир расонад. Бо вуҷуди ин, вай қайд кард, ки "бизнес"-и одӣ бо Русия кор нахоҳад кард.
Саммит G20  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.03.2022
Вашингтон "Ҳафтгона"-ро бо "Бистгона" иштибоҳ гирифт
Нишасти G20 рӯзҳои 15-16 ноябр дар Бали баргузор мешавад. Қаблан ИМА эълон кард, ки дар сурати иштироки Русия, аз ширкат худдорӣ мекунад. Дар ҳамин ҳол, гуфта мешавад, ки кишвардори Русия ба ин чорабинӣ алакай даъватнома гирифтааст, вале Кремл то ҳол дар ин бора тасмим нагирифтааст.
"Бистгонаи бузург", ки аз охири солҳои 90-уми асри гузашта фаъолият дорад, шомили 20 иқтисоди бузурги ҷаҳон мебошад.
Аз ҷумла Русия, Аргентина, Австралия, Бразилия, Олмон, Ҳинд, Индонезия, Итолиё, Канада, Чин, Бритониёи кабир, Мексика, ИМА, Туркия, Фаронса, Кореяи ҷанубӣ, Ҷумҳурии Африқои ҷанубӣ, Ҷопон, Арабистони Саудӣ ва Иттиҳоди Аврупоро дар бар мегирад.
Лентаи хабарҳо
0