Амали Байден дар нишасти G7 корбарони интернетро хандонд: видео

© AFP/TOBIAS SCHWARZСаммит G7
Саммит G7 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.06.2022
Обуна шудан
Президенти ИМА фармони суратгирро сари вақт нашунид, ки дар нишасти G7 як вазъияти хандаоварро ба вуҷуд овард: ӯро аз ин вазъ Макрон ва Шолтс наҷот доданд
ДУШАНБЕ, 27 июн – Sputnik. Президенти ИМА Ҷо Байден бори дигар дар як чорабинии оммавӣ хиҷолатзада шуд. Ҳодиса дар нишасти G7, ки дар Баварияи Олмон баргузор мешавад, рух дод.
Пеш аз оғози музокирот раҳбарони кишварҳо бояд якҷо аксбардорӣ мекарданд. Байден, ки бо хондани ҳуҷҷатҳо машғул буд, фармони суратгирро сари вақт нашунид.
Дар як видео, ки дар расонаҳои ҷаҳонӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шуд, ширкаткунандагони ҳамоиш ба сӯи дурбин рӯ мегардонанд, аммо раҳбари Амрико чизеро пай набурд.
Дар ин ҳол, садри аъзами Олмон Олаф Шолс ва президенти Фаронса Эммануэл Макрон ба кумаки Байден омаданд. Охирин ба раҳбари Қасри Сафед ба самти суратгир ишора кард ва Шолтс барои ҷалби таваҷҷуҳи ҳамкасби худ имову ишора кард.
"Ҷо, ба ақиб гардед", - гуфт ӯ.
Нишасти G7, ки таҳти раёсати Олмон баргузор мешавад, аз 26 то 28 июн дар қалъаи Элмау ҷараён мегирад. Дар байни онҳое, ки ба чорабинӣ даъват шудаанд, раҳбарони Сенегал, Африқои Ҷанубӣ, Аргентина, Ҳиндустон ва Индонезия ҳастанд.
Брифинг президента США Дж. Байдена - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.05.2022
"Лаҳзаҳои гуворо"-и Байден идома дорад: президенти ИМА ин бор чӣ хато кард?
Дар мулоқот раисиҷумҳури Украина Владимир Зеленский низ тавассути алоқаи видеоӣ ширкат хоҳад кард.
Ёдовар мешавем, ки раҳбари 79-солаи амрикоӣ зуд-зуд ба ҳолатҳои ногувор дучор мешавад.
Чанде пеш вай тасодуфан "варақи фиребгар"-ро нишон дод, ки дар он ҳар як амали ӯ муфассал тасвир шудааст.
Иштибоҳи навбатии Байден: вазири маорифро вакил гуфт
Вай инчунин борҳо ноиби президенти Амрико Камала Ҳаррисро сарвари давлат хонда, номи Владимир Путинро нодуруст талаффуз карда, вожаҳои "ваксинатсия" ва "шиддат" ва ҳамчунин Сурияро бо Либия ва Ироқро бо Эрон омехта кардааст.
Лентаи хабарҳо
0