https://sputnik.tj/20220504/bayden-prezident-imai-khato-1048164485.html
"Лаҳзаҳои гуворо"-и Байден идома дорад: президенти ИМА ин бор чӣ хато кард?
"Лаҳзаҳои гуворо"-и Байден идома дорад: президенти ИМА ин бор чӣ хато кард?
Sputnik Тоҷикистон
Сардори Кохи Сафед бори дигар ба вазъияти ногувор дучор шуд: ин дафъа ӯ натавонист кишвареро, ки давлатҳо ба он силоҳ таъмин мекунанд, дақиқ номбар кунад
2022-05-04T11:39+0500
2022-05-04T11:39+0500
2022-05-04T12:27+0500
има
ҷо байден
вазъи ногувор
иҷтимоъ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/1b/1044424145_0:0:3165:1780_1920x0_80_0_0_9663ba939aac2f1d15e9a4f8ab5e9f17.jpg
ДУШАНБЕ, 4 май — Sputnik. Ҳангоми сафар ба Алабама, ки дар он ҷо барои Киев системаҳои зиддитанкии "Javelin" истеҳсол мешавад, президенти ИМА Ҷо Байден боз ба ҳолати ногувор дучор шуд.Раҳбари ИМА зимни суханронии расмӣ дар назди кормандони корхона Русия ва Украинаро омехта кард. "Пеш аз ҳамлаи Русия мо итминон ҳосил кардем, ки Русия системаҳои "Javelin" ва силоҳҳои дигар дорад, то дифои худро мустаҳкам кунад, то Украина омода бошад", - гуфт ӯ.Ҳамзамон дар навор дида мешавад, ки худи Байден ин хатогиашро пай набурдааст ва гӯё чизе нашудааст. Баъдан зимни суханронӣ раҳбари Кохи сафед буҳрони Украинаро як нуқтаи гардиш дар таърих номид. Чунин ҳодисаҳо, ба гуфтаи ӯ, на бештар аз шаш ё ҳашт сол рух медиҳанд. Ёдовар мешавем, бори аввал нест, ки раҳбари 79-солаи ИМА ба вазъияти ногувор дучор мешавад. Иштибоҳи навбатии Байден: вазири маорифро вакил гуфтМасалан, ӯ борҳо ноиби президенти ИМА Камала Ҳаррисро сарвари давлат гуфта, насаби Владимир Путинро нодуруст талаффуз кардааст, вожаҳои "ваксина", "шиддат" ва ҳамчунин Сурияро бо Либия ва Ироқро бо Эрон омехта кардааст. Ҳамчунин Ҷо Байден пас аз як суханронӣ дар иёлати Каролинаи Шимолӣ дасти худро барои дастфишорӣ ба сӯйи курсии холӣ дароз кард.Дар видеое, ки шабакаи телевизионии NBC "News" нашр кардааст, раҳбари Амрико пас аз анҷоми суханрониаш дар назди тамошобинони зиёд аз ҷамъомадагон дар саҳна рӯй гардонд ва дасти худро ба тарафи касе дароз кард.Дар баробари ин дида мешавад, ки дар паҳлуи Ҷо Байден касе нест. Ин имову ишора ба кӣ буд, рӯшан нест.
има
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/1b/1044424145_182:0:2913:2048_1920x0_80_0_0_e0d38da601bdac4b6fecd52c1375e38c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҷо байден, ҳолати ногувор, вазъи ногувор, президенти има
ҷо байден, ҳолати ногувор, вазъи ногувор, президенти има
"Лаҳзаҳои гуворо"-и Байден идома дорад: президенти ИМА ин бор чӣ хато кард?
11:39 04.05.2022 (Навсозишуда: 12:27 04.05.2022) Раҳбари Кохи сафед бори дигар ба вазъияти ногувор дучор шуд: ин дафъа ӯ натавонист кишвареро, ки давлаташ онро бо силоҳ таъмин мекунанд, дақиқ номбар кунад
ДУШАНБЕ, 4 май — Sputnik. Ҳангоми сафар ба Алабама, ки дар он ҷо барои Киев системаҳои зиддитанкии "Javelin" истеҳсол мешавад, президенти ИМА Ҷо Байден боз ба ҳолати ногувор дучор шуд.
Раҳбари ИМА зимни суханронии расмӣ дар назди кормандони корхона Русия ва Украинаро омехта кард.
"Пеш аз ҳамлаи Русия мо итминон ҳосил кардем, ки Русия системаҳои "Javelin" ва силоҳҳои дигар дорад, то дифои худро мустаҳкам кунад, то Украина омода бошад", - гуфт ӯ.
Ҳамзамон дар навор дида мешавад, ки худи Байден ин хатогиашро пай набурдааст ва гӯё чизе нашудааст.
Баъдан зимни суханронӣ раҳбари Кохи сафед буҳрони Украинаро як нуқтаи гардиш дар таърих номид. Чунин ҳодисаҳо, ба гуфтаи ӯ, на бештар аз шаш ё ҳашт сол рух медиҳанд.
Ёдовар мешавем, бори аввал нест, ки раҳбари 79-солаи ИМА ба вазъияти ногувор дучор мешавад.
Масалан, ӯ борҳо ноиби президенти ИМА Камала Ҳаррисро сарвари давлат гуфта, насаби Владимир Путинро нодуруст талаффуз кардааст, вожаҳои "ваксина", "шиддат" ва ҳамчунин Сурияро бо Либия ва Ироқро бо Эрон омехта кардааст.
Ҳамчунин Ҷо Байден пас аз як суханронӣ дар иёлати Каролинаи Шимолӣ дасти худро барои дастфишорӣ ба сӯйи курсии холӣ дароз кард.
Дар видеое, ки шабакаи телевизионии NBC "News" нашр кардааст, раҳбари Амрико пас аз анҷоми суханрониаш дар назди тамошобинони зиёд аз ҷамъомадагон дар саҳна рӯй гардонд ва дасти худро ба тарафи касе дароз кард.
Дар баробари ин дида мешавад, ки дар паҳлуи Ҷо Байден касе нест. Ин имову ишора ба кӣ буд, рӯшан нест.